қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 10, мод. 146; с.1999, № 11, мод. 278; с. 2003, № 8, мод. 453; с. 2005, № 12, мод. 642; с.2006, № 3, мод. 147, № 7, мод. 339; с.2007, № 5, мод. 361) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи «системаи» ба калимаи «низоми» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум баъд аз калимаҳои «инсон ва шаҳрванд,» калимаи «моликият,» илова карда шавад.
3. Дар қисми чоруми моддаи 5 калимаи «дохил» ба калимаи «ҷойгир» иваз карда шавад.
4. Дар қисми чоруми моддаи 6 калимаи «амният» ба калимаи «амнияти миллӣ» иваз карда шуда, баъди калимаҳои «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шавад.
5. Дар моддаи 8:
- дар қисми ҳафтум калимаҳои «ирсоли», «санҷиши» ва «ҷойгиронии» мувофиқан ба калимаҳои «таҳвили», «озмоиши (эксперименти)» ва «ҷойгиркунонии» иваз карда шаванд;
-дар қисми ҳаштум калимаҳои «санҷиши оперативӣ» ба калимаҳои «озмоиши (эксперименти) оперативӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар матни моддаи 12:
-дар қисми якум калимаҳои «ворид карда шуда» ба калимаи «ҷойгиркардашуда» иваз карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаи «воридкардашуда» ба калимаи «ҷойгиркардашуда» иваз карда шавад.
7. Аз сархати ҳаштуми қисми якуми моддаи 13 калимаҳои «Раёсати корҳои ислоҳии» хориҷ карда шаванд.
8. Дар қисми сеюми моддаи 21 калимаи «воридкардашуда» ба калимаи «ҷойгиркардашуда» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 августи соли 2009, № 535
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ- ҶУСТУҶӮӢ»
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 27 майи соли 2009, № 1348
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО
БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ- ҶУСТУҶӮӢ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 июли соли 2009, № 663
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 610