logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР БА СИФАТИ КОР

Пешрафти ҳар минтақа ё шаҳру навоҳӣ ба рушди инфрасохтори роҳу коммуникатсия вобастагӣ дорад. Дар ин самт таъмиру азнавсозии кӯчаву хиёбонҳои пойтахти кишвар низ марҳила ба марҳила вусъат меёбад.
Масалан, аз моҳи январи соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии кӯчаи М. Маҳмадалӣ (аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи Қаҳҳоров) оғоз гардид. Аз рӯйи нақша сохтмон ва таъмири 1,87 километр роҳи автомобилгард, 3,74 километр роҳи пиёдагард бо дарозии 1,4 километр ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ ба роҳ монда мешавад. Айни ҳол аз ҷониби паймонкор - Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сохтмону таъмир» корҳои таҷзия ва насби ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ, канорасангҳо ва кашидани хати алоқа ҷараён дорад. Бинобар оғози корҳо ҳаракати нақлиёт аз 6 феврал то 25 декабри соли равон муваққатан қатъ гардид. Аз муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт даъват ба амал оварда шуд, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки роҳи мазкур мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид кунанд, барои маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёт аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкуниро гузоранд.   
Бунёди кӯчаву шаҳрак бо назардошти расидан ба ҳадафи олии давлату Ҳукумат – фароҳам  овардани шароит барои зиндагии шоистаи сокинон ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад. Дар баробари бунёди роҳи олисифат ва дигар инфрасохтори коммуникатсионӣ сабзкории роҳу гулгаштҳо бо таъмини равшанӣ яке аз талаботи асосии шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар кӯчаи навбунёд сабзкории канори роҳ дар дарозии 1 470 метр бо шинондани дарахту буттаҳо дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, насби чароғаки роҳнамо дар як қитъа ва 126 адад аломати бехатарии роҳ тариқи гузарондани ноқили барқӣ ва 63 адад сутун бо 126 чароғак дар ободу зебо гардидани пойтахт нақши муҳим мегузорад. Васеъ кардани роҳ аз ҳисоби кӯчондани биноҳои истиқоматӣ ба роҳ монда мешавад.  
Тавре аз муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» иттилоъ доданд, айни ҳол дар пойтахт дар 17,82 километр роҳҳои автомобилгард корҳои сохтмону азнавсозӣ ҷараён доранд, боз таъмири 7,58 километр роҳ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла кӯчаҳои М. Турсунзода, Ф. Ниёзӣ ва роҳи партовгоҳи шаҳрӣ азнавсозӣ мешаванд. Дар кӯчаҳои Шероз ва Ҷ. Икромӣ таъмири асосӣ гузаронда мешавад.
Муҳим он аст, ки дар раванди татбиқи корҳои сохтмонӣ сифати кор ба дараҷаи олӣ анҷом дода шавад, зеро яке аз омилҳои суст ба роҳ монда шудани азнавсозии роҳу инфрасохтори коммуникатсионӣ дар  шаҳри Душанбе бесабаб тӯл кашидани ҷараёни сохтмону таҷдиди роҳҳо мебошад. Илова бар ин, сифати корҳои анҷомдодашуда ба талаботи замони муосир мутобиқат намекунад. Ин ва дигар масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ дар мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони пойтахт мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Махсус зикр шуд, ки минбаъд ба ҳаллу рафъи проблемаҳои ҷойдошта дар пойтахти кишвар эътибори аввалиндараҷа дода шавад. 
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2017    №: 50    Мутолиа карданд: 1080

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед