logo

фарҳанг

ПОЛИФОНИЯ

Мегӯянд, ки инсон дар кадом муҳите ба дунё ояд, ҳамон гуна тарбия меёбад. Манзура дар оилаи шоири шинохтаи тоҷик Муҳиддин Фарҳат таваллуд шудааст. Муҳити хонаводагии онҳо пур аз шеър ва суруд буд. Табиист, ки Манзура наметавонист ба шеъру оҳанг дилбастагӣ надошта бошад. Ҳамин дилбастагӣ ӯро ба мактаб ва омӯзишгоҳи мусиқӣ овард. Дарки жарфи мусиқӣ ва қобилияти фавқулодаи оҳангофариаш аз ҳамин солҳо ошкор гардид.

Аввалин таҷрибаҳои эҷодиаш  таҳти роҳбарии Г. С. Александров сурат гирифтаанд. Пасон, Манзура Ҳасанова ба Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский (синфи профессор Т. Н. Хренников) дохил шуда, дониш ва малакаю маҳорати эҷодиашро сайқал медиҳад. Аввалин асарҳои ӯ – пйесаҳо барои фортепиано ва асарҳои камеравӣ – вокалиаш дар ҳамин макони пурэъҷози эҷод офарида шудаанд.  Аз асарҳои нахустинаш робитаи эҷодкор бо хусусиятҳои лаҳнӣ – интонатсионии фолклорӣ эҳсос мегардад. Фароғат Азизӣ, мусиқишиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, ба эҷодиёти композитор Манзура Ҳасанова баҳо дода, таъкид месозад, ки  ин хусусият минбаъд низ дар эҷодиёти ӯ инкишоф ёфта, хусусияти хоси эҷодии оҳангсозро ташкил додааст. Баъдтар, Манзура дуэтҳо барои скрипка ва фортепиано, флейта ва фортепиано меофарад. Дар ин асарҳояш низ навоварӣ ва диди хоси ӯ баръало мунъакис гардидааст. Квартети тории № 1 – и офаридаи ӯ аз маҳорати хоси эҷодиаш дарак медод.
Манзура ба сифати кори дипломӣ «Анданте ва токкато» - ро барои оркестри симфонӣ интихоб менамояд. Дар имтиҳони давлатӣ арбобони маъруфи мусиқии рус эътироф менамоянд, ки композитор  асари ҷолиб ва барҷастаеро офаридааст. «Шакли полифонии он саршор аз образу мавзӯъҳои мусиқии мардумии тоҷик аст, - меорад Ф. Азизӣ. – Муаллиф дар ин асар ҷӯршавии бемислу хоси рангҳои мусиқӣ – тембрро дарёфтааст. Бо ҳайати нисбатан камшумори навозандагон нигоҳ накарда, асар хеле хушобуранг садо медиҳад. Қисми якуми «Анданте» - ривояти лирикӣ аст. Дар он манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистон тасвир шудаанд. «Токката» бошад, тасвиргари иди халқӣ мебошад. Ин қисм аз зарбҳои чандирӣ саршор аст.  Онҳо дар лаҳзаҳои марказӣ – ҳангоми зуҳури марш – рақси мардона, махсусан барҷаста садо медиҳанд. Мураккабтарин тасвири мавзунияти зарбӣ дар «Токката» хеле моҳирона ва бомантиқ ороста шудааст, ки он эҳсоси босуръати доимиро ба вуҷуд меоварад». Пас аз хатми консерватория  М. Ҳасанова таҳсилро дар ассистентура – коромӯзӣ идома медиҳад. Дар ин давра квартети тории № 2 – ро эҷод менамояд, ки дар консерти плениуми ҷавонони Иттифоқи композиторони СССР  бо муваффақият иҷро карда шуд. Аз ин муваффақият рӯҳу илҳом гирифта, достони симфонӣ барои оркестрро эҷод менамояд.
Манзура Ҳасанова узви Иттифоқи композиторони СССР интихоб мегардад. Пас аз хатми ассистентура ӯ ба Душанбе баргашта, кори эҷодиро бо фаъолияти ҷиддии омӯзгорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мепайвандад. Ҳамвора бо омӯзиш ва таҳқиқи назария ва амалияи санъати мусиқии тоҷик машғул аст. Самти асосии пажӯҳиши илмии ӯро эҷодии композитори ҷавон, алоқамандии унсурҳои фолклорӣ бо тамоюлҳои гуногун ва услубҳои муосир ташкил медиҳад. Дар эҷод бошад, Манзура Ҳасанова ба мусиқии вокалӣ рӯ меорад.
Мусиқиаш барои иҷрокунандагон гуворо  ва сомеон хеле форам аст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.03.2017    №: 52    Мутолиа карданд: 928

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед