logo

иҷтимоиёт

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ БУД

«Нусратулло Махсум ба маънои томаш ҷонфидои миллати тоҷик буд. Ба подоши  хизматҳои  шоиста ва талошҳои худ ҷиҳати эҳёи давлатдории тоҷикон гирифтори тӯҳмату бӯҳтон ва қурбони беадолатиҳои шовинистиву  бадхоҳони халқи тоҷик гардид».
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар бораи Нусратулло Махсум - Қаҳрамони Тоҷикистон мақолаҳо, қиссаҳо ва нақлу ривоятҳо ниҳоят бисёранд. Хоса дар замони соҳибистиқлолӣ, ки қаҳрамонҳои воқеӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум муаррифӣ гардиданд, ин гуна ёдномаву хотираҳо ба тадриҷ афзуданд. Аммо, ҳанӯз бисёр паҳлуҳои ҳаёти Нусратулло Махсум нокушода мондаанд ва зарур аст, ки олимони соҳаи таъриху сиёсатшиносӣ барои равшан намудани соярӯшанҳо иқдом кунанд. Нусратулло Махсум қаҳрамони миллати сарфарозу куҳанбунёди соҳибтамаддун аст ва ҷавонони саодатманди замон бо истифода аз корномаи вай дар рӯҳияи ватандориву ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия меёбанд.
Чароғи нурофарини писарони Ватан сеҳре дар парда дорад, ки тилисми ношикастаниро мемонад. Ин чароғҳо дар тӯли ҳаёт маротибаҳо аз дасти душманони миллати тоҷик шикаста шудаанд, вале нури онҳо алайҳи ҳодиса ба тадриҷ афзудаву дар осмони илму маърифат нурафшон боқӣ мондааст.
Дар урфият мегӯянд, ки ҳар андуҳеро оқибат шодиву ҳар шодиеро мунтаҳо ғам аст. Гӯё аз ин омил дунё кайҳо боз хабар медиҳад, ки шомеро саҳареву ҳар саҳареро шом аст. Оини зиндагонӣ ҳам ҳамин будааст. Ҳаёти Нусратулло Махсум низ бо ғаму шодӣ омезиш ёфтааст. Вале, ғаму шодии ин марди накӯном ба мисли ду пайроҳаи беохир аз худ асар гузоштааст. Дар оини донишомӯзӣ ва роҳнамоии насли ҷавон ба зиндагии шоиста мардумони шарқро усули суннатие боқӣ мондааст, ки шоистаи дастгирист. Дар таълиму тарбияи ҷавонон нақлу ривоятҳои таърихӣ, сиёсати пешгирифта ва роҳандозишуда, одобу ахлоқи шахсиятҳои барӯманди муқаддам иқтибос мешаванду ҷавонони зираку закӣ ба онҳо пайравӣ менамоянд. Ҳаёти Нусратулло Махсум, корномаи беҳамтои вай барои насли ҷавони имрӯза саропо панд аст. Гуфтаҳо ва кардаҳои вай ҳанӯз ҳам замонавӣ ва қобили қабул боқӣ мондаанд ва хоҳанд монд.
 Нусратулло Махсум тамоми солҳои кориаш барои ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории тоҷикон, ахлоқи поки инсонӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва ғайра талош кардааст. Ӯ аслан ашхоси мансабдоре, ки танҳо барои дар майдони давлатдорӣ бо савлату ҳашмат зиндагӣ кардан ва моликияти ҷамъиятро ба манфиати худ тороҷ менамуданд, чашми дидан надошт. Онҳоеро, ки манфиати шахсиашонро аз манфиати халқ боло мегузоштанд, зери тозиёнаи танқид мегирифт. Дар яке аз вохӯриҳояш  бо аҳли ҷамоатчигӣ зикр менамоянд: «Мутаассифона, ҳоло кормандоне дар сатҳи маҳал фаъолият менамоянд, ки мақсадашон танҳо харидории як маркаби хуб аст, на кумак ба халқу миллат. Бо ин зуҳуроти номатлуб бояд мубориза бурд. Ва аз ин «ҳамсафарон» халос шудан лозим аст. Ба ин мақсад танҳо бо ёрии деҳқон ва меҳнаткашони маҳаллӣ ноил шуда метавонем».
Инчунин, Нусратулло Махсум дар ҳамон давраҳои ҳассоси таърихӣ дар самти баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқии занон диққати ҷиддӣ додааст. Ӯ, ки дар муҳити аморати Бухоро ва хонигарии Қуқанд ба воя расида, беҳуқуқиҳои занро хуб медонист, баъди барқарор гардидани ҳукумати Шӯравӣ ба ҳайси як роҳбари кордон мехост дар ҷомеаи навин мақоми зан боло бошад. Яъне зан-модар тавонад дар тамоми корҳо паҳлуи мар-дон фаъолият намояд. Ҳамин буд, ки атрофи муҳимии ин масъала садо баланд кард: «Асоси сиёсати пешгирифтаи мо ин баробарҳуқуқии зану мард мебошад».
Дар урфият мегӯянд, ки «ҳамсояи хуб аз хеши наздик беҳ аст.» Ва ё «хонаи ҳамсоя тинҷ бошад, ту осуда сар ба болин мегузорӣ». Инро метавон  дар мисоли давлатдорӣ низ гуфт. Яъне, муносибати хуб бо ҳамсоягон метавонад ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар шароит фароҳам орад. Ҳамсоякишварҳои мо агар ноором бошанд, нигаронии мо бештар мегардад. Оид ба муносибатҳои аҳлона бо ҳамсоякишварҳо ва қавму миллатҳои минтақа таъкид намудааст: «Ҳадафи асосии сиёсати миллии мо ин ҳатман аз миён бардоштани нофаҳмиҳои мавҷуда байни қавму миллатҳои ӯзбеку тоҷик, ӯзбеку қирғиз ё қазоқ мебошад. Бе муносибати аҳлона ва ҳамсоягии неку бародарона наметавонем роҳи ҳалли мушкилоти байниҳамдигариро дарёфт намоем».
Нусратулло Махсум ба ҳайси як фарзанди фидоии миллат ҳамеша орзу дошт, ки миллати соҳибтамаддуни ӯ соҳибдавлат бошад ва марзу буми аз ниёгон меросмондаро соҳибӣ кунад. Ҳамин буд, ки баъди барқарор гардидани сохти нави давлатдорӣ ва фароҳам омадани шароити мусоид барои амалӣ намудани ормонҳои худ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш талош кардааст. Маҳз бо талошҳои пайвастаи ӯ ва дигар родмардони Ватан тоҷикон тавонистанд дар ҳайати  ИҶШС як ҷумҳурии бо номи миллат иртиботдоштаро таъсис диҳанд. Нусратулло Махсум дар он солҳои душвор роҳбариро ба дӯш гирифта, барои таҳкими ваҳдати миллӣ, устувории давлати тоҷикон саъй намудааст. Ин бузургтарин хизмати ӯ ба миллат буд.
Бахтиёр МУРОДОВ, ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2017    №: 50    Мутолиа карданд: 1131

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед