logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. ОНРО БА КИШВАРИ САНОАТӢ - АГРАРӢ ТАБДИЛ ДИҲЕМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.
Мақсад аз овардани нуктаҳои боло он аст, ки Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ - саноатӣ  ба кишвари саноатӣ - аграрӣ табдил диҳем.
Баъди дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар соҳаи саноати сабук пешравиҳои назаррас мушоҳида мешаванд. Хоса дар ноҳияи Данғара ба пешрафти ин соҳа диққату масъулияти махсус зоҳир шуда, дар ин самт ҷаҳиши бузурге ба амал омад.
Марҳилаи аввали корхонаи ресандагии ҶСП «Чунтай – Данғара Син – Силу Текстил» (Роҳи нави абрешим)  бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ба истифода дода шуда, бунёди марҳилаҳои аввали корхонаи ресандагии ҶДММ «Эвразия - текстайл - Данғара», бунёди марҳилаи дуюми истеҳсолоти ресандагии ҶСП «Чунтай - Данғара Син - Силу - Текстил» соли 2016 ба нақша гирифта шуда, истифодадиҳии онҳо соли 2017 дар назар дошта шудааст.
Корхонаи мазкур аллакай 600 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардааст.
Корхона дорои 3 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ бо коркарди беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо истеҳсоли зиёда 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, рангуборкунии 10 ҳазор тонна ришта ва даври ниҳоӣ - дӯзандагӣ бо истеҳсоли 1 миллион дона  маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ пешбинӣ  гардидааст.
Бунёди марҳалаи аввали корхона бо иқтидори 26 ҳазор тонна нахи пахта моҳи январи соли 2015 оғоз гардида, васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ бо ҷалби мутахассисони ширкати «Ритер» - и Швейтсария дар коргоҳи якум бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта пурра ба анҷом расид.
Шароити мусоиди корӣ, маоши хуб, бо нақлиёти мусофиркаш таъмин намудани коргарон, риояи интизоми хуби корӣ занону духтарони зиёди бекори ноҳияи Данғара, минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлонро ба ин коргоҳи азим овардааст.
Дар сурати пурра амалӣ гардидани нақшаҳо дар корхонаи мазкур 6 ҳазор ҷойи нави корӣ барои шаҳрвандони мамлакат муҳайё мегардад.
Раҳмон ГУЛОНОВ, 
раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2017    №: 50    Мутолиа карданд: 1124

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед