logo

иҷтимоиёт

АМИНА ДАВЛАТШОЕВА: "МО БОЯД ШОЁНИ ИФТИХОР ВА ИБРАТ БОШЕМ"

Доктори  илмҳои  сотсиологӣ Амина  Давлатшоева  ҷавон  аст ва ҳамагӣ 31  сол  дорад. Ӯ аз  зумраи  ҷавонони  баландиқболе  мебошад, ки  ба  шарофати  соҳибистиқлолӣ    ва  сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бонуфузтарин донишгоҳҳои дунё таҳсили  илм  карда, дар муассисаҳои гуногуни кишварҳои пешрафтаи олам фаъолияти пурсамар  менамояд.
Амина зодаи шаҳри Хоруғ буда,  муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумиро    бо  медали  тилло хатм кардааст.  Пас аз итмоми омӯзишгоҳи  тиббии  шаҳри   Душанбе  бошад, ӯ  факултаи  химияи  Донишгоҳи  давлатии  Хоруғро  бо дипломи аъло ба поён мерасонад.
Донистани  забони  англисӣ   барои  пешрафти  таҳсилу  кори  ӯ мусоидат  мекард. Ба гуфтаи Амина, ӯ аз хурдсолӣ ба омӯзиши   забони англисӣ рағбати калон дошт ва,  аллакай, дар синфи 11  бо он   озодона ҳарф мезад. Ин  имкон  дод, ки  Амина   дар  озмунҳои  гуногуни  байналмилалӣ ширкат  варзад. Бахусус,    озмуне, ки  соли 1997 дар шаҳри Онтариои Канада баргузор гашта буд, дар  ҳаёти  Амина   саҳифаи  нав  кушод. Ӯ аз  озмун  бомуваффақият гузашта, дар Маркази забонҳои англисӣ ва идораи компютерӣ  ба фаъолият пардохт.  Тайи ду соли кор дар ин  маркази  бонуфуз,   таҳти роҳбарии олимони забардаст  на  танҳо  нозукиҳои забони англисиро омӯхт, балки оид ба соҳаҳои сиёсат ва иқтисод маълумоти бебаҳо гирифт. 
Таҳсил дар магистратураи Донишкадаи рушди  маорифи Карочии Покистон   барои боз ҳам баланд  гаштани сатҳи дониши  ӯ марҳилаи   нав  гардид. Баъди  хатми  донишкада  бо  баҳои  аъло,  ба  гирифтани  унвони  магистри соҳаи  маорифи  байналмилалӣ   мушарраф   шуд. 
«Ин  даргоҳи  илму  маърифат  ба  рӯям  дарҳои  навро боз намуд,- мегӯяд  Амина.-  Қабул  ба  Донишгоҳи  Массачусетси  Иёлоти  Муттаҳидаи   Амрико ва  ҳимояи  рисолаи  докторӣ  маҳз  ба  шарофати  таҳсил  дар  Донишкадаи  рушди маориф  даст  дод».
Тайи ин солҳо Амина ба ҳайси мушовири Бунёди  кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, машваратчии ташкилоти байналмилалии USAID (барномаи назорати саломатӣ ва зиёд намудани маълумотнокии аҳолӣ) дар Кобул, корманди барномаҳои АКДН-и Оғо Хон оид ба хадамоти маориф (AKES) дар Афғонистон, корманди барномаи тандурустии намояндагии доимии СММ дар Ню-Йорк, мушовири Портфолиёи ҷамъиятии Донишгоҳи Амҳёрсти иёлати Массачусетс, корманди илмии Донишкадаи тандурустии глобалии  Донишгоҳи Массачусетс фаъолият намудааст. 
Ҳоло Амина Давлатшоева  дар вазифаи мудири бахши рушди стратегӣ ва инкишофи ширкати ҳолдингии Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб  кор мекунад.
- Фаъолият дар корхонаҳои мамолики хориҷӣ аз як ҷиҳат боиси ифтихор бошад, аз тарафи дигар басе масъулиятнок аст,- мегӯяд Амина. - Мо ҳамеша бояд кӯшиш  намоем, ки  ҳар  як гуфтору  кирдорамон  боиси  ифтихор ва ибрати дигарон бошад. Зеро  аз  амалҳои   мо  ба  миллатамон  баҳо  медиҳанд.  Аз  ин  лиҳоз,  бояд  пайваста саъю кӯшиш намуд, то  Ватани азизамон беш аз пеш шуҳратёр гардад.  Падарам Сайфулло Давлатшоев, собиқадори  соҳаи  маориф,  доимо  таъкид  мекунанд:  «Муҳим  нест, ки  дар  куҷо  ва  дар  кадом вазифа  кор  мекунем, балки асосаш хидмати мунсифона  ба хотири пешравӣ ва рушду нумӯи ҷомеа  мебошад.  Ҳар яки моро мебояд ба нафъи Ватани азизи хеш  заҳмат кашид». Ин  ҳарфҳои  падарро ба  ёд  оварда,  мудом кӯшиш менамоям, ки  номбардори  абармардони ин миллати куҳанбуёд ва тамаддунофар бошам.  Аз  он  ки  Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон  дар  арсаи  ҷаҳонӣ  шуҳрати беандоза доранд, боиси  ифтихор  ва  фараҳмандии  мо – тоҷикон аст. 
Амина Давлатшоева меафзояд, ки аз ҷониби   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  Соли ҷавонон  эълон  шудани соли 2017 нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба насли ояндасози кишвар мебошад. Зеро равнақу ривоҷи ҳар давлату миллат дар дасти ҷавонони ӯст.
Раҳмони  ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 1154

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед