logo

иҷтимоиёт

САЛАФИЯ. ҶАРАЁНИ ТАФРИҚАСОЗЕ, КИ ТЕША БА РЕШАИ ДИН МЕЗАНАД

Дар як қатор кишварҳо пайдо шудани  ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷараёну равияҳои моҷароҷӯю тафриқаандоз, назири «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати толибон» боиси нигаронии  аҳли ҷомеа гардидааст. Аз таҳлилу баррасии барномаҳои алоҳидаи телевизионии баъзе кишварҳои хориҷӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои интернетӣ бармеояд, ки масъулони бархе аз сомонаҳои ба ном динӣ, бо шеваҳои ба худ хос, наврасону ҷавонони гумроҳро ба доми фиреби худ афканда, онҳоро дар рӯҳияи пайравӣ аз террористон ва ифротгароён тарбия менамоянд.
Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла «ал - Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тайиба», гурӯҳи исломии «Ҷамъият-ут-таблиғ», ташкилоти динии миссионерии «Созмони таблиғот» дар мамлакат мамнӯъ эълон гардиданд. Ҳамчунин, бо назардошти хусусияти ҷудоихоҳӣ доштани равияи динии «Салафия», дар асоси аризаи даъвогии Прокурори генералӣ, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 январи соли 2009, ин равия ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд. Моҳи сентябри соли 2015 бошад, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ гашт.
Пайравони равияи «Салафия» соли 2000 дар Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори кӯтоҳ ва  баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Чунин амалҳо боиси тафриқаангезӣ миёни мусулмонон гардид. Мусаллам аст, ки «Салафия» дар ҳама гӯшаву канори дунё меҳмони нохонда буда, бо амалиёти террористӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷоӣ, амният ва суботи давлатдории миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Салафиҳо барои сарнагун сохтани низоми демократӣ омодаанд, ки даст ба ҳама гуна ҷиноят зананд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои террористию ифротгаро барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва эҷоди ҷангҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз шеваҳои гуногун кор мегиранд.
Шинохти арзишҳои фарҳанги исломӣ аз равзанаи эътиқод ва ҷаҳонбинии заҳрогини ифротгароёни «Салафия» пайомадҳои бисёр ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, ҳанафимазҳабон дорад. Мо, махсусан ҷавонону наврасон, набояд ба дасисаҳои ин ифротгароёни ситезаҷӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон дода шавем. Барои мо ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва муттаҳид гаштан дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама муҳим аст. Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва худшиносу худогоҳ буда, танҳо  бо ҳамин роҳ метавонем Ватанамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 969

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед