иҷтимоиёт
АЗ СИДҚ ТО САДОҚАТ
Файзулло Амиршоев чун олими ҷавон соли 2009 бо дастгирии фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба докторантураи Институти илмии чорводории Федератсияи Русия дохил шуд. Рисолаи ӯ «Роҳҳои баланд бардоштани хусусиятҳои биологӣ ва маҳсулнокии чорвои ширии Тоҷикистон» аз ҷониби олимони рус баҳои баланд гирифт. Зеро тадқиқотҳои анҷомдодаи муҳаққиқи ҷавон перомуни пешрафти соҳаи чорводорӣ, корҳои зотпарварӣ дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор оварда буданд. Ҳамин буд, ки соли 2012 ӯ рисолаи докториашро бо муваффақият ҳимоя намуд.
Баъди ба Ватан баргаштан, ӯро аввал мудири кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва баъди чанде декани факултети зооинженерӣ таъйин карданд. Файзулло Амиршоев дар ин давра аз худ қобилияти баланд нишон дода, воситаҳои самарабахши тарбияи донишҷӯёну олимони ҷавонро ба роҳ монд. Бо иқдоми ӯ корҳои пажӯҳишӣ миёни ҷавонон ранги тоза гирифтанд ва онҳо мақолаҳои илмии хешро дар маҷаллаи донишгоҳ ба табъ мерасонданд. Заҳматҳои Файзулло Амиршоев аз назарҳо дур намонд ва ӯ соли соли 2015 директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзӣ таъйин гардид.
Имрӯзҳо олимону мутахассисони институт таҳти сарварии профессор Файзулло Амиршоев бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ба хушзоткунии чорво таваҷҷуҳи махсус дода, барои зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ корҳои селексиониро ба роҳ мондаанд ва дар ин самт фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ва муассисаҳои сайёри маводи зотӣ боз ҳам беҳтар шудааст. Дар баробари ин, муҳаққиқон перомуни усулҳои назариявию амалии офаридани ҷинсу зотҳои сермаҳсули чорво, технологияи хӯроки чорво, биотехнология, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ҳолати чарогоҳҳо мудом дар пайи ҷустуҷӯву пажӯҳишанд.
Файзулло Амиршоев чун олими ҷӯяндаву навовар ва роҳбари муассисаи илмӣ лаҳзае фориғ аз фаъолият нест. Ӯ аълочии илм ва маорифи Тоҷикистон буда, муаллифи панҷ китоби дарсӣ, ҳашт дастуру маҷмӯаи таълимӣ, як патент ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ мебошад. Зери роҳбариаш шаш магистр рисолаҳои худро ҳимоя намуда, ҳашт унвонҷӯ машғули омода кардани рисолаҳои номзадӣ мебошанд. Мавсуф, ҳамчунин раиси Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва истеҳсоли хӯрока, технологияи хӯрондани чорво, раиси Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ва раиси Шӯрои илмии Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзӣ мебошад. Бо ташаббуси ӯ дар назди институт маҷаллаи илмию амалии «Чорводорӣ» таъсис дода шуд.
Олими ҷавон шукри соҳибистиқлоливу ваҳдат намуда, аз он фахр дорад, ки тайи ин солҳо кишвари тоҷикон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта, обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол баландтар мегардад. Ӯ иброз менамояд, ки маҳз ба шарофати дастгириҳои доимии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон солҳои ахир соҳаи чорводорӣ рушду нумӯ карда, ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфтааст. Ва, аз ин рӯ, чун нишони меҳру садоқат ба ин Ватан ва Пешвои муаззами тоҷикон Файзулло Амиршоев пайваста дар пайи тадқиқотҳои нав ба нав аст, то дар ривоҷу равнақи соҳаи илми кишвар саҳми арзандаи хешро бигузорад.
Маҷид САЛИМ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.03.2017 №: 53 Мутолиа карданд: 783