logo

сиёсат

ОИНАДОРИ ТАЪРИХ. ДАР ҲОШИЯИ КИТОБИ «ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР»-И ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

«Чеҳраҳои мондагор» консепсияи хоси Пешвои миллатро дар шинохти нақш ва ҷойгоҳи чеҳраҳои таърихиву фаҳангӣ муайян мекунад. 

Мақолаҳое, ки дар он фароҳам омадаанд, ба сарнавишти шахсиятҳои баргузидаи таърихи тоҷикон, пеш аз ҳама, ҳамчун субъекти таърихи миллат нигариста, чеҳраи онҳоро дар заминаи усулҳои иҷтимоиву фарҳангии маърифати шахсият ба қалам кашидаанд. Бинобар ин, таҷассуми моҳияти сарнавишти инсонӣ ва фарҳангии ин гуна шахсиятҳо арзиши  хос пайдо кардааст, онҳоро ҳамчун намунаи арзишҳои таърихии  сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ , ки сарнавишташон аз рӯзгори таърихӣ ва муосири тоҷикон ҷудо нест, ба назар менамоёнанд.
Муаллиф дар офариниши чеҳраи шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ даставвал ба ин нукта таваҷҷуҳ кардаанд, ки он афрод сарнавишти худ ва миллаташонро  чӣ гуна сохтаанд ва чӣ гуна метавонанд ба имрӯзу ояндаи меросбаронашон ба василаи андешаҳову ормонҳояшон таъсири созанда бирасонанд.
Пешвои миллат дар ин замина дар хитоб ба хонанда таъкид мекунанд, ки: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб фориғ аз кори давлатдорӣ  ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ  ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон  маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд.
Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон ифтихор намоему дар бораашон ҳарф занем. Ин раҳнамоии солеҳона ормонҳои созандаи Сарвари давлатро дар шинохти таърих ва сарнавишти фарзандони барӯманди он собит мекунад. Ин тамоюли фикрӣ дар инсон мавҷуд будани  ҳадафҳои муайяни созанда, равиши пешрав ва намунаҳои ибратангези қобили пайравӣ ва ибратпазирро дар назар дорад. Ин гуна ормонҳо ба миллат ва наслҳои он ёрӣ мерасонад, ки ҳастии худро муайян кунад, дар зиндагӣ ҷойгоҳашро шиносад, хислат, эътиқод ва дараҷаашро таъйин намояд. Омӯзаҳои Пешвои миллат дар шинохти моҳияти зиндагии инсонӣ ва фарҳангии шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ идеалсоз буда, наслҳоро барои шарофатмандона зистану фаъолият кардан омода месозад.
Моҳияти ҷустуҷӯҳои Сарвари давлатро дар ин замина суханони зерини ӯ дақиқ бармало менамояд: «Ба гузаштаи дури миллати худ рӯ оварда, мо фақат маълумотнома, санад ва мадорики таърихӣ ҷамъ намеоварем, балки беҳтарин, шоёнтарин ва гиромитарин андеша, афкор ва рӯйдодҳои сарнавишти миллатамонро барои такомули хушбинонаи имрӯзу ояндаи халқамон ва бунёди як ҷомеа ва давлати навин меомӯзем, истифода мекунем.
Зеро ҳеҷ миллате бе донистан, омӯхтан ва фаро гирифтани арзишҳои маънивию ахлоқии гузашта ва хотираи таърихии худ наметавонад рушду густариш ёбад».
Таҷрибаи таҳқиқи Пешвои муаззами миллат дар ин китоб ба парвариши созандаи ифтихороти миллӣ ва ватандорӣ дар се асл таъкид дорад. Асли аввал, ибратпазирӣ аз таърихи пуршебу фароз, вале пурифтихори гузашта, асли дувум, забон ва фарҳанги миллӣ ва ниҳоят сарнавишти чеҳраҳои барозандаи таърихиву фарҳангӣ. Дар ин замина  ба масъалаҳои ибрати таърих, сабақҳои он бештар диққат додани муаллиф, пеш аз ҳама ҳадафи волои хифзи асолати миллӣ ва таърихиву фарҳангии тоҷикон мебошад. Вақте ки мақолаҳои китобро мутолиа мекунем, дармеёбем, ки дар фаъолияти чеҳраҳои муҳими таърихи тоҷикон нуктаҳо, ҳикматҳо ва омӯзаҳои созандае ҳаст, ки барои имӯз ва фардои миллат, бахусус насли ҷавонамон ибратомӯзанд.
 Нависандаи бузурги рус Лев Толстой навишта буд, ки: «Суоли асосии қалби ман ин аст: Ту чӣ гуна инсонӣ? Ва аз инсонҳои дигаре ки ман мешиносам, чӣ фарқе дорӣ ва ба ман дар бораи он ки ба зиндагӣ чӣ гуна бояд нигарист, чӣ ҳарфи тозае гуфта метавонӣ?». Ин суханон назари зеҳнии моро ба ҷустуҷӯҳои муаллифи китоб мутаваҷҷеҳ месозад. Дармеёбем, ки муаллиф дар ҳамаи мақолоти китоб, пеш аз ҳама ба мушаххасоти зиндагинома ва корномаи таърихиву фарҳангии чеҳраҳое, таваҷҷуҳ кардаанд, ки марбут мешавад ба эҳёи ормонҳои миллӣ ва давлатдориву фарҳангпарварии миллати тоҷикон.
Дар мақолаи «Бунёдгузори давлатдории мутамаддин» шахсият ва андешаву орои Куруш мавриди назар қарор гирифтааст ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи миллӣ, гузаштаву имрӯзу фардои тоҷикон нишон  дода шудааст. Сарнавишти Куруш дар мабнои воқеиятҳои таърихиву фарҳангӣ арзёбӣ шуда, бо замони мо пайванди бевосита пайдо мекунад, зеро аҳамияти миллӣ дорад. Манзараи зиндагии инсонҳои бузурге мисли Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад (с) Имоми Аъзам (рҳ), Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода ҳамеша тамошогоҳи зебоӣ ва манзараи ибратпазирест, ки рӯҳро тақвият ва фаъолиятро таҳрик мебахшанд. Аз ин ҷиҳат, аксаран таҳқиқ ва тафсири чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ аз тариқи шинохти моҳияти маънавии зиндагиномаи онон ва таносуби он бо воқеиятҳои сиёсиву иҷтимоии замони гузашта ва имрӯз анҷом гирифта, фазилатҳои муҳими инсонии муҳаббат ба Ватан, миллат, ҳисси ифтихори миллӣ, эътиқодмандӣ, собитқадамӣ ва фидокорӣ маҳаки шинохти нақш ва ҷойгоҳи ин шахсиятҳо дар таърих қарор гирифтааст.
Ин китоб оинадори таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон буда, беҳтарин дастури омӯзаҳои раҳнамои саодат барои наслҳои имрӯзу фардоест, ки офарандааш Пешвои азизи миллати мост.  
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.03.2017    №: 50    Мутолиа карданд: 1705
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед