logo

иҷтимоиёт

ХУМОРИ МОДАР

Овони бачагиро давраи тиллоӣ мегӯянд. Вале, ҳар кас ин давраро ҳар хел мегузаронад. Бо ҳама нишоту лаззат ман ин овонро тиллоӣ унвон дода наметавонам...

Бузургтағоям Нурхон – раисро ба сифати мудири мағоза ба ноҳияи Данғара фиристоданд. Раис бо ҳамсараш Лақайбӣ (момаам) зиндагии хуш доштанд, аммо чандин сол ҳар ду танҳо ба сар мебурданд. Дар нишасти хайрбодӣ бо аҳли авлод раис эълон дошт, ки Мустафо ва Ҳоҷимоҳро (волидони банда) бо худ мебарам. Падарам писари акаашон буду модарам хоҳарбузургашон. Нафаре ҳадди не гуфтан надошт. Нурхон-раис ҳам ба сол ва ҳам ба мартаба бузург буд. Эшон чун дид, ки ҳама дам фурӯ бастаанд, афзуд:  «Дар байни мардуми бегона, тани танҳо, бо як Лақайбӣ чӣ хел зиндагӣ мекунам. Онҳо ҳамроҳ мераванд».
Ҳамин сон, моҳи июли соли 1957 мани 39-рӯза дар бағали гарми модар, аз зодгоҳ – рустои Чашмаи Чӯҷаи собиқ ноҳияи Кангурт ба деҳаи Кавраклӣ (ҳоло Лолазор)-и ноҳияи Данғара кӯч бастем. Безобитагии тағоямро баъди сари ақл омадан дарк намудам. Янгаам, бонуи миёнақади резапайкару сабзина ва ширинрӯе буд, ки бо як табассуму зебоиш рашки оламро меовард.
Аммо, модарҷонам аз ӯ бамаротиб хушрӯ буд. Ба назарам дар авлоди ҳайдарбойиёни кангуртӣ тӯли 50-60 соли ахир мисли ӯ парирухи дигар тавлид наёфта. Ҳол он ки шумораи ин авлод бағоят зиёд ва теъдоди хубрӯёнаш низ, шукрона, кам нестанд, аммо он ҳама ба пояи очаҷонам намерасанд. На ба хушрӯӣ, на ба назокату фаросат. Модарам зани миёнақади оҳусифат, сафеди сафед, хушхулқу ботамиз, боҳаёву боиффат буд. Боз чӣ сон тавсифаш созам, ки ба серӣ надидамаш...
Ҳамагӣ нуҳ сол доштам, ки моми зебову паричеҳраам аз дори дунё гузашт. Хонаи ободу сермеҳмон, ҳавлии васеу дуошёнаи гилини қутбнамои деҳа ба қавле дар ду рӯз ба харобазор табдил ёфт.
Аз модари пурармонам ҳатто ягон акси хурдакаки шикаставу рангкоста ҳам ба ёдгор намонд. То ҳанӯз симои зебояшро дар хоб мебинам. Тамоми умр, дар раҳу рӯ, рустову барзан, дар симои бонувони зебо акси рухи модарҷонамро меҷӯям. Ҳар бори бо аврати хушрӯе вар хӯрдан фикрона натиҷа мегирам, қиёс мекунам, на, модари ман аз инҳо хушрӯтару зеботар буд, мисли парӣ...
Гаштаву баргашта, ҳар замон, ҳар лаҳза бо дидани бонуи ширинрӯе дасту по мехӯрам, ёди модар мекунам. Мехоҳам, лаҳзаяке пеши рӯям чеҳраи зебояш падид ояд. Аммо...
Аз ҳаёти нуҳсолаи зиндагӣ бо модар се - чор лаҳзае дар хотирам нақш баста, ки чандеро рӯи коғаз меорам.

ЛАҲЗАИ ЯКУМ. Дар мағоза пуфак оварданд. Он давру замон ин бозича тухми анқоро мемонд. Бачаҳо дар сарак пуфакбозӣ мекарданду ман бо ҳавас ба онҳо менигаристам. Падар дар саҳрову модар дар мактаб. Аҷиб он ки пуфакро дар мағоза на бо пул (сӯм), балки бо тухми мурғ иваз мекарданд. Таҳқиқ бурдам. Танҳо онро дар як ҷо, дар таҳи пои мурғи хона, даҳ - дувоздаҳ тухмро модарам барои чӯҷабарорӣ мойнӣ монда буд, метавон дарёфт. Он мурғ байни боми алавхонаву меҳмонхона, таги нигас мехобид. Хонаро холӣ дарёфтам, рафтам болои боми пастак. Лаҳзае бо мурғ чашмбарак кардем, ӯ ба ман менигаристу ман ба ӯ. Ахир сари зону чунгак нишастам ва аз зери каши мурғ ду дона тухмро рабудам. Рустоиҳо хуб медонанд, ки аз зери пойи мурғи курк тухм гирифтан ин ба ҷанги тан ба тан баробар аст. Аҷабо, мурғ ба рафтори ман монеъ нагашт, ҳатто нахусид, кут назад.
Сӯи мағоза шитофтам. Пуфак тамом шуда будааст, дуд аз димоғам баромад. Дукондор бо найранг тухмҳоямро гирифта, бар ивазаш ду қуттича рӯғанак дод. Бо лабу лунҷи овезон, маҳзуну ғамгин бадар рафтам. Бубинам, ки модарам аз сӯи мактаб меояд. Истодам, модарам пурсид: ”Умарҷон, дар ин ҷо чӣ мекобӣ?”. Иқрор шудам ва қуттиҳои рӯғанакро оҳиста болои дасташ ниҳодам. Чизе нагуфт, гӯё ҳодисае рух надода бошад. Дасти росташро ба китфам монд ва мо бари дар бар оҳиста-оҳиста сӯи хона раҳакӣ шудем. Зери чашм ба чеҳраи модар менигаристам. Лабонаш моили табассум. Ончунон ширин, бағоят хушрӯ буд модарам, ки дилам аз чеҳрааш нур меборид. Чизе намегуфт, кинояе ҳам намезад. Ҳайрон мондам, наход чизаке нагӯяд, танбеҳ надиҳад, гӯшмолеро лоиқ набошам. Баръакс, модарҷонам бо як ҷаҳон меҳр маро ба худаш ҷафс кард. Ҳар ду баробар роҳ мепаймудем, хапу хомӯш. Ман ба назар бари модар парвоз доштам. На он шому саҳар, на рӯзи дигару рӯзҳои баъдина аз ин боб модарҷонам бори маломат бар сарам нарехт. Ба падарам низ аз ин боб дандон сафед накард.
То ба имрӯз дар ҳайратам. Аҷаб рафтори наҷибона. Ба худ меандешидам, чунин модари хубро аз куҷо меёбӣ. Ҳар бори ба ёд овардани он лаҳза ба шеваи рафтори модарам қоил мемонам.  Худро таскин мебахшам, охир ман ҳам бачаи ганда набудам. Чи ҳам мегуфтед, бачаҳаки сазовори очаҷони меҳрубону ғамхор, хушқаду хушрӯҳаке будам. Аъло мехондам, талабаи намунаи мактаб...

ЛАҲЗАИ ДУВУМ. Соли охири ҳаёт, айни гармо модарам нотоб гашта, чанд муддат дар беморхона хобид. Дар масофаи 10 - 12 километр аз хонаамон. Рӯзе раиси хоҷагӣ, амаки Мусулмон гуфт: “Омода бошед, касалхона меравем.” Падар, ман ва додари ҳафтсолаам ба аёдати модар рафтем, дар мошини ГАЗ-69-и раис.
Модараки париваши хешро дидаму давидам ва сахт ба оғӯш гирифтам, бӯидаму бӯсидамаш. Модар низ аз дидори ҷигарбандонаш шодмон гашт. Қатраҳои ашк бари рӯяш ғел хӯрданд...
Ташна мондам, об пурсидам. Модарҷонам дар чойники хурдакак, ки дар бараш расми хӯшаи ангур дошт, обам дод. Аз ҷулики чойник об менӯшидаму ба чеҳраи модар менигаристам. Бонуи зебову ҳайратангез, ки мислашро надидаам. Ана ҳамон симои зебо дар лавҳи хотирам нақш баста. Рӯ ба рӯям парирухе ду дидаашро аз ман намеканд. Шояд меандешид, баъди сари ӯ аҳволи мо чӣ мешуда бошад...

ЛАҲЗАИ САВУМ. Моҳи марти соли 1966 саломатии модарҷонам вазнин шуд. Бародари бузургаш, тағоии дӯстдорам Маҳмадшариф, хоҳари афгорашро ба хонааш, ба деҳаи Найистони Кангурт бурд. Ҳама аз пушташ рафтем, падар, ман, ду додаракам – яке ҳафтсолаву дигаре навзод...
Як рӯз қабл аз вафоташон, модарам аз янгаам Сангимоҳ дархост менамояд, ки писаронамро биёред, то бубинамшон. Додарамро бурданду ман нарафтам. Намедонам барои чӣ...
Субҳи рӯзи дигар доду афғони ҳашт тан аз мардони солор, бародарони модарам ба қавле замину осмонро ба ларза овард. Ду шабу ду рӯз борон меборид. Бо оғози шевани пайвандон борон бас кард, аммо дарёи Тоҳир ҳамоно мехурӯшид. Борони сел дарёро дамонда буд. Аммо, садои шевани бародарон ғурриши наҳр, садои раъдосояшро пахш мекард. Садои баланду ҷигарсӯзи Нурхон – раис “ҷигарам, во ҷигарам...” аз ғулғулаи дарё баландтар садо медод. Дар қудратат бимирем, Парвардигор, мегуфтанд одамон, чунин садо, чунин ноларо то ин дам нашнида будем...
Банди дилам меларзид. Дарё ҳамоно мехурӯшиду меғурид. Аз он бим доштам, ки ҳолӣ ё замони дигар наҳри хурӯшон хонаву дари тағоямро, ки дар лаваки дарё қарор дошт, ба коми аждаросои хеш фурӯ мебарад...
Модарам моро тарк гуфт. Мо, се додаракони ҳанӯз хурдакаку ноболиғ зору низор мондем. Додараки навзодам ду моҳ пас аз олам гузашт. Ғам дар хонаи мо ҳукм меронд. Боварам намеомад, ки модарҷони азизам дар бари мо нест. Раҳашро мепоидам, ҳам рӯзу ҳам шаб, моҳҳову солҳои дароз...
Ҷавонмарди баору номуси авлод, тағоям Алихон моро аз Кангурт ба хонааш, ба деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара овард. Ва дари меҳмонхонаашро ба рӯямон боз кард...
Аз синфи панҷумӣ маро падарам ба мактаб - интернати          № 1 - и шаҳраки Данғара супурд. Ба хотири мо ва ё модарам, ки падар 12 сол хонадор нашуданд.
Ақидаест, ки ақли мард дар чилсолагӣ медарояд (мепазад), аммо ман дар 14 - 15 - солагӣ ба назарам солор, бармаҳал пухтаву боақл шуда будам. Сар аз синфи ҳафтумӣ, аз Яздони пок илтиҷо мекардам, ки падарам бемор нашавад, дар раҳу рӯ, бе мо бе соҳиб намонад.
Ба очадорҳо ҳавасам меояд. Ҳини мактабхонӣ ба бонуи ширинрӯ, сарпешоҳанги интернат Муродгули хушсурату хушхулқ ва ба ҳамсари муаллими Манон (модари Ситора Шерова) ба ҳавас менигаристам. Акси ҳунарпешаи дӯстдоштаам Тамара Коковаро бошад, чун симои модари ғӯрамаргам аз солҳои 80-уми асри гузашта ҳамроҳ дорам. Аҷаб занҳои нуронианд. Ва бо дидани онҳо, бо  ҳамин шева ором мешудам, худро таскин мебахшидам, балки хумори беочагиро мешикастам.
Инак як умр аст, ки бемодарам, вале ҳоло ҳам ба умедам. Ба гирду вана синчакорона назар меандозам. Кадоме аз духтарон, занони хушлиқо шабеҳи модарҷонам аст. Дар рухи бонувони хушрӯ симои модари азизу армониямро меҷӯям.
Аз ҳама зиёд ба серӣ надидани дидори модар маро андуҳгин месозад. Сағира мардум орзуҳои беҳудудеро дар кунҷи қалб мепарваранд. Ман, аслан, сағираи чашмсерам, ба касеву чизе бор надорам, бухлу кина намеварзам, парвои дунё ҳам надорам, кӣ чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад, ба мошин меравад ва ё бо самолёт мепарад. Танҳо як чизро таманно дорам, ки акси модарҷонамро дарёбам. Боқӣ ҳеҷ...
Умари  ШЕРХОН, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.03.2017    №: 52    Мутолиа карданд: 877

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед