logo

фарҳанг

МУҲОФИЗОНИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар пос доштану аз байн нарафтани ҳунарҳои миллӣ занон нақши калидӣ доранд. Маҳз бо  талошу кӯшиши онҳо ҳунарҳои зиёди миллату мардуми то ба замони мо расида, ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии гузаштагонамон ҳифз гардидаанд. Ин ҳунарҳо   ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ рӯзгори моро боз ҳам  зеботар намуда, миллатамонро дар байни халқиятҳои дунё  бо ҳам фарогиртар муаррифӣ менамоянд.

Равшан Раҳмонӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд: «Занон тӯлли таърихи ҳазорсола ҳунарҳои мардумиро на танҳо нигоҳ доштаанд, балки  дар ҳар давру замон ба онҳо нишонае ё дигаргуниеро  ворид намуда, онро сайқал додаанд. Агар бо диққат ба ҳунарҳои дастархондӯзӣ, чодардӯзӣ, зардеворӣ (ё сардеворӣ), дастпок, болишт, кӯрпача, рӯймолдӯзӣ, дастрӯймол, миёнбанд, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷелакдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, шерозбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ назар афканем, мибинем, ки баъзе нақшҳое, ки 80-90 сол қабл занон дар ҳунарашон истифода намудаанд, аз нақшҳои имрӯза тафовути зиёд доранд».
Сарчашмаҳои илмӣ собит менамоянд, ки дар гузашта қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ низ дар байни занони мо маъмул будааст. Аммо дар асри ХХ ин ҳунарҳо қариб, ки аз байн рафта буданд. Хушбахтона, ҳоло дар аксари шаҳру навоҳии кишвар ҳунари атласбофӣ миёни занон дубора роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, соли 2015 бо ин мақсад дар Қасри Арбоб Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис ёфт. Танҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон феълан 109 дастгоҳи хурди қолинбофӣ ва зиёда аз 50 дастгоҳи адрасбофӣ насб шудаанд, ки занону духтарон дар онҳо ҳунар меомӯзанд. Чунин марказҳо дар ноҳияҳои   Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикобод низ таъсис дода шуданд.
Умуман, баъди соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардид. Яке аз ҳунарҳои дигари занон, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардид, чакандӯзӣ мебошад. Хусусан, баъди таҷлили Иди чакан ин ҳунар дубора зинда гардид ва ба либоси идона табдил ёфт. Бо  мақсади муаррифии ин намунаи барҷастаи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чаканро барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) пешниҳод намуд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.03.2017    №: 52    Мутолиа карданд: 1043

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед