logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МУҲАББАТ ВА ДУО
Мозес Менделсон, файласуфи яҳуди олмонист, ки айёми зиндагониаш ба солҳои 1729 – 1786 рост меояд. Дар ҷавонӣ чандон ҳусни дилкаш надошт, балки бо қади пасту кӯзпушт буданаш зишту дағал менамуд.
Ӯ боре ба зиёрати як соҳибкор меравад, ки дар шаҳри Гамбург зиндагӣ мекард. Соҳибкор бо номи Фрумте духтаре дошт бағоят соҳибҷамол. Мозеси ҷавон ба духтари соҳибкор дил мебандад. Аммо чандон умед надошт, зеро духтари зебо аз ҳусни безеби ҷавон рамида буд. Бинобар ин, на танҳо ба ишқи Мозес ҷавоб намедод, балки ба рӯяш ҳам нигоҳ кардан  намехост. Вақте соати рафтанаш расид, пеш аз хайрухуш ҷавон тамоми ҷасораташро ҷамъ карда ба духтар рӯ ба рӯ шуд ва матлабашро фаҳмонд. Ҳусну ҷамоли духтар ба ҳадде буд, ки Мозес лаҳзае гумон кард, ки ӯро ҳамин ҳоло аз ҷаннат фиристодаанд. Аммо сар набардоштану ба рӯи ӯ нигоҳ накардани Фрумте ҷавонро хеле озурда кард. Ӯ аз муқовимати духтар ранҷид. Ҷавони дағалнамо ва ошиқи ноумед дар рафти  суханрониаш, ки бо тамоми ҷасораташ оғоз карда буд, ба духтари соҳибкор суоли зебое дод.
- Мегӯянд, ки издивоҷро тақдир муайян мекунад, шумо ба ин бовар доред?
- Бале, бовар мекунам, - гуфт духтар ва чашм аз замин накандаву сар боло накарда, пурсид:
- Шумо чӣ, оё ба ин фикр розиед?
Мозес лаҳзае ҳам тараддуд накарда, ҷавоб дод:
- Албатта, бовар дорам!
- Модари ман ҳангоми ҳомила буданаш, вақте ҳис мекунад, ки дар батнаш писар дорад, чунин дуо мекунад: "Худовандо, бешак, барои ҷигарбанди ман ҳам бо тақдири худ духтаре муайян кардаӣ. Агар дар сурати духтаре, ки оянда азизи ман бо ӯ оиладор мешавад, ягон нуқсу камбудӣ бошад, ҳамон нуқсро ба фарзанди ман бубахш, вале духтари ҳамтақдираш соҳибҷамолу хушрӯ бошад".
Баъди ин суханони Мозес Фрунте сар аз замин бардошту ба умқи чашмони ҷавон нигарист ва дасташро ба сӯи ӯ дароз карда, аз дасти Мозес гирифт… ва баъдтар ҳамсари маҳбуби ӯ шуд.
P.S: Ин қиссаи издивоҷи бобову бибии бастакори машҳури олмонӣ Менделсон аст.
Башир УСМОН


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СИТОИШИ МОДАР
- Рӯзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.
Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз - рӯзи модар аст. Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.

- Аслан сиришти модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.

- Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст.

- Модар гаҳворабони забони адабӣ аст. Бинобар ин, бояд ҳар як зану духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони адабӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин дар бобати поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аҳамияти хоса диҳанд.

- Ба хотири тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷик дар баробари як қатор муқаддасот ман маҳз ба шири сафеди модар, ки неъмати азизтарину бузургтарини ҳаёти инсонист,  қасам ёд карда, масъулияти азимро ба зиммаи худ гирифтаам.
Лашкар ШАРИФ

 


КВОТА ВА НАВҶӮИҲОИ ДУХТАРОНИ ТОҶИК
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки духтарон соҳиби ихтисосҳои камёфт, аз қабили информатика, энергетика, металлургӣ,  геологӣ,  муҳандисӣ, дипломатия ва менеҷмент низ шаванд.
 
Квотаи президентӣ, ҳамчунин барои духтарон имкони таҳсил дар факултетҳои иқтисодӣ, электроника, молия, тиҷорат, ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ ва дигар  ихтисосҳои техникӣ имконияти васеъ фароҳам овард. Дар соли таҳсили  2016 - 2017 барои духтарон ҷиҳати аз бар намудани  ихтисосҳои ба талаботи бозор мутобиқ, аз ҷумла информатика, энергетика, муҳандисӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои барои   иқтисоди кишвар муҳим ҷойҳои зиёдтар ҷудо гардид. Инчунин, дар соҳаҳои омӯзгорию тиббӣ  барои духтарон афзалият дода шуда, аз рӯйи ихтисосҳои мухталифи соҳаи омӯзгорӣ - 470 ва ихтисосҳои соҳаи тиб - 55 ҷойҳо ҷудо гардиданд. 
Танҳо дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз соли 2007 то соли 2015 - 3862 нафар духтарон аз рӯйи ихтисосҳои информатика, менеҷмент, иқтисод, физика, химия ва биология, технология ва ташкили ҳаракати автомобилӣ таҳсил намудаанд. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бошад, аз рӯйи ихтисоси информатика дар давоми солҳои 2007 - 2014  - 1165 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар Донишкадаи давлатии энергетикии Тоҷикистон тайи солҳои 2008 - 2015 404 нафар духтар дар факултаҳои электроэнергетика ва электромеханика ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
М. ТАБАРӢ


КУШКИ МУҲАББАТ
Қалъаи Болдт, ки зодаи ишқу муҳаббат мебошад, дар яке аз ҷазираҳои  дарёи Лаврентийи Муқаддаси иёлати Ню-Йорки ИМА қомат афрохта, алъон ба макони сайругашти миллионҳо сайёҳон табдил ёфтааст.
Кушки шашошёна, ки дар масоҳати 2 гектар доман густурда, аз 120 ҳуҷра, нақбҳо, кӯпруки бозшаванда ва боғҳои сохти италиявӣ иборат аст, шукӯҳу шаҳомати хоса дорад. Он аз ҷониби амрикоии олмонитабор Ҷорҷ Болдт, ки нисбати ҳамсари азизаш Луиза  меҳри беандоза дошт, соли 1904 бунёд мегардад. Ӯ ният дошт, ки дар баробари қалъа боз 10 бинои дигар низ бисозад ва ин маҷмааи боҳашаматро дар рӯзи Валентини Муқаддас ба завҷаи меҳрубонаш туҳфа намояд. Вале, мутаассифона, Луиза  бар асари бемории вазнин вафот мекунад. Ҷорҷ ба ғаму андӯҳ фурӯ рафта, аз идомаи сохтмон даст мекашад.  Танҳо пас аз гузашти 73 сол – 1977  ҳукуматдорони маҳаллӣ онро харида, таҷдиду азнавсозӣ мекунанд.
Қалъаи Болдт чун макони ошиқон низ шуҳрат дорад, зеро ҳанӯз ҳам қадами дилдодагон аз он канда нашудааст ва онҳо ба хотири ақди никоҳ бастан, рӯ ба ин «кушки меҳру муҳаббат» меоваранд.
Ш. ШОКИР


ГУЛ. ОНРО ЧӢ ГУНА БОЯД ТАҚДИМ КАРД?
Аз рӯйи қоида тавсия дода шудааст, ки гулро бидуни бастабандӣ тақдим намоянд. Вале, чун нигоҳ доштани гулҳои нобаста нисбатан душвортар аст, ҳангоми вохӯрӣ тақдим намудани гули бастабандишуда тавсия дода мешавад.
Мувофиқи қоида гули қоғазпечро дар дасти чап ва рост нигоҳ дошта, ҳатман бо хушгӯие туҳфа бояд намуд.
 Агар гулро шахсан тақдим карда натавонед, ҳатман ба дохилаш мактуберо гузоред, ки бо суханҳои гарму самимӣ таманниёти неки шуморо ифода намояд.
Таҳияи Л. ШАРИФ


МОДАРИ БУЗУРГВОРИ ТОМАС
Ба модари пажӯҳишгари маъруф Томас Эдисон ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна номае расид. Модар бо сиришки шашқатор номаи пур аз истеҳзоро хонд. Дар он гуфта мешуд: «Фарзанди шумо оқилу фарзона аст. Азбаски лаёқату зеҳни ӯ аз ҳамсолонаш дида бештар рушд кардааст, маслиҳат медодем ба таълиму тарбияи ӯ худатон машғул шавед»...
Аз марги модар солҳо сипарӣ гардид. Томас ҳамчун олим ва ихтироъкор машҳур гашт. Рӯзе ҳангоми азназаргузаронии бойгонии хонааш номае ба дасташ расид, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Писари шумо нодон ва зеҳнаш ақибмонда аст. Мо дигар имкони бо дигар талабагон дар як синф таълим додани ӯро надорем. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки худатон мустақилона дар деҳа ба таълиму тадриси ӯ машғул шавед».
Баъди хондани ин нома Томас Эдисон оҳу шеван кард. Сахт асабонӣ ҳам шуд ва ҳамоно сари мизи корӣ нишаста, дар дафтари хотироташ чунин навишт: «Томас Алва Эдисон навраси нодон ва ақибмонда буд. Танҳо ба шарофати модари қаҳрамонаш, ӯ яке аз нобиғаҳои асри худ гашт».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ЗАНҲОИ СОҲИБМАРТАБА
Модарони тоҷик  дар баробари тарбия намудану ба воя расондани фарзанд, дар рушду инкишофи соҳаҳои мухталиф саҳми  созгор доранд. Мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳои адабие, ки як зумра модарони тоҷик  сарфароз  шудаанд, аз нақши муҳим  доштанашон дар рушди адабиёти тоҷик гувоҳӣ медиҳанд. Эшон ба асарҳои худ чун фарзандони маънавиашон муносибат менамоянду онҳоро дӯст медоранд.
Зулфия Атоӣ, Ҳадиса Қурбонова унвони Шоири халқӣ доранд. Марямбонуи Фарғонӣ аз байни адибон ягона зане ҳаст, ки Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айниро соҳиб шудааст. Шаҳрияи Адҳамзод,  Нуқраи Суннатиён ва Раънои Мубориз ба Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода сарфароз шудаанд.
Гулчеҳра  Сулаймонӣ ва Фарзона (Иноят Хоҷаева)  аз зумраи бонувонеанд, ки дар баробари Шоири халқии Тоҷикистон шинохта шуданашон, бонуфузтарин мукофот - Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро соҳиб гардидаанд.
Анора Остонова Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон аст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ТО ФАРЗАНД НАМИРАД...
Дар бораи қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои модарон  нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд.
Муҳаббати модарӣ ба зан чунон қуввае  мебахшад, ки ҳамто надорад.
Модар қодир аст барои наҷоти фарзандаш худро қурбон намояд. Моҳи августи соли 2014 дар деҳаи Малинии Ҳиндустон заминлағзиши бузурге рух дод. Дар натиҷаи он даҳҳо хонаҳо валангор гаштанд. Наҷотдиҳандаҳо аз зери хок садҳо ҷасад берун меоварданд. Аз хонаи зеризаминмондае   садои баланди зан ба гӯш мерасад. Наҷотдиҳандаҳо ҳангоми кумак ба  ин зан шоҳид гардиданд, ки ӯ тӯли  24 соат сақфи хонаро бо шонаҳояш дошта, тифли навзодашро наҷот бахшидааст.
Дар яке аз биноҳои дигар  ҷасади модареро ёфтанд, ки бо дасту пояш заминро маҳкам дошта шах шуда буд. Яке  аз наҷотдиҳандаҳо хост, ки ҷасадро ба роҳат хобонад, вале аз зери шиками модар тифли зиндаи 3 - моҳаро ёфтанд. Таги рӯпечи тифл телефони мобилиро ёфтанд, ки дар саҳифаи паёмакҳояш чунин нигошта шудааст:  «Писарам, агар ту зинда мондӣ, бидон, ки ман туро хеле ҳам дӯст медорам».
Анҷелой Кавалло, шаҳрванди амрикоӣ, соли 1964  баҳри наҷоти писараш, ки зери автомобил қарор дошт, мошини Шевролети 1350 килограммаро 5 дақиқа бардошта истод,  то писараш  аз зери мошин берун ояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЗАН. АЗ МОҲ СУРАТ В-АЗ ОФТОБ НУР
Дар асотири бостонӣ ривояте дар бораи чигунагии офариниши зан аст, ки он чӣ аз лиҳози балоғат ва чӣ аз ҷиҳати маонӣ аз тамоми он қиссаҳое, ки дар бораи зан ва табиати ӯ гуфта шудааст, мақоми баландтарро доро буда, посухгӯи ҳамаи пурсишҳои шумост.

Дар устура омада:
Офаридгор дар ибтидо олам, осмонҳо, замин ва тамоми мавҷудоти онро офарид, сипас мардро халқ фармуд. Ҳангоме ки хост занро биофарад, тааммул кард.
Сипас, аз моҳ сурат ва зебоӣ, аз офтоб  тулӯъ ва нурафшонӣ, аз ситораҳо фурӯзонию чашмакзанӣ, аз абрҳо ашк, аз гулҳо ранг, аз шохаҳо алвонҷу майл кардан, аз насим лутфу навозиш, аз варақ сабукӣ, аз наботот раъшаву ларзиш, аз баҳр мадду ҷазр, аз оташ ҳарорат, аз барф сардӣ, аз оҳу чашмон, аз харгӯш тарс, аз кабӯтар садо, аз асал лаззат, аз алмос салобат, аз паланг хашму қувват, аз тилло дурахш, аз турна нифоқ, аз булбул нағмасароӣ, аз ғизол наззора, аз шабнам рутубат, аз бунафша  накҳат, аз баҳор лабханд  баргирифт. Ин ҳамаро ба ҳам даромехту сиришти  занро офарид.
Аз арабӣ тарҷумаи Мунаввари САФАР


ДИЛИ МОДАР
Мо барои озодии миллат ва ободии кишвар, пеш аз ҳама, ба модарони солиму огоҳ ниёз дорем.
Наполеон
***
Ҳеҷ чиз ба андозаи як дидани модар, вақте ки тифлашро дар оғӯш дорад, рӯҳпарвар нест ва ҳеҷ чиз ҳусни эҳтирому ситоиши маро ба қадри ҳолати модаре, ки кӯдаконаш ӯро иҳота кардаанд, бедор намекунад.
Гёте
***
Намуна ва сармашқе, ки мудом дар баробари дидагони тифл қарор дорад, модар аст.
Самуилс
***
Дили модар зеботарину ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзандаш сафед шуда бошад.
Стифер
***
Ҳеҷ кас дар зиндагии худ наметавонад муҳаббате амиқтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати фарзанди худ биёбад.
Балзак
***
Модарон ҳамеша мебахшанд ва гӯӣ барои ҳамин ба дунё омадаанд.
Александр Дюма
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ


57 ЗАНИ КАЙҲОННАВАРД
Дар аҳди шӯравӣ ҳамагӣ ду нафар зан ба кайҳон парвоз карда буданд – Валентина Терешкова ва Светлана Савитская. Пас аз пошхӯрии иттиҳод Елена Кондакова ҳамчун намояндаи Федератсияи Русия ба кайҳон баромад. Ҳамчунин, ба кайҳон ду зани чинӣ, як ҷопонзан аз Канада, бонувон аз Фаронса, Корея ва Британияи Кабир низ парвоз кардаанд.
Аз ҳама бештар занони амрикоӣ ба кайҳон баромадаанд. Шеннон Лусид, Бонни Данбар, Тамара Ҷерниган, Ҷенис Восс, Марша Айвинс, Сюзан Хелмс ба кайҳон панҷ маротибагӣ парвоз намудаанд. Аввалин амрикоизане, ки пас аз Валентина Терешкова ба кайҳон баромад, Салли Райд буд. Райд дар солҳои 1983 ва 1984 чордаҳ шабонарӯз дар кайҳон буда, ба таҳқиқот машғул шудааст. Чорумин зани кайҳоннавард Ҷудит Резник баъд аз парвози дуюмаш аз само ба замин барнагашта, ҳамроҳи шаш нафар ҳайати киштии кайҳонӣ 28 январи соли 1986 бар асари суқути садамаи киштии кайҳонии «Челленҷер» ба ҳалокат расид. Кэтрин Дуайер Салливен аввалин занест, ки ба фазои кушод баромадааст.
Бисту дуюмин зани кайҳон-навард Сузан Ҷейнс Хелмс мебошад, ки соли 2001 бо ҳамроҳии Ҷеймс Восс, дар фазои кушод 8 соату 56 дақиқа мондаанд. Айлин Мари Коллинзи амрикоӣ нахустин зан дар таърих ба шумор меравад, ки сарнишини киштии кайҳонӣ гардида, дар рӯйхати кайҳоннавардзанон дар ҷойи 28 – ум қарор гирифтааст.
Хулоса, то ҳоло 57 зани кайҳоннавард тавассути киштиҳои гуногун озими фазо шудаанд. То имрӯз 7 тан аз онҳо дар пайи иттифоқоти гуногун фавтидаанд. Чор танашон дар садамаҳои киштиҳои кайҳонӣ ва ду тани дигар аз беморӣ дунёро падруд гуфтаанд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ЭЛИЗА ДЕРОШ ВА ПАРВОЗИ РЕКОРДИИ Ӯ
Элиза ҳунарманди касбӣ буд. Дар синни 20 - солагӣ дар доираи  ҳунармандони театру кино бо тахаллуси «Баронесса де Ларош» маъруф мегардад.
Боре шиноси ӯ - сарнишин Шарл Вуазен ба Элиза пешниҳод мекунад, ки ҳамроҳ бо тайёра сайр кунанд. Парвоз ба ӯ хеле писанд меояд ва аз  Вуазен хоҳиш менамояд, ки маҳорати рондани тайёраро барояш биомӯзонад. Машқу тамринҳо барабас нарафтанд. 22 октябри соли 1909 ба Элиза муяссар шуд, ки ҳавопайморо мустақилона ба ҳаво барорад. 8 марти соли 1910 Федератсияи байналмилалии ҳавонавардӣ ба ӯ барои иҷро намудани парвоз иҷозатнома дод ва Элиза дар ҷаҳон ҳамчун аввалин зани сарнишин эътироф гардид. Аз ҳамон рӯз Элиза шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард.
Бояд гуфт, ки ин бонуи шуҷоъ борҳо дар мусобиқаҳои ҳавопаймоӣ ширкат варзида, ғолиб гаштааст. Байни бонувон рекорди давомнокии парвоз (323 километр) ва баландии парвоз (4800 метр) – ро  гузоштааст.
Барои гиромидошти хотираи ӯ дар фурудгоҳи «Ле Бурже» - и Париж муҷассамаи Элизе Дерош гузошта шудааст.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


МОДАР - АВВАЛИН ТАБИБ
Олимон зинаҳои гуногуни зиндагии  одамони замони ибтидоиро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки аввалин табиби инсон модарон будаанд. Зеро, маҳз модар ҳамеша аз ҳолати кӯдакаш огоҳ буда,  ҳангоми бемор шудан аз тамоми роҳу усул истифода мекард то кӯдакашро ба ҳолати пештара баргардонад. Барои ин рустаниҳои муфидро меҷусту ба кӯдакаш мехӯронд ва ё ба захмҳои гуногуни баданаш мемолид. Албатта, модарон на дар ҳама ҳолатҳо кӯдакони худро наҷот дода метавонистанд, аммо ҳар як чораи андешидаи онҳо ин таҷрибае буд, ки оҳиста - оҳиста ба ташаккули илми тиб оварда расонд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2017    №: 50    Мутолиа карданд: 1061

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед