logo

фарҳанг

ҲОКИМОНИ ОЛАМИ МЕҲРУ ВАФО

Занон гурдофаридони замон ва ояндасозони ҷаҳон, муждарасону мунодии қаламрави ҳастӣ, ҳалқаҳои мустаҳками силсилаи наслҳо ва гулҳои зеботарину хушнакҳати боғи умеду армонҳо  мебошанд, ки баҳору зиндагиро тароват ва рангу оҳанг мебахшанд. Шояд табиат ҳам ба хотири  эҳтирому арҷгузорӣ ва тан  додан  ба бузургии модарон навбати Ҷашни «Рӯзи Модар» - ро дар кишвари мо, вобаста ба урфу одат ва одоби миллиамон пеш аз таҷлили фасли Наврӯз гузоштааст. Зеро  Рӯзи Модар дар кишварҳои олам дар санаҳои мухталифу фаслҳои гуногун таҷлил мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки тасвири бузургии модар ва расидан ба қадри  намаки меҳру вафои беандозааш аз китобҳои осмонӣ оғоз шуда, ба эҷоди суханварони  ҳама қарнҳо гузаштааст.
Дар Қуръони маҷид омадааст: «Ба одамӣ амр кардем, ки ба падару модари худ некуӣ бикун» (сураи Анкабут).  Хусусан дар сураи «Нисо», ки бозгӯи қисмати занон аст,  қудрати офаридгорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мавқеву мартабаи зан аз ҷониби Худованд  шарҳ дода шудааст. Дар  ҳадисҳои  Расули акрам (с) низ мақому манзалати зан борҳо таъкид гардидааст.
Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гирифтани Рӯзи Модар низ аз эҳтирому эътиқоди зиёд доштани падарону фарзандон нисбат ба модарон, ба  фариштагони даргоҳи бахт ва ба шарикони умр мебошад. Зеро нақши  модар дар обод нигоҳ доштани манзил ва таълиму тарбияи фарзанд ниҳоят бузург аст. «Мо барои озодии миллат ва ободии кишвар пеш аз ҳама ба модарони солиму огоҳ ниёз дорем», - гуфта буд дар замони худ лашкаркаши бузург  Наполеон. Ин таъкиди ҳушдоркунанда, хусусан дар замони пур аз тазод ва дар ҷаҳони пур аз ҷараёну  мазҳабҳои мухталиф,ки метавонад ҳар лаҳза зуҳуроти номатлубе эҷод кунад, судбахш аст. Танҳо волидон тавассути ба камол расондани ворисони арзанда метавонанд нақшаҳои бераҳмонаи бадхоҳонро барҳам зананд. Фарзандоне, ки тарбияи хуб дидаанд, дурандешу боодобанд ва тамоми умр ба қадри заҳмати модар мерасанд. Онҳо сарбозонеро мемонанд, ки дар лаҳзаҳои сахттарини қисмат, на танҳо сипари модари худ мешаванд, балки халқу кишварашонро аз ҳуҷумҳои ногаҳонӣ муҳофизат мекунанд. Умед аст, ки дар ин соли хотирмон, ки бо мақсади боз ҳам ободу зеботар гардидани мулки меросӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ  ва таъмин кардани  фардои дурахшони мамлакат Соли ҷавонон эълон шудааст, ҷавонони бо нангу номуси  кишвар, ки бори қисмати фардои ватандорӣ ба души онҳост, дар роҳи ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои наҷиб ҳастии худро дареғ намедоранд. Хусусан ҷавондухтарон, ки модарони фарзандони ояндаи миллатанд, дар сипоси ғамхории падаронаву эътибори ҳамешагии Пешвои миллат, ба хотири ҳифзи шаъну шарафи худ  бояд ҳар қадамро дар роҳи ҳаёт дониста гузоранд ва тан ба заҳмат дода, илмҳои замонро омӯзанд, аз маънии зиндагонии хушбахтона хубтар огоҳ ва барои тарҳрезии бинои оилаи мустаҳкам омода шаванд. Зеро тайи солҳои охир теъдоди пошхӯрии оилаҳои ҷавон афзуда, ташвишу нигаронии аҳли ҷомеаро бештар карда истодааст, ки сабаби ин ҳама назари сатҳӣ дӯхтани навхонадорон ба чеҳраи мураккаби зиндагӣ мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки лаззати даврони пирӣ аз самари заҳмати айёми ҷавонӣ ибтидо мегирад. 
Ҷавонӣ қиссаи рангини умр аст,
Сари андеша дар болини умр аст.
Нишоти пирӣ аз файзи ҷавонист,
Ҷавонӣ лаҳзаи вазнини умр аст.

Таҷрибаи рӯзгор ва гузашти айём борҳо исбот кардааст, ки модарон ва бонувони дурандеш ҳамчун сокинони маркази диёри ишқу муҳаббат ба мардони хеш ҷасорат, нангу номус, шаъну шараф ва қудрати ҳифзи сарҳади қаламрави ҳамқисматиро бахшида, онҳоро водор менамоянд, ки барои дар меҳани меҳру садоқати худ надидани нақши пои номаҳраму номуборакқадаме талошу ҷоннисорӣ кунанд.
Қиссаи «Зани порсо»-  и Фаридуддини Аттори Нишопурӣ, ки дар ҳар қадами ҳаёт таҳдидгари марг дорад, олитарин ҳикояти пос доштани  намаки ҳамқисматист. Ин достони меҳру садоқат, ки марди худро қиблаи умед ва кишвари ҳастӣ пиндоштани зани порсоро муаррифӣ менамояд, беҳтарин филми  ибратомӯз аз ҳаёти зан-модарро пеши рӯ меорад. Ё худ шеъри «Дили модар» - и Эраҷ Мирзо бузургтарин муҳаббатномаи модар ҳатто нисбати фарзанди кӯтоҳандеш аст. Фарзанди масти ишқу фирефтаи макр дар баҳои талаби ёр дили модарашро аз сина бурун мекунад ва ҳангоми  пеш гирифтани роҳи сарманзилии маъшуқа аз қазо пешпо хӯрда меафтад. Баробари афтодани он дунёбехабар аз дили ҳанӯз гарми модар садо бармехезад:
Оҳ, дасти писарам ёфт харош,
Вой, пои писарам хӯрд ба санг?
     
Модареро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонае меоранд, ки  фарзандаш низ чандин моҳ  дар он ҷо мехобид ва сар аз болин бардошта наметавонист. Табибон ҳам ба дардаш дармон намеёфтанд. Модару фарзанд бехабар аз қисмати оламу одам дур аз ҳамдигар, дар ҳуҷраҳои бахшҳои гуногун мехуфтанд. Фарзанд ногаҳон гузашт, бурда гӯру чӯбаш карданд. Вақте ки модар ба ҳуш омад, аввалин сухане, ки ба забон овард, ин буд: «Маро дар паҳлуи писарам гӯронед». Ҷигарбандон тасаллояш дода гуфтанд: «Ягон зиндаро дар бари зинда гӯр кардаанд»? Бовар накарда, боз ҳамон сухани дилобкунандаашро такрор намуд: «Маро дар паҳлуи писарам гӯронед». Фарзандон аз ноилоҷӣ посух доданд: «Дар он гӯшаи мазор ҷои сӯзанзанӣ нест». Гуфт:                    
То шод дили модари ранҷур кунед,
Андешаи «ҷо нест» зи сар дур кунед.
Ҷо нест дар он пушта агар, рост маро
Дар гӯшаи гӯри писарам гӯр кунед.
            
Маҳз ба хотири ҳамин бузургиву ҳамзамон хоксориву фурӯтанӣ, ғолиб шудани модари заҳматкаш дар сабқати меҳру садоқат ва бартарии ӯ аз дигар қишри ҷомеа,  давлат ва Ҳукумати мамлакат ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ шумурда, барои ба кӯи мурод ва манзили мақсадҳои наҷиб расидан, ба хӯшаҳои иқбол табдил ёфтани донаҳои умед ва дар лабони ҳамқисматону ҷигарбандон дидани гулҳои табассум ва боз ҳам баландтар шудани нуфузу мартабаи модарону бонувон дар ҷомеа тамоми шароитро фароҳам меоварад.
Воқеан, ба ҳар коргоҳе, ки қадами мубораки занон мерасад, дар он ҷо идомаи анъанаи деринаи модарона, низоми эҳтиёту риояи меъёри инсоф ва сарфаву сариштакорӣ мавқеи мустаҳкам пайдо менамояд. Аз ин хотир, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки занони дурандешу оқила дар амалӣ шудани  нақшаҳои калидии давлатдории миллӣ саҳми арзанда  гузошта, сазовори суруди мардона:
«Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд» 
будани худро исбот карда метавонанд.
Хурду бузурги кишвар ба модарону бонувони диёри худ, ки ҳам бори гарони рӯзгору тарбияи фарзандон ва ҳам бори нангу номуси ватандориро бар дӯш доранд,  ифтихор карда, ҳар кадоме аз ихлосу эътиқоди бепоён муҳаббатномаи худро ба ин олиҳаи бемисли ҳаёт изҳор менамоянд.
Мегӯянд, ки «Агар мард дар ихтиёр тамоми фаслҳои солро дошта бошад, барои зан танҳо баҳор вуҷуд дорад». Мурод аз  ин интихоби оқилонаи ҳокимони олами меҳру вафо ҳам сарсабзии ҳамешагии мазраи ҳаёт ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз аст.   
Муҳаммад ҒОИБ, шоир


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 889

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед