logo

иқтисод

СОДИРОТ. АЗ ИМКОНИЯТҲОИ НАВ ИСТИФОДА МЕШАВАД

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ин мусоидат кардан ба бунёди корхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва афзудани иқтидори содиротии мамлакат мебошад. Дар доираи татбиқи ин сиёсат бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ сол то сол бунёди корхонаҳои ватании  истеҳсолу коркарди маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 аъзои Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ буда, стандартҳои он барои меваю сабзавоти тару тоза ва маҳсулоти хушки онҳо дар савдои байналмилалии байни давлатҳои аъзо татбиқ карда мешаванд. Бо назардошти рушди истеҳсол ва содироти меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ имрӯз зарурияти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пеш омадааст.
Агентии  Тоҷикстандарт  бо комиссияи ин созмон ҷиҳати истифодабарии стандартҳои кишоварзии  сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи  стандартҳо дар савдои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо аз ҷониби коршиносони Тоҷикстандарт ду лоиҳаи стандарти UNECE оид ба меваҳои тару тоза (хурмо ва биҳӣ) таҳия ва пас аз баррасӣ дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба стандартҳои кишоварзии  сифат ва дастгирии давлатҳои аъзо қабул гардиданд. Ҳамкориҳо бо комиссияи мазкур барои  ҷорӣ намудани низоми нави назорати  сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ва баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат мусоидат мекунанд.
Ибодулло Қурбониён, директори агентӣ, зимни суҳбат зикр намуд, ки дар самти дастгирии соҳибкорӣ бо дархости ҶДММ “Баракат Исфара” аз тарафи агентӣ стандартҳои комиссияи созмон “Себи хушк” (стандарт ЕЭК  ООН  DDP-16) ва “Олуи хушк” (стандарт ЕЭК  ООН  DDP-07) ҳамчун стандарти миллӣ қабул шудаанд. Ин амал ба корхона ва дигар содиркунандагони ин навъҳои меваи хушк имкон  медиҳад, ки маҳсулоти худро бемонеа ба бозорҳои Аврупо ворид намоянд.
Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳи июн гурӯҳи кории агентӣ барои таҳия ва муаррифии стандартҳои меваи хушк ва зардолуи хушк дар иҷлосияҳои  КАИ ООН дар шаҳрҳои Женева ва Тошканд иштирок карданд. Пешниҳоди  Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ  қабул гардид. Маводе, ки барои пешниҳод бо иловаҳо ба стандарти  зардолуи бедонак DDP-15 дар ҷумҳурӣ таҳия гашт, аҳамияти байналмилалӣ дошта, корҳои таҳлилӣ ва ташхисиро дарбар мегирад.
Ҳамчунин, барои қабули стандарти “Зардолуи хушк” (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) ҳамчун  стандарти  миллӣ, бо мақсади содироти минбаъдаи маҳсулот ба Аврупо дархост пешниҳод гардид. Дар ин самт намояндаи Агентии Тоҷикстандарт ва Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара дар Шӯрои машваратии комиссия дар шаҳри Женева иштирок намуда, доир ба ворид намудани тағйирот ба стандарти “Зардолуи хушк” дархост намуданд. Дархости ҷониби Тоҷикистон аз тарафи комиссияи мазкур пазируфта шуд.
- Моҳи ноябри соли гузашта гурӯҳи корӣ таҳияи шакли нави стандарти зардолуи бедонакро баррасӣ карда, барои баррасӣ ба давлатҳои ҳавасманд пешниҳод намуд, ки бешубҳа, яке аз дастовардҳои муҳими мақомоти Тоҷикстандарт дар ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони меваҳои хушки Тоҷикистон ва шарикони рушд мебошад. Қабули стандарти мазкур аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, на фақат соҳибкорони Тоҷикистон, балки соҳибкорони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ аз он баҳраманд мегарданд, - гуфт И. Қурбониён.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 879

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед