logo

иқтисод

БЕХАТАРӢ. ЧАРО ОДИТАРИН ТАЛАБОТРО РИОЯ НАМЕКУНЕМ?

Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар корхонаю иншоот 33 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолиро, ки дар натиҷа 20 нафар ҳалок гардида, 22 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, ба қайд гирифт.
Таҳлили ҳодисаҳои нохуш далели онанд, ки масъулини бархе корхонаҳо одитарин талаботи бехатариро риоя намекунанд ва ё шароити заруриро барои кормандон таъмин намесозанд. Дар рафти тафтишоти соли гузашта сабабҳои аксарияти ҳодисаҳои нохуш муайян шуданд: мунтазам кор накардани системаҳои ҳавотозакунӣ дар нақби шамолдиҳӣ; бо таҷҳизоти муҳофизатӣ таъмин набудани қисмҳои чархзанандаи дастгоҳҳои пармагарӣ; суст ба роҳ мондани назорати риояи талаботи «Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сохтмони иншооти зеризаминии гидротехникӣ».
Бемасъулиятии бархе аз роҳбарону масъулини ширкатҳои саноатии ватанию хориҷӣ аз мадди назари сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонда, бобати пешгирии ҳодисаҳои нохуши саноатӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Чунончи, ба тасвиб расидани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки соли 2016 мавриди амал қарор гирифт, бори дигар аз арзиши олӣ доштани  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гувоҳӣ медиҳад.
Боби 36-и Кодекси мазкур пурра ба кафолати ҳуқуқи «Корманд» ва «Корфармо» оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат бахшида шудааст. Тибқи талаботи банди 343 дар ҳолати иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби «Корфармо», ки боиси сар задани ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ мегардад, «Корфармо» уҳдадор аст, ки ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандро пардохт намояд. Тибқи банди 5 - и моддаи 243 «Ташкилот» ё вориси ҳуқуқии он уҳдадор аст, ки ба корманди дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюбшуда илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда, ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд.
Инчунин, тибқи банди 6 - и моддаи 243 «Корфармо» уҳдадор аст, ки ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба оилаи ӯ илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта пардохт намояд.
Мутаассифона, баъди ба тасвиб расидани Кодекси мазкур низ баъзе  масъулони корхонаҳо масъулият дарк накарданд, ки ин боиси нигаронӣ буда, татбиқи тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.
Меҳрафзун ДАВЛАТЗОДА,
мудири бахши умумии Хадамоти
назорати давлатии бехатарии корҳо
дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 770

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед