logo

иқтисод

ҲОСИЛ. ИНТИХОБ АГАР ДУРУСТ БОШАД...

Дар соҳаи кишоварзӣ интихоби навъи мувофиқ асоси пешрафт маҳсуб меёбад. Аммо дар натиҷаи муносибати хунукназарона ба тухмиҳои серҳосилу тезпаз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии кишвар – пахта хеле коҳиш ёфт. Шоёни таҳсин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дарёфти навъҳои нави хориҷию ватанӣ маблағҳо ҷудо менамояд.  Аз ин ҷост, ки кишоварзон бо навъҳои наву ояндадор таъмин карда мешаванд.
Деҳқонони ботаҷриба баробари дастрас намудани навъи нав онро дар қитъаҳои алоҳида корида, бо меҳр парвариш мекунанд. Ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархе мутахассисону деҳқонони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ба парвариши навъҳои нав даст заданд. Чунончи, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Исмоилиён” Фарҳод Исмоилов аз замини хоҷагиаш 0,20 гектарро барои тухмипарварӣ ҷудо намуд. Дар ин қитъа бо ёрии мутахассисон 20 навъ пахта, 10 хориҷию 10 ватаниро корида, нигоҳубин кард.    Навъҳои пахтаи хориҷии “Тинян - 9”, “Сзинян - 9”, “Синюзса - 39”, “Дружба - 012”, “Кармен”, “Харизм”, “Флеш”, “Флора”, “Белый извор”, “ДП-5111”, ватании “Лочин”, “Зебо”, “Меҳнат”, “Сорбон, “Неъмат, “Амирхон”, “Хуҷанд - 67”, “Зарнисор”, “Тезпур’’ ва “Зироаткор - 64”, мавриди нигоҳубини махсус қарор   дода шуданд.
Ин қитъа, ки хокаш нарму мулоим аст, махсус барои парвариши тухмиҳои нав интихоб гашта, бо оби полизӣ таъмин буд. Таҳлили ҳосилнокии навъҳои пахта дар асоси ду чинак нишон дод, ки 10 навъи хориҷӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 45 - сентнерӣ рост омадааст. Аз  ҳар гектар пахтаи навъҳои ватанӣ бошад, ба ҳисоби миёна 39,2 - сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шуд. Навъҳои хориҷии “Тинян - 9” 48, “Кармен” 50, “Харизм” 55 сентнер ҳосил дода бошанд, аз навъҳои ватании “Хуҷанд - 67”  47,7, “Зарнисор” 43,9 ва “Зироаткор - 64” 48,1 сентнер ҳосил рӯёнда шудааст, ки натиҷаҳои назаррас мебошанд.
 Ҳангоми кишти пахта чигитҳои элитаи репродуксияҳои якум, дуюм ва сеюм интихоб шуда буданд. Аз ин рӯ, ба пахтакорон тавсия дода мешавад, ки вақти интихоби пунба ба сифати нешзании он аҳамият диҳанд ва ҳатман шаҳодатномаи навъро пурсанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳосили баланд дар қитъаҳои намоишӣ тавассути интихоби дурусти тухмӣ ва дар асоси қоидаҳои баланди агротехникӣ парвариш кардани ниҳолҳо ба даст оварда шудааст. Дар давраи коркард обу ғизодиҳӣ ва мубориза ба муқобили касалиҳою ҳашароти зараррасон сари вақт анҷом дода шуд. Натиҷаҳои бадастовардаи хоҷагии деҳқонии “Исмоилиён” пахтакорони дигар хоҷагиҳои ноҳияи Зафарободро низ барои рӯёндани ҳосили фаровон рӯҳбаланд сохтааст.
Инъом ҚОБИЛБЕКОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 957

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед