logo

фарҳанг

ФАРХОР. ГӮШАЕ АЗ ТАМАДДУНИ БОСТОН

Ноҳияи  Фархор яке аз гӯшаҳои таърихии  кишвар буда, дар мавзеъҳои гуногуни он то имрӯз 41  ёдгории  таърихӣ  ошкор шудааст. Дар омӯзишу тарғиби илмии бозёфтҳо осорхонаи ноҳиявӣ нақши бориз дорад.

Воқеан, таваҷҷуҳи археологону мутахассисони соҳа ба сарзамини қадимаи Фархор бо ифтитоҳи ин боргоҳ аз моҳи майи соли 1993 якбора афзуд. Дар як муддати кӯтоҳ аниқтараш то соли 2016 аз ҷониби археологҳои  кишварҳои  Русия,  Италия,  Фаронса ва Олмон дар ҳудуди ноҳия чор маротиба ҳафриёт гузаронда шуд. Аз ҷумла, ковишҳои бостоншиносон аз тобистони соли 2013 дар мавзеи Уртабузии шаҳраки Фархор оғоз гардида, то ин замон як қатор мавод ва ашёи таърихӣ пайдо гардидааст.  
Бостоншиносони Академияи илмҳои  Тоҷикистон  бо  роҳбарии  археолог Саидмурод  Бобомуллоев   аз мавзеъҳои  Чилтанбобо,  Дарқад,  Иттифоқ - 1  бозёфтҳои  нодир, аз  ҷумла  кӯзаҳо, муҳраҳои  сангини  қиматбаҳо,  гӯшвораҳои  тиллоӣ, оинаҳои  нуқрагин, асбоби ороишоти  занона  дарёфт  кардаанд,  ки  таърихи  беш аз панҷҳазорсола доранд. Бино ба иттилои Азизулло Муродов, директори осорхона, соли 2014 дар натиҷаи кофтукови археологӣ дар баробари дигар бозёфтҳо ҳайкалчаҳои Буддо  дарёфт гардиданд. Ин шоҳиди он аст, ки дар ин минтақа мардум пеш аз пайдоиши дини Ислом ва шояд қабл аз оини оташпарастӣ низ зиндагӣ мекардаанд ва соҳиби таъриху тамаддуни хос буданд.
- Бостоншиносон, ахиран ду ҷасадеро пайдо карданд, ки ба асри биринҷӣ (қарнҳои 12 – 11- и пеш аз милод) тааллуқ доранд. Ин ҷасадҳо марбут ба ҷуфти зану мард буда, болои сари онҳо кӯза низ пайдо гардид. То ин мудат қариб 20 ҷасади инсон пайдо шуд, ки дар болои сари онҳо ҳам кӯза гузошта шудааст. Дар дохили кӯзаҳо шаш - ҳафт намуд муҳраҳои гуногун  дарёфт шуд. Пажӯҳиш нишон дод, ки барои мардуми он замон иҷрои ин амал расм будааст, - изҳор дошт Азизулло Муродов.
Бостоншиносон ба ин назаранд, ки дар ҳудуди ноҳияи Фархор шаҳри қадимае зери хок ниҳон аст, ки  ҳанӯз ба пуррагӣ кашф нашудааст. Масъулони осорхона нақша доранд, ки якҷоя бо гурӯҳи кории Саидмурод Бобомуллоев, ки археологҳои кишварҳои хориҷӣ низ шомили он мебошанд, таҳқиқотро дар ин самт аз моҳи марти соли ҷорӣ оғоз кунанд. 
Бо кӯшиши бостоншинос Татяна Филимонова харитаи нави  қадамҷоҳои  таърихии ин гӯшаи диёр  мураттаб шуда истодааст, ки ба он харитаи  археологии соли  1968  низ замима  мегардад.      
Айни  замон, кормандони  осорхонаи ноҳия барои бошукӯҳ ҷашн гирифтани  20 - солагии Ваҳдати миллӣ, ки як рукни муҳиму таърихии давлатсозии мост, омодагӣ мебинанд. Аз ҷумла, Саидмурод Бобомуллоев китоби «Археолгияи ноҳияи Фархор» - ро бо  забонҳои  тоҷикӣ, русӣ  ва  англисӣ омодаи чоп кардааст, ки армуғони хубе ба ифтихори ин ҷашн хоҳад буд. 
Лола РИЗОЕВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 903

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед