logo

иҷтимоиёт

ЧАШМАИ ЭМОМАСКАРА

Чашмаи Эмомаскара аз шумори он обҳои нодири Тоҷикистон аст, ки дар баландии беш аз 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Азбаски чашма дар кӯҳи бузурги Ҳазрати Эмоми Аскарӣ воқеъ аст, номаш муродифи ин кӯҳи бузург афтодааст. Чашма дар қисмати ғарбии кӯҳ, дар зиёратгоҳи зоирон, зери як равоқи сангин ҷойгир аст.

Мавзее, ки чашма воқеъ аст, ба сифати яке аз ҷойҳои муқаддаси мазори Ҳазрати Эмоми Аскарӣ шинохта шудааст. Ин ҷой, қабл аз ҳама, бо намуди зебои худ диққати бинандаро ҷалб месозад. Хусусан, манзараи ҷойгиршавии чашма, аз мавзеъҳои зеботарини кӯҳи Эмомаскара ба шумор меравад. Дидани ин манзараи зебо ва ҳайратангез касро ба олами афсонаҳо мебарад. Кас тааҷҷуб мекунад, ки чӣ гуна дар камари ин кӯҳи бузург, ки саропо аз қабатҳои ғафси сангин иборат аст, чашмае бо ин қадар зебоӣ метавонад арзи ҳастӣ намояд.
Воқеан ҳам, агар ин чашма дар замин мебуд, шояд бо он ҳама зебоияш чандон аҷобате намедошт. Вале будани ин чашма кӯҳро наметавон тасаввур кард.
Онро равоқи сангине аз се тараф пӯшондааст. Дохили он, тақрибан, 200 метри мукааб ҳаҷм дорад. Оби чашма аз боло, яъне аз сақфи он, ки тақрибан 4 - 5 метр баландӣ дорад, аз як сӯрохие, ки монанд ба сурохии санги осиёб аст, ба поён  мешорад. Ҳангоми резиш, агар дурусттар назар андозӣ, аз чанд ҷои дигари он низ, бо ҷӯйчаҳои риштамонанд шоридани обро мушоҳида мекунед. Ин ҳама, дар маҷмӯъ, як чашмаи зебоеро ба вуҷуд меоранд, ки ҳаҷми обаш баробар ба андозаи банди дасти як навраси даҳсола аст.
Ҳавои он ҳамеша сард аст. Маълум, ки саропо сангпӯш буданаш онро сард нигоҳ медорад. Ҳангоми зимистон оби ин ҷо ях мекунад ва он то аввалҳои моҳи июн об намешавад.
Дар хусуси то чи андоза сарду шаффофу зулол будани об миёни мардуми маҳал ва сайёҳону зоирин баҳсу мунозираҳои зиёде ба вуҷуд меояд. Вале, саранҷом, ҳама касоне, ки баҳсу мунозира мекунанд ба чунин хулоса меоянд, ки аз ин чашма дида, сардтару лазизтарашро пайдо кардан имкон надорад.
Алихон ЗАРИФӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 790

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед