logo

фарҳанг

НУРИ ЧАШМ

Ҷавонмард аз замони тифлӣ чунин таҳқиру маломатро таҳаммул мекард: «Модари ту кӯр, модари ту якчашма». Чун ба мактаб омад, боз ҳам ҳамсинфонаш бо чунин суханҳои дилрешкунанда пешвоз мегирифтанду мегуселонданд. Аз ин ваҷҳ, аз хурдсолӣ дар дилаш нафрати ниҳоние нисбат ба модараш пайдо шуд. Гӯё норизо буд аз он, ки зодаи зани якчашма аст.
Ӯ бо аламу хории зиёд, вале хубу аъло хонда, донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Соҳиби ҷойи кори хуб, оила ва хонаи ҷудогона гардид. Модари пиру нуқсондори худро дар он ҳавлӣ гузошту худ ба шаҳр кӯчид ва бо ин роҳ аз маломату таҳқир «халос» шуд.
Албатта, ҳамсоязанҳо модари ӯро танҳо намегузоштанд. Борҳо ба воситаи ҳамсояҳои ба шаҳр раванда хоҳиш намуд, ки писараш биёяд ва пеш аз марг рӯяшро бубинад. Аммо наомад, савори аспи ғурур буду пеши пиразани якчашма омаданро ор медонист.
Вақту соаташ расиду модар дунёро падруд гуфт ва ба ҳамсоязан номае дода, таъкид кард, ки агар ба ҷаноза ояд, бирасонед. Писари мутаккабиру ҷоҳил бо «гардани баста» ба мотам омад ва чун бегонаҳо аз шарм худро аз ҳозирон дур гирифта меистод. Ин замон нома ба дасташ расид. Дар нома чунин сатрҳо буданд: «…Ту кӯдаки сесола будӣ. Ногоҳ ҳангоми бозӣ афтодиву чашми ростат сахт зарба бардошт ва масъалаи иваз кардани чашмат ба миён омад. Бе ҳеҷ дудилагӣ чашми худро ба ту додам, то дунёро бо чашмони ман бинӣ. Ман аз ту розиям, Худо дар паноҳаш нигаҳ дорад. Туро дӯст медорам».
Таҳияи Бузургмеҳри  БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.03.2017    №: 52    Мутолиа карданд: 826

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед