logo

фарҳанг

ВАҚТКУШ ХУДКУШ АСТ

Китоб дар ҳаёт дӯсти беҳтарин, роҳнамои зиндагӣ, ҳамнишини танҳоӣ ва калиди мушкилиҳо мебошад. Бо мутолиаи китоб қалбу рӯҳи инсон оромиш ёфта, хотирааш қавӣ, гуфтораш  бурро мегардад ва нигоҳи вай ба зиндагӣ дигаргун мешавад. Ғайр аз ин, мутолиа моро аз корҳои беҳуда эмин нигоҳ медорад ва донишҳоямонро мукаммал месозад. Чуноне ки гуфтаанд, «мутолиаи китоб таҷрибаи зиндагист».
Вале, мутаассифона, тайи чанд соли охир таваҷҷуҳи насли наврас ба мутолиаи китобҳои бадеӣ коста гардидааст. Дастрасии васеъ ва истифодаи ғайримақсадноки сайтҳои интернетӣ яке аз сабабҳои  асосии дур мондани ҷавонон аз таълиму тарбия мебошад. Чунки, баъзан, ҷавонон соатҳо саргарми суҳбату бозиҳои интернетӣ шуда, вақти қимати худро барбод медиҳанд. Ин аз як тараф агар сабаби дур мондан аз таълим гардад, аз тарафи дигар бо ин восита гурӯҳҳои ифротгаро ҷавононро ба доми худ мекашанд.
Агар ҷавононе, ки қурбонии гурӯҳҳои манфиатхоҳ гашта буданд, вақти худро ба омӯзиш сарф мекарданд, фирефтаи онҳо намешуданд ва ба Ватану миллати хеш ҳаргиз хиёнатро раво намедиданд.
Ривоят аст, ки марде ба қасди ҷиҳод ба назди Расулуллоҳ (с) омад. Пайғамбари Худо (с) аз вай пурсид: «Оё  падару модарат ҳастанд?». Посух дод, ки оре. Расулуллоҳ (с) фармуд: «Пас, дар адои ҳаққи онон ҷиҳод кун!». Яъне бикӯш, то ҳаққи эшонро ба ҷо биорӣ.
Дар дарозии умр бисёре аз инсонҳо ҳасрати лаҳзаҳоеро мехӯранд, ки дар зиндагӣ талаф кардаанд. Қомати хам, бозуи нотавон, хотираи суст нишонаҳое мебошанд, ки дар пирӣ ҳамсафари ҳамешагии мо мегарданд. Вале сад афсӯс, ки вақтро баргардонда намешавад ва он ҳама бартариҳое, ки дар ҷавонӣ доштем, дар гузаштаи аздастрафта мемонанду халос. Пас, моро мебояд вақтро, ки сармояи умр аст, ғанимат бишмарем ва китоби зиндагии хешро бо дастони худ бинвисем.
Далер ИБОДУЛЛОЗОДА,
хонандаи синфи 11 – и мактаби миёнаи № 1 - и шаҳри Сарбанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 858

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед