logo

фарҳанг

ДАРҲО БА РӮИ Ӯ БОЗАНД

Ҳар замон нав суратеву нав ҷамол,
То зи нав дидан фурӯ мирад малол.

Инсон, воқеан, нав меҷӯяд, нав мегӯяд ва нав мехоҳад. Ин дар табиати ӯст. Бад-ин хосторӣ, бад-ин нав дидан малолат аз дилу вуҷуди ӯ рахт мебандад. Табиат ҳам, гӯӣ, бад-ин хотир нав мешавад. Агар дар дигар фаслҳо он ба чашми мо табдил меёбад, дар баҳор эҳё мегардад. Ниёгону бузургони мо ин рӯзи эҳёро Наврӯз хонданд ва ҷашн гирифтанду таҷлил карданд. Моро ин ид, ин ҷашн бо ниёгону бузургон мепайвандад. Бо оғози ин рӯзи хуҷастапай сол нав мешавад ва ваҳдати инсону табиат бештар ба чашм мерасаду эҳсос мегардад. Ба қавли устоди шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чун дунё ба дил пас аз пирӣ ҷавонӣ ёфт, шояд, ки марди пир ҳам дар ин вақт ҷавон бишавад. Бад-ин гаҳ борони мушкбӯй нав ба нав биборидаасту ҷойи барфро гул гирифтаасту ҳар ҷӯяке, ки хушк буд, тару намнок мебошад. Бисёр зебову шоиронаву дуруст ёдовар мешавад, ки:
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи суманбодро табиб.

Чаро аз ин ҳама Одамушшуаро ба хуррамию шодмонӣ мегӯяд? Оре, то мо низ мисли ӯ биёем, ин ҳақиқати зеборо бубинему ҳикмати онро дарк бинамоем ва худ ҳам мисли баҳор, мисли Наврӯз нав бишавем. Мо дар ин фасл лолаву лолазорро бисёр дидаем, ҳам аз наздик ва ҳам аз дур. Чашмҳо ва ҷонамон ҳаловат бурдааст. Аммо ба зеҳнамон роҳ ёфтааст, ки ҳар лола чун панҷаи арӯс мебошад, ки ба ҳино рангин гардидааст? Албатта, не.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯс ба ҳинно шуда хазиб.

Булбул дар шохсори бед ҳамехонад ва сор аз дарахти сарв низ дар пайи ӯ мехонад, овоз сар медиҳад, ҳамовоз мешавад.
Бад-ин тариқ Наврӯзу баҳор васф мешуд ва он барои аҷдодонамон ҳукми суннатро дошт. Анҷуман меоростанд ва ба гирди хони наврӯзӣ менишастанд. Барҳақ, Рӯдакӣ ба таъбири худ чанг мегирифту менавохт ва сурудгӯён буду ҳазордастон. Борбад, он ромишгари бузург,  дар он рӯзгори пешин бо «Наврӯзи бузург», «Наврӯзи хоро» ва «Сози Наврӯз» бори дигар башорати омадани ин рӯзи фирӯз ва баҳори оламафрӯзро медоду дилҳоро лабрези фараҳ мегардонд.
Ин русум ва суннати зиндагисозро аз мо дигар мардуми олам ба хушнудӣ пазируфт ва бо ҳамон номе, ки дошт, яъне, Наврӯз. Наврӯз ҳама дарҳоро боз мекунад ва ба рангу намуду накҳаташ ворид мешаваду файзу баракат мебахшад.
Ҳазорон сол пеш бо дарки ин ҳақиқат мо худ дарҳоро ба рӯи ӯ кушудем ва қадамашро гиромӣ доштем. Хонаҳоро чун дилҳои худ поку сафед намудем. Нигоҳу андешаҳоро нав кардем. Ҳама суннату анъанаҳои наврӯзиро ба ҷо овардем. Зикр намудему амал, ки он дар асл ибтидои корҳои наҷиб ва ҷашни парвариши рӯҳ мебошад. Дармондагонро даст гирифтем, то хони наврӯзияшон рангину пур аз анвои неъмат бошад ва дар таҷлили ин ид бо рӯҳи шоду хотири ҷамъ ширкат биварзанд. Бар ин бовар будем, ки «ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад». На танҳо ҷашн мекардем, балки ба эҳтироми он чун арзи ихлосу муҳаббат ба фарзандонамон номи Наврӯзро мегузоштем.
Аз он рӯзгори пешин агарчи таҳқиқ мекунанд, то Наврӯзро бад-он асолате, ки дорад, муаррифӣ бинамоянд, ба пуррагӣ муваффақ намешаванд. Агар ҳам асрҳо тавсифаш намуданд, боз ҳам ниёз ба тавсиф дорад, чунки фарохтару болотар аз фаҳми мост. Мебинем, охир, ки аз шохаҳои бас сахти дарахтон гулҳову баргҳои нарм мерӯянд. Андешидаем, ки чӣ гуна бад-ин нармӣ аз он сахтӣ растанд? Дар ҳоле ки эҳсоси ранҷу андуҳ надоранд, балки ба рӯи мо механданд ва башорат аз сабз гардидани атрофу акнофро медиҳанд.
Мардум зебо ва ҳадафрас изҳор доштааст:
Наврӯза ба навбаҳор кай мебинум?
Гулҳора ба шаш қатор кай мебинум?
Гулҳора ба шаш қатор дар фасли баҳор,
Дунёра ба як қарор кай мебинум?

Инак, Наврӯз аз раҳ мерасад. Ва гулҳоро ба шаш қатор хоҳем дид. Ба ин хотир, дарҳоро ба рӯи ӯ боз кардаем. Сабзаҳо ҳам ба пояндозаш дамидаанд. Пас бояд ҳам бигӯем: «Биё, Наврӯз, Наврӯзи оламафрӯз!»  Ин истиқболи гарм ҳам моро ба хуррамӣ мепайвандад ва ба ин васила ба ҳикмати ин ҷашни миллӣ бештару беҳтар мерасем.
Абдулқодири РАҲИМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 878

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед