logo

фарҳанг

ОБ ВА МУҚАДДАС ДОШТАНИ ОН ДАР БАЙНИ ТОҶИКОН

(Идома аз шумораи № 46 - 47, 1 марти соли 2017)

Мардуми Бухорои шариф баробари иҷрои маросими «Сусхотун» маросими дигаре низ доштанд, ки онро «Дуои борон» меномиданд. Иҷрокунандагони маросим бачаҳои ноболиғ буданд. Онҳо рубоии  зайлро 21 маротиба дастҷамъона мехонданд:
Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист,
Аз хони карим неъмати алвон
бифирист.
Аз баҳри лаби ташнаи тифлони
набот,
Аз синаи абр ширборон бифирист.

Дар ин рубоӣ гов будани абру шир будани борон ифода ёфтааст, ки тибқи оини зардуштӣ мебошад. Ва дар «Авасто» нигаҳбони обҳо  ва эзиди ин неъмати Илоҳӣ Анаҳито унвон дорад. Ва вожаи «Аша» - бахши аввали Ашагулон дар «Авасто» ба маънои некию накукорӣ корбаст шудааст. Ва мардум ҳангоми камобӣ ва сари вақт наборидани борон ба ин фариштаи рӯдҳо ниёиш намуда, қурбониҳо мекарданд.
Дар оини Маздоясно  парастиши Анаҳито хеле хуб ба мушоҳида мерасад. Дар ҳиҷораҳои нақши Рустам дар наздикии Шерози Форс, ки аз давраи Сосониҳо боқӣ мондаанд, Эзиди Анаҳито - ин фаришта ба сурати зани барӯманди мавзунқомат намудор аст. Тоҷи ҷавоҳирнишон дар сару дар гардан тавқе дорад ва зебу зиннатҳои ӯ чун тасвире дар «Обоняшт» - и «Авасто» ифода ёфтаанд. Анаҳито – Ноҳид чунин тасвир шудааст, ки рост истода ҳалқаи қудратро ба подшоҳи сосонӣ Нарсӣ (294 - 353 тибқи тақвими авестоӣ) медиҳад. Дар Эрон оташкадаҳои зиёде ҳастанд, ки ба ҳамин тасвир монанданд.
Дар байни мардуми тоҷик парастиши об ва муқаддас доштани он аз даврони Эрони бостон арзи ҳастӣ намудааст. Роҷеъ ба об ва муқаддас доштани он аз бисёр сарчашмаҳои бостонӣ маълумот пайдо кардан мумкин аст. Дар «Ясна» Ҳоти 2 фиқраи 16 Обу Замин ва гиёҳонро Зардушт парастидааст.
«Бо ин заур ва барсам, хостори ситоиши ин обҳову заминҳову гиёҳонам, хостори ситоиши ин ҷоҳо ва рустаҳо ва чарогоҳҳову хонумонҳо ва обишхӯрдаҳоям, хостори ситоиши Аҳура Маздо, дорандаи ин рустаҳоям» («Авасто», чопи Душанбе, саҳ. 111-112).
Дар «Ром-яшт» дар ситоиши об дар оғози ҳар «карда» чунин омадааст:
«Ман меситоям обро»…
Дар Фарвардин Яшт ҳам омадааст:
«Ҳама обҳоро меситоем»…
Ҳеродот, муаррихи юнонӣ, ки саду панҷоҳ сол пеш аз мелод зистааст, чунин мегӯяд:
«Эрониён (яъне тоҷикон низ – Р. А.) дар миёни рӯд бавл намекунанд ва дар об туф намеандозанд. Дар об даст намешӯянд, ки дигаре онро ба касофатӣ олуда кунад. Эҳтиромоти бисёре аз об манзур медоранд» («Таърихи Ҳеродот»).
Дар қадим мардум ҳеҷ гоҳ дар об чизҳои касифро намепартофтанд ва ҳар касе, ки ин қонунро риоя накунад, ӯро ҳатто ба дор мекашиданд. Дар китоби «Аҷаб – ул - махлуқот» дар бораи чашмаҳои муқаддасе, ки ҳар гуна мурдориҳо ва чизҳои касифи ба онҳо андохтаро берун мекардаанд ва худро поку мубарро нигоҳ медоштаанд, ривоятҳои дилчаспе омадаанд.
Чунин ҳукмҳо (қоидаҳо) дар бораи об ҷорӣ будаанд:
1. Об бояд соф, зулол, беранг, бебӯй, бомаза ва аз чизҳои мурдор ва касиф тоза бошад.
2. Ба об партофтани чизҳои нопок, аз ҷумла, ахлот, хун, лошаи парандаҳо ё ҳайвонот гуноҳи азим буд.
3. Ҳар оила барои истифодаи об аз махзани он зарфи махсусе дошт, ки бо он об мегирифт.
4. Ҳаммом, ғусл кардан, шустушӯйи либос ва ҳатто шустани дасту рӯй дар оби ҷорӣ мамнӯъ будааст. Ва агар касе мехост шино кунад, бояд пеш аз дохили оби рӯд шудан худро дар берун аз маҳали шино бишӯяд, пок кунад ва сипас шино намояд.
5. Ҳафт бор шустани дасту рӯй дар бомдоди ҳар рӯз.
6. Дар гузашта чунин расм ҷорӣ будааст, ки зоирон пеш аз ба зиёратгоҳҳо дохил шудан бояд дасту пои худро бишӯянд. Маъмулан барои ин кор ҳавзҳое мавҷуд буданд.
Пас аз исломро пазируфтани ниёкони мо обҳо аз нигоҳи оини ислом маънидод шуданд. Дар Қуръон - и Маҷид дар сураи Анбиё, ояи сӣ омадааст: «Ҳар чизи зиндаро аз об падид овардем…».
Аз даврони куҳан гузаштагони мо об - ин маҳзари муқаддаси офаридаи Худовандро эҳтиёт менамоянд, муқаддас мешуморанд.
Рӯзии АҲМАД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06,03,2017    №: 51    Мутолиа карданд: 992

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед