иҷтимоиёт
ЧАШМАИ ХАСПОЛО
Чашмаи Хасполо дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷойгир аст. Сабаби Хасполо ном гирифтани онро ба ин нисбат медиҳанд, ки дар саргаҳи он хасҳои хушкшудае ҷамъ мешаванд ва ҳангоми ҷорӣ шудан чашма онҳоро полида – полида мегузарад.
Мардуми деҳа дар бораи ин чашма ва хосиятҳои он нақлҳои аҷибу ғарибе доранд. Якеаш ин аст, ки як марди ин диёр ба деҳаи Рустоқи Афғонистон афтода он ҷо муқимӣ мегардад. Мард фарзанддору давлатманд мешавад. Вақте пиру касалманд мешавад, хумори нӯшидани оби чашмаи Хасполо дар ӯ боло мегирад.
Маълум аст, ки кас вақте бемору бистарӣ мегардад, аз ҳама бештар об мепурсад. Албатта ҳамон оберо, ки зиёд нӯшидаасту ба он одат кардааст. Мард наздиконашро даъват карда, масъалаи овардани оби Чашмаи Хасполоро ба миён мегузорад. «Ман танҳо як орзу дорам, агар аз оби Чашмаи Хасполо як бори дигар нӯш кунам, дигар бимирам ҳам аз дунё беармон меравам!», - мегӯяд ӯ.
Маълум, ки овардани об кори мушкиле буд. Он аз дасти ҳар кас намеомад. Як ҷавони ҷасуре пайдо мешаваду мегӯяд:
- Агар ҳамон оби дилатон мехостаро ҳозир кунам, шумо дар ивазаш ба ман чӣ медиҳед?
- Ҳар чизеро, ки хоҳӣ! – ҷавоб медиҳад мард. Масалан, ҳамин духтари зебоямро ба ту никоҳ карда медиҳам.
Ҷавон ба роҳ мебарояд. Баъд аз чанд вақт ба деҳаи Навобод мерасад ва чашмаро пурсуҷӯ карда меёбад. Вале ӯ обро аз сари чашма нею андаке поёнтар, ҷойе мегирад, ки ба оби чашма ноаён як оби дигар ҳамроҳ мешудааст. Ҷавон чун обро меораду мӯйсафед менӯшад, баъд аз шукргузорӣ мегӯяд:
- Писарам, обро овардию андаке хато кардӣ. Онро на аз саргаҳи чашма, балки каме поёнтар гирифтаӣ. Ба ту духтари калонӣ не, балки хурдиамро медиҳам.
Алихон ЗАРИФӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.03.2017 №: 48-49 Мутолиа карданд: 1167