logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 223; с. 1997, № 9, мод. 110; с. 1998, № 10, мод. 111, 115; с. 2000, № 6, мод. 349; с. 2001, № 4, мод. 200; с. 2004, № 2, мод. 43; с. 2006, № 3, мод. 142; с. 2007, № 7, мод. 650; с. 2008, № 3, мод. 180, № 10, мод. 794) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун фаслҳо бо рақамҳои римӣ ва бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар номи фасли якум калимаи «статуси» ба калимаи «вазъи ҳуқуқии» иваз карда шавад.
3. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ҳокимияти судӣ
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст.».
4. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Принсипҳои асосии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мустақилият, дастҷамъӣ, ошкорбаёнӣ, мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо иборат аст.».
5. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
6. Қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносе интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.».
7. Қисми сеюми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар сурати пеш аз мӯҳлат аз вазифа рафтани раис, муовини ӯ ё судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи худ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартибе, ки Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, ба ҷои онҳо шахсони дигарро интихоб менамояд.».
8. Қисми панҷуми моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Аз фаъолияти Суди конститутсионӣ ва судяҳои он оид ба масъалаҳои мурофиаи конститутсионӣ ҳисобот дода намешавад. Суди конститутсионӣ ҳар сол ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нома мефиристад.».
9. Дар қисми 3 моддаи 9 калимаи «амвол» ба калимаҳои «молу мулк» иваз карда шавад.
10. Дар моддаҳои 14 ва 15 калимаҳои «Ваколатҳои», «ваколатҳои» мутаносибан ба калимаҳои «Салоҳиятҳои», «салоҳиятҳои» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаҳои 15, 16, 17 ва 20 калимаҳои «Регламент», «аҳзоби», «байналхалқии» мутаносибан ба калимаҳои «Дастур», «ҳизбҳои» ва «байналмилалии» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 17:
-зербанди «ж)» қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ж) ба Суди конститутсионӣ дастури онро барои қабул пешниҳод мекунад;»;
-зербанди «к)» қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«к) кормандони Дастгоҳи Суди конститутсиониро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;»;
-дар қисми дуюм калимаи «амрҳо» ба калимаҳои «амру фармонҳо» иваз карда шавад.
13. Дар қисми якуми моддаи 26 калимаҳои «қонуни оид ба меҳнат» ба калимаҳои «қонунгузории меҳнат» иваз карда шаванд.
14. Қисми дуюми моддаи 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомот ва шахсони мансабдори дар зербандҳои 1)-5) ва 8)- 9) моддаи 37 Қонуни конститутсионии мазкур зикрёфта ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва шахсони дар зербандҳои 6)- 7) моддаи номбурда зикрёфта бо дархост муроҷиат мекунанд.».
15. Дар моддаи 41:
- дар қисми дуюм калимаҳои «тафтиш намуда» ба калимаи «санҷида» иваз карда шавад;
-дар қисми сеюм калимаҳои «маводро ба арзкунанда бармегардонад» ба калимаҳои «дар ин хусус ба таври хаттӣ муроҷиаткунандаро огоҳ менамояд» иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 52:
-дар қисми якум баъди калимаҳои «барои ҳисобҳо» калимаҳои «, шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо» илова карда шаванд;
-дар қисми сеюм калимаи «қонуни» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шавад;
-қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҷарима бояд аз ҷониби вайронкунандаи тартиботи маҷлиси судӣ на дертар аз панҷ рӯзи огоҳ кардани вай пардохта шавад. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида ихтиёран напардохтани ҷарима он ба таври маҷбурӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
17. Дар моддаи 60:
-қисми сеюм хориҷ карда шавад;
-қисмҳои чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳум мутаносибан қисмҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум ҳисобида шаванд.
-дар қисми чорум баъди калимаи «намояндагон» калимаҳои «,   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» илова карда шаванд;
-қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Андоза ва тартиби пардохти боҷи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муайян карда мешавад.»;
-қисми нӯҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тарафе, ки дар Суди конститутсионӣ хароҷот кардааст, ҳуқуқ дорад рӯёнидани онро аз шахсони мушаххас бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 августи соли 2009, № 537


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 10 июни соли 2009, № 1363


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 июли соли 2009, № 665


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 644

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед