logo

иҷтимоиёт

ИЛМ ВА САҲМИ АРЗАНДАИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР РУШДИ ОН

Дастоварду  комёбиҳои занон дар соҳаҳои гуногун, хусусан дар самти илм гувоҳи он аст, ки онҳо дар рушду пешрафти ҳама соҳаҳо  худро  муваззаф ва шарики боэътимоди мардон мешуморанд. Имрӯз занҳои тоҷик дар ҳама самтҳои илм фаъолият намуда, ба дастовардҳои хуб ноил гардида истодаанд.  Ихтироти зиёди илмӣ бо номи онҳо сабт шудааст.

Ҳоло танҳо дар институтҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ зиёда аз  30 дарсади кормандони илмӣ – таҳқиқотиро занон ташкил медиҳанд. Занону духтарони  дар зинаҳои магистратура ва аспирантураи академия  таҳсилкунанда 50 дарсади шумораи умумии хонандагонро ташкил медиҳанд. Ба ҷуз ин, миқдори зиёди занҳо дар  муассисаҳои илмии тобеи вазорату идораҳои алоҳида фаъолият доранд.
Ба иттиллои коршиносон, дар замони шӯравӣ низ  занҳо ба корҳои илмӣ машғул буданд. Дар ин самт ихтироот низ доштанд ва аксарияти онҳо дар амал тадбиқ шудаанд. Аммо бештари ин ихтироот дар ҳаммуаллифӣ  бо мардон ба даст омадаанд. Ҳоло занон дар ихтироъкорӣ мустақил ҳастанд ва соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам овардааст, ки онҳо ихтирооташонро дар форумҳои байналмилалӣ  муаррифӣ намоянд.
Бино ба иттилои  Маркази миллии патенту иттилоот, ҳоло дар кишварамон 140 зани ихтироъкор  дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, металлургӣ, механика, кимиё, кимиёи металлургӣ, нассоҷӣ, фармасевтӣ ва байторӣ фаъолият доранд.
Ба гуфти Тоҳир  Холиқов, муовини аввали директори  Маркази миллии патенту иттилоот, занони донишманди тоҷик тавонистанд обрӯю нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд  бардоранд. «Созмони  умумиҷаҳонии  моликияти  зеҳнӣ, Ассотсиатсияи занҳои ихтироъкори  Корея  ва Идораи моликияти зеҳнии  Корея  дар шаҳри Сеул – пойтахти Ҷумҳурии  Корея ҳамасола намоишгоҳи ихтироот ва Форуми  занҳои ихтироъкори  ҷаҳонро  баргузор  менамоянд. Дар он намояндагони 25 кишвар ширкат  меварзанд. Ихтирооти бонувони тоҷик чанд соли охир дар ин намоишгоҳи бонуфузи  байналмилалӣ баҳои баландро  сазовор шуда, бо медалҳои тилло, нуқраву биринҷӣ қадр шудааст», - иброз медорад Т. Холиқов.           
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.03.2017    №: 52    Мутолиа карданд: 829

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед