logo

иҷтимоиёт

ЧАШМАИ ШОҲКУЛОҲ

Чашмаи Шоҳкулоҳ аз шумори чанд чашмаи калону сероби деҳаи Доғистон аст, ки бо хушобиаш фарқ мекунад. Ин чашма дар маҳаллаи Гузари таги ҳамин деҳа воқеъ буда, обаш хеле бомазза мебошад. Он тамъи ба худ хос дорад.
Номи чашма ба исми яке аз сарояндагони маъруф Шоҳкулоҳ иртибот мегирад. Шоҳкулоҳ то Инқилоби Октябр дар водии Кӯлоб яке аз беҳтарин ҳофизони мардумӣ ба ҳисоб мерафт. Номи аслии ӯ Ашӯр буда, Шоҳкулоҳ тахаллуси ӯст. Донандагони ҳол ривоят мекунанд, ки Шоҳкулоҳ дар сар як кулоҳи шоҳӣ дошт ва дар ҳама ҷо ӯро аз ҳамон кулоҳаш мешинохтанд. Ба ҳамин хотир мардум ба ӯ Шоҳкулоҳ тахаллус медиҳад.
Мегӯянд, ки Шоҳкулоҳ дар ҳунари овозхонӣ назир надошт ва ягонаи давр буда, овози хушу лаҳни ширин ва сабки зебо дошт. Ӯ ба ҷуз сарояндагӣ як ҷавони паҳлавон, қоматбаланд, зебо, накугуфтор, хушсурату донишманд ва суҳбаторою базлагӯй низ будааст.
Овоза ва шуҳрати Шоҳкулоҳ то ба дарбори амирони Бухоро рафта мерасад. То ҷое ки, ӯ як муддат ба дарбор роҳ ёфта, хизмати аҳли рикобро ба ҷо овардааст. Вале бо сабабҳои номаълум, боз ба Кӯлоб баргашта, ҳунари сарояндагии худро идома медиҳад.
Баъд аз Инқилоби Октябр Шоҳкулоҳ ба Афғонистон меравад ва он ҷо муқимӣ мегардад. Бино ба гуфтаи касоне, ки аз рӯзгораш огаҳӣ доштанд, ӯ дар Афғонистон низ бо ҳунари сарояндагию паҳлавониаш шуҳрат  касб мекунад ва ба мақому мартабаи баланд мерасад.
Як шогирди Шоҳкулоҳ, ки баъдан ба Ватан бармегардад, воқеаеро нақл кардааст. Дар шаҳри Балх Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад. Дар он ҳама ҳокимону бузургони Афғонистон иштирок доштанд. Ба шоҳ мерасонанд, ки дар маърака Шоҳкулоҳи Ҳофиз низ ширкат дорад. Шоҳ ӯро ба наздаш даъват мекунад ва амр бар суруд хондан менамояд. Шоҳкулоҳ як базм мекунад, ки ҳама ҳунармандони афғон ангушти ҳайрат мегазанд. Сипас, маъракаи гӯштигирӣ шурӯъ мешавад. Шоҳ, ки аз паҳлавонии Шоҳкулоҳ низ огаҳӣ дошт, ба ӯ амр мекунад, ки майдон барояду гӯштӣ гирад. Шоҳкулоҳ ба майдон баромада,  чанд паҳлавонро аз пой меафтонад. Аз ҷумла, паҳлавони асосии майдонро. Шоҳ барои сурудхонӣ ва гӯштии зебо ба ӯ аспи бодпоеро бо зину абзораш туҳфа мекунад. Ин дам бузкашӣ оғоз меёбад. Шоҳкулоҳ, ки дар ин бозӣ хеле чира буд, аспро савор шуда, ба майдон медарояд. Ӯ аз гӯштӣ дида, дар бузкашӣ худро бештар нишон медиҳад. Шоҳ, ки ин ҳама ҳунарҳои ӯро медид, ба ваҷд меояд ва изҳори шодию хурсандӣ мекунад. Дар фарҷоми бозӣ ӯро боз назди худ хонда, инъоми зиёде медиҳад ва Шоҳкулоҳро аз муқаррабони худ эълон медорад. Ба навкаронаш амр медиҳад, ки аз ҳолу аҳволи ӯ огаҳ бошанд ва ғамхорӣ зоҳир намоянд. Баъд аз ин Шоҳкулоҳ дар тамоми қаламрави Афғонистон низ шуҳрат пайдо мекунад ва яке аз шахсиятҳои шинохта мегардад.
Нақл мекунанд, ки дар яке аз чорабиниҳои муҳим ҳама омадани ӯро интизорӣ мекашиданд. Вақте Шоҳкулоҳ ба майдон ворид мешавад шоҳ ва ҳамроҳонаш аз аспҳо пиёда мешаванд ва Шоҳкулоҳро бо иззату икром истиқбол мегиранд. Ҳамдиёронаш ба хотири зинда мондани номи ҳунарманди мумтоз ва паҳлавони номӣ чашмаи деҳаашонро, ки ӯ бисёр дӯст медошт чашмаи Шоҳкулоҳ номгузорӣ мекунанд.
Чашмаи Шоҳкулоҳ дар шафати хонаи падарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол қарор дорад. Устод Давлатманди Хол низ аз оби ин чашма хеле зиёд нӯшидааст.  Ин аст, ки дар ҳунари ӯ шабеҳияте ба ҳунари ҳамдиёраш Шокулоҳи Ҳофиз мушоҳида мешавад. Агар ҳунари Шоҳкулоҳ то Самарқанду Бухоро ва Балху Кобул расида бошад, пас ҳунари Давлатманд Ҳиндустону Эрон, Амрикою Ҷопон, Чину Фаронса, Белжику Олмон ва даҳҳо кишвари бузурги оламро тасхир кардааст.
Миёни ин ду ҳунарманд қаробате ҳаст. Ҳар ду аз оби ширину зулол ва ҷонбахшу мусаффои ин чашма нӯши ҷон кардаву бо ҳунару маҳорати худ оламгир шудаанд.
Алихон ЗАРИФӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 976

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед