logo

иҷтимоиёт

ГИЁҲДАРМОНӢ. ЧАРО АЗ ИҚДОМҲОИ НАВ КОР НАГИРЕМ?

Дар дашту даман ва минтақаҳои доманакӯҳи Тоҷикистон садҳо намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки аксари онҳоро метавон дар гиёҳдармонӣ истифода бурд. Пажӯҳишгарону мутахассисони рус ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба табиати нотакрори кишвари мо мароқ зоҳир намуда, гиёҳҳои дармониро ба шаҳрҳои Москваю Санкт – Петербург ва дигар минтақаҳои кишварашон барои дорусозӣ интиқол медоданд. Ҳоло имконияти коркарди онҳо дар худи мо пайдо шудааст. Дар ин маврид суҳбате доштем бо Муҳсиддин Холбобоев, директори Маркази таълимӣ -  истеҳсолии «Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш».

- Дар маркази мо се дастгоҳи замонавӣ барои коркард ва истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ фаъол мебошад. Онҳо барои гиёҳҳоро резаву хока кардан ва барои омода сохтани халтачаҳои полоишӣ хизмат мекунанд. Ҳоло даҳ намуди гиёҳчой: пудина, гули бобуна, субинак, чойкаҳак, сӯзанкаҳ, чачрақӣ истеҳсол шуда, ба дорухонаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад.
Пас аз дидан карданамон аз коргоҳ ва анбори маҳфуздории гиёҳҳо маълум гашт, ки барои истеҳсоли гиёҳҳои дармонбахш технологияи мураккабу гаронарзише лозим нест. Роҳи омода карданашон ҳам камхарҷ мебошад. Ду намуди таҷҳизотро худи мутахассисони коргоҳ сохтанд. Дастгоҳи қуттисозиро аз Чин овардаанд. Марказ аз рӯзи таъсисёбиаш 6500 қуттии гиёҳчой истеҳсол кардааст. Фаъолияти он бо машғулиятҳои амалии донишҷӯёни факултети «Кори форматсевтӣ» якҷоя ҷараён мегирад.
- Аксари кишварҳои пешрафта гиёҳҳоро на танҳо барои омода кардани доруворӣ, балки барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни поккорӣ, собун, атр, гулоб, хокаҳои гуногуни дандошӯӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд. Махсусан, дар Чин гиёҳдармонӣ рушд намудааст. Молу маҳсулоти ин кишвар, аз ҷумла гиёҳчойҳои чинӣ имрӯз дар Тоҷикистон ба таври васеъ мавриди истифодаи мардум қарор доранд. Ин хуб аст, аммо, агар дар Тоҷикистон чунин гиёҳҳои шифобахш набошанд, пас бояд рӯи ниёз ба маҳсулоти хориҷӣ овард. Вақте ки сарзамини худамон чунин гиёҳҳо зиёд дораду дар гузашта низ мактаби бузурги гиёҳдармонӣ дорем (дар саргаҳаш Ибни Синову Абурайҳони Берунӣ меистанд), бояд худамон онҳоро истеҳсол кунем. Мо дар оянда нияти истеҳсоли зиёда аз 40 намуди гиёҳчойро дорем, - таъкид мекунад Муҳсиддин Холбобоев.
Мутахассисон бар он назаранд, ки дар оғози ҳама кор камбудиҳо мешаванд, аммо тақозои замон аст, то иқдоми ҷадид пеш орем. Дар баробари таҳким ёфтани истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш мардум аз хариди дорувории гаронарзиши хориҷӣ даст хоҳанд кашид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 911

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед