logo

фарҳанг

ФАРИШТА

Кӯдак чун дарёфт, ки фардо тавлид мешавад, бо андуҳи бузург рӯй ба Офаридгор оварду бо ӯ сухан гуфт. Ҳотифе аз ҷониби Худованд ба пурсишҳояш посух дод ва шодаш намуду умедвораш сохт, ки дар ин омадан ҳазор файз асту баракату ҳикмат. Ин гуфтугӯ бад – ин сурат буд.

Кӯдак: - Маро фардо ба замин, ба дунё мефиристӣ. Мебинӣ, ки ман хурдам? Ба ин син, ба ин ҳол бе ёрие чӣ гуна метавонам ба он ҷо биравам ва зиндагӣ ба сар бибарам?
Ҳотиф: - Дил хуш бидор ва ғам аз худ дур бикун. Аз миёни фариштагони зиёди худ бо амрам яке дар хизмати ту хоҳад буд. Ӯ дар интизори туст ва туро он гуна, ки шоиста аст, нигаҳдорӣ хоҳад кард.
Кӯдак: - Эй Офаридгори бузург! Ман дар ин ҷо, дар ин макон бисёр хуш ҳастам. Кореву заҳмате надорам. Механдам. Бо шодмонӣ овоз сар медиҳам.
Ҳотиф: - Он ҷо низ андуҳе ба хотират роҳ намеёбад. На коре дорӣ, на заҳмате. Биханд, бо шодмонӣ овоз сар бидеҳ. Ва ҳам фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯят лабханд хоҳад зад. Ӯ ба ту меҳр дорад, ишқ дорад ва ту аз ин ҳама бештар шод мегардӣ.
Кӯдак: - Охир ман забони он мардумро намедонам. Пас, чӣ гуна бо онҳо сухан мекунам ва ҳам мефаҳмам, ки чӣ мегӯянд?
Ҳотиф: - Фариштаи ту зеботарину ширинтарин вожаҳоро дар гӯши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чӣ тавр сухан бигӯию суҳбат бикунӣ.
Кӯдак: - Шунидаам, ки дар замин, дар дунё одамҳои баде ҳам ҳастанд, зиндагӣ мекунанд. Аз онҳо маро, ки бисёр хурдаму нотавон, кӣ муҳофизат менамояд?
Ҳотиф: - Он фариштаат муҳофизи ту аст. Туро ҳифз хоҳад кард, агар ба қимати ҷони худаш ҳам бошад.
Кӯдак: - Худовандо, агар ҳукм аст, ки биравам, дигар бе ҳеҷ ғаму андуҳ ва андеша, балки бо шодмонӣ хоҳам рафт. Аммо номи фариштаамро намедонам. Ӯро бо кадом ном садо бикунам?
Ҳотиф: - Гуфтам, ки дил хуш бидор. Он фариштаат хуб медонад, ки бо чун ту кӯдаки нотавон чӣ бикунаду чӣ бигӯяд. Ӯ вазифаи худро медонад ва ба дурустӣ иҷро мекунад. Ҳолиё дар интизори омаданат ҳаст. Донистани номи фариштаат муҳим нест. Метавонӣ ӯро бо содагӣ «Модар» ном бибарӣ.
Кӯдак тавлид шуд, ба дунё омад. Нахуст пиндошт, ки фариштаашро наёфтааст, аз ин рӯ, гирист. Аммо он фаришта ӯро дар оғӯшаш гирифту пистон бар даҳонаш ниҳоду хомӯшаш намуд. Пас аз андак вақт кӯдак чашм боз карду фариштаашро дид ва хандиду бо хотири ҷамъ ба хоб рафт.
Оре, ҳар кадоми мо, ки дар он даврон кӯдак будем, ба яқин, дар симои Модар он фариштаи сиришта аз меҳри Худоро дидем. Ӯ дар иҷрои ҳеҷ вазифааш, воқеан, андаке ҳам таъхир накардааст. Моро дӯст дошт ва дар қимати ҷони азиз ҳифзамон намуд. Сухан гуфтанамон омӯхту роҳ рафтан. Пас аз он, ки ба сол бузург шудем, аз ёд бурдем, ки ӯ фаришта аст. Оё дарк кардем, фаҳмидем, ки бояд шукргузор бошему ҳама меҳру ишқу меҳнату заҳматҳояшро посух бидиҳем? Аммо агар нек биандешем, ин ҳақиқат бори дигар собит мегардад, ки якшаба ранҷашро бо ду олам баркашида наметавонем. Барҳақ, мо аз ҷуброни заҳматҳои ошиқонаи ин фариштаи Илоҳӣ оҷизему нотавон. Дар ин ҳол виҷдон, бе ҳеҷ шаке, ранҷу азобамон медиҳад. Вале боз меҳри ин фаришта аз ҳама ранҷу азобамон мераҳонад. Ӯ моро боз худ ноаён меомӯзад, ки агар барои лаҳзае хотири муборакашро шод бинамоем, бо меҳр номашро бар забон бигирем, яъне, «Модар» бигӯем, аз ӯ бахшишу дуо бихоҳем, шоҳиди табассуми зебояш мешавем. Дар ин ҳол дасти дуо бармебардорад ва ин дуо фатҳу кушоишамон меораду Худоро ҳам аз мо хушнуд мегардонад.
Хоки пойи модарон зар аст, балки аз он бартар, чунки биҳишт зери қудуми онҳост. Пас, ба қадри ин фаришта бояд бештар бирасем.

Абдукарим МУСТАФОЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.03.2017    №: 52    Мутолиа карданд: 945

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед