logo

иқтисод

НАМАК. МУАММОҲОИ КОНҲОИ КӮЛОБ

Аз рӯйи таҳқиқи олимон, садсолаҳо пеш минтақаи кунунии Кӯлоб зери оби бузург қарор доштааст. Масоҳати кӯл пастию баландиҳои ҳудуди  навоҳии Темурмалик, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва як қисми шаҳри Кӯлобро дар бар мегирифт. Пеши кӯли бузург аз қисми ҷанубии ноҳияи Фархор баста буда, ба он оби се дарё: Панҷ, Сурхоб ва Ёхсу мерехтааст. Регрезаҳои таги теппаҳои Фархор аз мавзеи Золи Зару Уртабуз то деҳаи Иттифоқ нишонаи он аст, ки замони ниҳоят қадим маҷрои дарёи Панҷ аз ҳамин ҷо мегузаштааст. Ҳамчунин, тахмин задаанд, ки намак ҳангоми аз 3 то 5% зиёд шудани ғилзат (консентратсия) дар кӯл ба  таҳшиншавӣ сар мекунад. Таҳшиншавии намак пеш аз ҳама аз ҳамон ҷойе шурӯъ мешавад, ки оби кӯл камҳаракат бошад. 
Чунин мавзеъҳо камарҳо, халиҷҳо, заминҳои фурӯрафтаи назди кӯл буда метавонанд. Баъди ҳазорсолаҳо намаки кӯл аз ҳисоби оби рӯдхонаҳо афзуда, қабат ба қабат такшин шудааст. Се кони калони намаки минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мувофиқ ба қонуни табиие, ки Замин дар як шабонарӯз дар гирди тири худ як маротиба чарх мезанад, аз тарафи рости дарёҳо ба вуҷуд омадаанд.
Кони намаки Танобчӣ (дар ноҳияи Темурмалик) аз ҷиҳати тиббӣ хосияти давоӣ дошта, дар тарафи рости дарёи Сурхоб ҷойгир мебошад. Намакаш сурхранги хушсифат аст, барои мардуми маҳал ва чорвои онҳо ба садсолаҳо мерасад.
Намаки Хоҷасартез ҳам дар тарафи рости дарёи  Ёхсу воқеъ мебошад ва аз ҳисоби таҳшиншавӣ рӯ ба ҳастӣ овардааст. Кон аз шаҳри Кӯлоб дар масофаи  8 километр дар шимолу ғарб ҷойгир аст. Таҳқиқгарон захираи намаки онро миллиардҳо тонна муайян кардаанд. Дар намаки он миқдори хлориди натрий 97 - 98 дарсад аст.
Кони намаки дар олам машҳури Хоҷамуъмин дар ҷониби рости дарёи Панҷ, ки ҳазорсолаҳо аз паҳлуи он мегузашт, пайдо шудааст.  Ин кон 24 километр дуртар аз ҷануби ғарбии шаҳри Кӯлоб ва 4 километр ҷанубтари шаҳраки Восеъ ҷойгир мебошад. Шакли зоҳириаш гунбази ниҳоят калонро ба хотир меорад. Намаки он сафеди сабзтоб ё сурхчатоб мебошад.  Болои кӯҳ чуқуриҳои калони зиёд дорад. Кӯҳ аз сатҳи водӣ тақрибан  900 метр баланд аст. Тибқи маълумоти илмӣ, захираи намаки он зиёда аз 30 миллиард тонна мебошад. Дар таркиби намаки он 93,7% хлориди натрий мавҷуд аст. Аз домани кӯҳ 183 чашмаи шӯр ҷорӣ шуда, дар палҳо намак таҳшин мешавад. Айни замон, намаки Хоҷамуъминро дар корхонаҳои ноҳияҳои Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди коркард қарор додаанд.
Кӯҳи Хоҷамуъмин дар назар кабуд метобаду гӯё ҳама намак аст. Аммо он фиреби назар буда, асосан намак дар қисми шимолии кӯҳ мавҷуд мебошад. Сайёҳон агар аз қисми шарқӣ ба боло бароянд, ҷойи оташфишон (вулқон)-ро мебинанд. Ҳамин оташфишонӣ бо як неруи бузург шӯробаро ба болои кӯҳ пош додааст. Он ҷойе, ки шӯроба нарасидааст, заминаш хоки муқаррарӣ дорад.
Дар бораи ин кӯҳ ривоятҳо зиёданд.  Яке аз тилисм ҳарф мезанаду дигар аз муъҷизот. Асрори он печидааст. Ҳар нафаре майли тамошои кӯҳ дорад, бояд ҳар лаҳза ҳушёру зирак бошад. Сайёҳ хоҳ нохоҳ аснои тамошо дар ҳарос меафтад.
Манзараи кӯҳи Хоҷамуъмин, ки бо шӯроба пӯшида шудааст, аз ҳисоби таркиши оташфишон ба вуқӯъ пайвастааст. Дар қисми шарқии он ба монанди оташдон манзарае ба чашм мерасад, ки дар натиҷаи гардиши бодҳо ва хокбориши бузург пӯшида шудааст.
Оташфишон тавассути вайроншавии олами маҳвшудаи набототу ҳайвоноти бо намак якҷо таҳшиншуда, ба амал меояд. Намак вайрон намешавад, аммо боқимондаи мавҷудоти (организми) зиндаи бо намак таҳшиншуда вайрон мешавад. Аз таркиби маводи пӯсида газҳои гарм ҷудо гашта, ҳаҷми фишорро меафзоянд. Ин қувваи ниҳоят азим аз ягон тарқиши замин чун фаввора берун зада мебарояд.
Се кони намаки вилояти Хатлон, се боигарии адонашавандаи табиӣ, ки насиби Тоҷикистони азиз гаштаанд, тӯли миллионҳо сол тавлид шудаанд. Ин конҳо бозгӯйи онанд, ки минтақаи замоне зери кӯли калон қарор дошта, тавассути тағйирёбии иқлим ба водии шукуфон табдил ёфтааст.
Бек ДАВЛАТОВ,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ноҳияи Восеъ, Аълочии маорифи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 1056

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед