logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Ман  собиқаи кории 40 - сола дорам. 15 сол дар собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия, дар вазифаҳои гуногун кор кардам. Бигӯед, ки ин понздаҳ сол ҳангоми ба нафақа баромадан ба назар гирифта мешавад?
И. ҶАЛОЛОВ, ноҳияи Ашт

- Моддаи 69-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст, ки тамоми давраи кори шаҳрвандон дар собиқ давлатҳои узви иттиҳод ба собиқаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад. Аз ин муқаррароти  қонун  бармеояд, ки ҳангоми ба нафақа баромадан 15 соли собиқаи кории шумо дар давраи собиқ ИҶШС бояд ба инобат гирифта шавад.

- Дар як манзили истиқоматӣ бо зану фарзандонам, иборат аз 4 оила, зиндагӣ мекунем. Аз соли 2012 инҷониб барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиат менамоям. Вале, масъулон мушкили моро осон гардондан намехоҳанд, яъне қитъаи замин ҷудо намекунанд. Чӣ бояд кард?
Н. С., сокини ноҳияи Бохтар

- Қитъаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат мебошад ва масъалаи ҷудо кардани он бо мақсадҳои тибқи қонун муқарраршуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад. Агар дар деҳот зиндагӣ кунед, вобаста ба эҳтиёҷмандии шумо ва аҳли оилаатон аз тарафи ҷамоати шаҳрак ва ё деҳот пешниҳоди асоснок омода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол мегардад. Аммо, агар ба гурӯҳи эҳтиёҷмандон дохил шаведу шуморо бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин накарда бошанд, он гоҳ метавонед мутобиқи талаботи моддаи 254 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон беамалии масъулонро дар суд мавриди баҳс қарор диҳед.
 

- Шавҳарам барои дарёфти кор ба Федератсияи Русия рафта, пас аз муддати муайян аз ман талаб дорад, ки агар хоҳиши давом додани зиндагии якҷояро дошта бошам, ақди никоҳамонро дар суд бекор карда, ба ӯ шаҳодатномаи талоқро ирсол намоям. Ман аз зиндагии якҷоя бо ӯ соҳиби 2 фарзанди ноболиғ мебошам. Илтимос, оқибати ҳуқуқии чунин амалро тавзеҳ диҳед?
С. А., сокини ноҳияи Вахш

- Дар асоси муқаррароте, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ақди никоҳ хусусияти ҳуқуқофаринӣ дорад, яъне аз лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дар бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ байни зану шавҳар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян пайдо мешаванд. Дар ҳолати бекор кардани ақди никоҳ бошад, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои занушавҳарӣ аз байн мераванд. Аз ин рӯ, шумо набояд дидаву дониста ба вайронкунии ҳуқуқҳои худ даст занед.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 801

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед