logo

сиёсат

ФАЙЗИ ҲАСТӢ

Ҳамасола 8 - март дар саросари мамлакат ҳамчун Рӯзи модар васеъ, бо шукӯҳи хос, ба хотири арҷгузорӣ ба бузургии зан - модар таҷлил мегардад. Ин иқдом, яъне ҷашни Рӯзи модар аз хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва қадршиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олиҳаи зиндагӣ сарчашма мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравии ҷомеа ва тарбияи насли солимро аз баракати модарон медонанд ва доим таъкид менамоянд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст.
Барҳақ, модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.
21 июни соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт барои бунёди Маҷмааи кӯдакон бо номи “Меҳри модар” барои 1200 ҷой бо Муҷассамаи модар майдони васееро интихоб намуда, барои сохтмони он оғоз бахшиданд. Ин иқдом, яъне бунёди чунин як маҷмаа ба хотири гиромидошти қадру манзалати зан - модар дар мулоқоти анъанавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар дар ҷамъомади тантанавӣ 6 марти 2015 ба миён омада буд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” намунаи олии чунин қадршиносию баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон, бино ба эътирофи коршиносон, аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар имрӯзҳо бонуи тоҷик роҳбари кордон, донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Айни замон 2 нафар бонувон аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 нафар раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016” 2608 нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намуда истодаанд. Дар соли таҳсили 2015 - 2016 аз 1312 нафар ҷавононе, ки тибқи квотаи президентӣ қабул гардидаанд, 678 нафари онҳоро духтарон ташкил дод ва 123 нафар духтарони тибқи квота дохилшуда, соҳиби маълумоти олӣ гашта, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият намуда истодаанд. Аз ҳисоби ҷавонзанони тибқи квотаҳои президентӣ мактабҳои олиро хатмнамуда 9 нафар ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ таъйин карда шудаанд. Ба ҳолати 1 сентябри соли гузашта 1446 нафар хизматчии давлатӣ, аз ҷумла 219 нафар занон, дар озмунҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуда, аз онҳо 735 нафар, аз ҷумла 149 нафар занон, ба мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд. Чунин мисолҳо хеле бисёранду беохир.
Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони касбу кори гуногунро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар пешрафти ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ қадр мекунанд. Ин таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ масъулияти занону модаронро пеш аз ҳама барои тарбияи фарзандон дар роҳи хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ бештар мегардонад.
Бино бар таъкиди Сарвари давлат, нақш ва таъсири модарони азиз дар амри тарбияи фарзандон, хусусан духтарони худ, дар рӯҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ, ба роҳи дурусти ҳаёт ва барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо, бузург ва ҳалкунанда мебошад. Яке аз ҳадафҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ ба ҳамин хотир аст.
Зимни мулоқотҳои анъанавӣ бо занону бонувон ва духтарони фаъоли кишвар дар арафаи Рӯзи модар Сарвари давлат онҳоро бо идашон, ки ба оғози фасли зебои баҳор рост меояд, шодбош мегӯянд ва дар симои иштирокчиён тамоми модарони тоҷикро табрику таҳният менамоянд. Ин аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан - модар олиҳаи зиндагӣ барои мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагӣ, солимии модарон ва иштироки фаъоли онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Дар навбати худ тамоми мардуми кишвар ва модарони тоҷик ба зан - модаре аҳсан мегӯянд, ки чунин фарзанди фарзонаро барои наҷоти миллат ба халқи тоҷик ҳадя намуданд. Дуои модари меҳрубон Майрамбону, рӯҳашон шод бошад, барои писар, ки дар рӯзҳои сахту сангин раҳнамову роҳкушои халқ гардид, мустаҷоб гардидаву имрӯзҳо бо шарофати фотеҳаи неки модари мушфиқу ғамхор фарзанди азизаш барои шукуфоии давлату миллат, пешрафти сарзамин ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ содиқона хизмат менамояд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Самариддини АЙНИДДИН,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.03.2017    №: 52    Мутолиа карданд: 1102

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед