logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АҲАМИЯТИ БЕШТАР КАСБ МЕКУНАД

Бозтоби ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 дар расонаҳои сершумори хориҷӣ, далели истиқболи гарми сокинони сайёра аз чунин иқдоми башардӯстона аст.
Як қатор расонаҳои бонуфуз, аз ҷумла рӯзномаи «The National»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таҳти унвони «Тоҷикистон ва ташаббуси нави обӣ» матлаби таҳлилие ба табъ расондааст. Дар матлаб ташаббуси нави глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инъикос ва аҳамияти қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ вобаста ба ин ташаббус, ҳадафҳои он дар самти ҳифзи захираҳои обии сайёра ва таъмини манфиатҳои башарият махсус таъкид гардидааст. Иқдоми навбатии Пешвои миллат, ҳамчунин, дар маҷаллаи «Invoice Magazine»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон зери сарлавҳаи «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи захираҳои обӣ баҳри рушди устувор ҳимоят намуд» нашр гардидааст.
Ахиран, дар бонуфузтарин рӯзномаи Ҷумҳурии Мисри Араб - «ал - Аҳром» таҳти унвони «Бо иштироки миллӣ... СММ Даҳсолаи «Об барои рушди устувор»-ро ба тасвиб расонд» мақолае нашр шуд, ки муаллифи он доктор Ҳола Закӣ мебошад. Муаллифи матлаб зикр кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ибтикорро дар ҳафтумин анҷумани ҷаҳонии об, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, эълон кард. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайванди байни об, неру, амнияти ғизоӣ ва вуҷуди об ба сифати унсури ҳаётӣ дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳадафҳои дигари марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зистмуҳитӣ таъкид карда буд».
- Маҷмаи умумии СММ ба аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо ба манзури расидан ба ҳадафҳои рушде, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ва беҳдошт ҳамоҳанг шудаанд, иқрор мекунад ва ҳадафу вазифаҳои рушди устувори марбут ба захираҳои обии дар Барномаи рушди устувори соли 2030 матраҳшударо таъкид менамояд. Маҷмаи умумии СММ азм дорад, ки ба ҳадафи таъмини об ва хадамоти беҳдошт барои ҳама ва мудирияти он ба гунаи пойдор ноил гардад. Об, инчунин унсури муҳим дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳадафҳои дигари дахлдор мебошад,- навиштааст «ал-Аҳром».
Доктор Ҳола Закӣ дар хулосаи матлабаш, изҳори умед кардааст, ки солҳои оянда шоҳиди густариши барномаҳо ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ, инчунин шарокат дар тамоми сатҳҳо, ба манзури мусоидат ба таҳаққуқи ҳадафу вазифаҳои рушди марбут ба об, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг шудаанд, хоҳем гашт.
Таваҷҷуҳи расонаҳои хориҷӣ ба иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили об дар ҳолест, ки оид ба ин масъала то кунун дар як қатор кишварҳо, назири Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишасту конфронсҳои илмӣ доир гардидаанд.
Додоҷон  РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2017    №: 51    Мутолиа карданд: 992

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед