logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

«ИДИ ТОҶИК»
Он нашрияи Бюрои ташкилии Ҳизби Коммунисти (болшевикии) ҶШС Ӯзбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон буд. Нахустин шуморааш 15 марти соли 1925 нашр шудааст. Аз шумораи дувум, яъне аз 15 апрели соли 1925, номи «Овози тоҷик» - ро гирифт.
Аз 8 октябри соли 1928 бо  номи «Тоҷикистони сурх» табъу нашр мешуд. Баъдан, номи ин рӯзнома борҳо тағйир ёфтааст.
Муҳаррирони солҳои аввали рӯзнома Аббос Алиев, Нисор Муҳаммадов, С. Абдуллоев, Саидбоҳир Қосимов, Абулқосим Лоҳутӣ, Қосим Дайламӣ, А. Исмоилзода, Меҳдӣ Тахмосов, Муҳаммад Мусовӣ ва дигарон буданд.
«Иди тоҷик» дар таблиғи бунёди бузургтарин сохтмонҳои вақти Тоҷикистон саҳми бузург гузошта, дар саҳифаҳои худ муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳонро инъикос менамуд.
Таҳияи Умар АЛӢ


ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС
Бӯринисо Бердиева аввалин ва ягона бонуест, ки дар зарфи 24 сол вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор») - ро ба дӯш дошт.
Басир Расо бошад, 40 сол вазифаи сармуҳарриро бар дӯш дошт. Ӯ аз соли 1964 то соли 1996 ва аз соли 1999 то рӯзҳои вопасини умраш (соли 2007) сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» буд.
 «Комсомольская правда»  дар таърихи худ соли 1990 бо теъдоди бесобиқа – 22 миллион нусха аз чоп баромад.
Дар замони шӯрави рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бо теъдоди 200 ҳазор нусха ба табъ мерасид.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ «Чашма» бонуфузтарин  маҷаллаи  Тоҷикистон буд, ки  бо теъдоди 500 ҳазор нусха нашр мегашт.
Таҳияи Лола РИЗОЕВА


АЗ «ГАВАС» ТО «ФРАНС - ПРЕСС»
Нахустин оҷонсии иттилоотро соли 1835 шаҳрванди Фаронса Шарл Луи – Гавас таъсис додааст.
Гавас дар замони Наполеон сарварии яке аз бонкҳои бонуфузи шаҳри Руинро ба уҳда дошт. Вале, баъди сарнагун шудани Наполеон бонки ӯ низ рӯ ба таназзул ниҳод. Гавас маҷбур гардид, ки ба дигар соҳа рӯ орад. Ӯ, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ буд, корро аз тарҷумаи маводи матбуоти Аврупо оғоз намуд. Ҳамин тавр, Оҷонсии иттилоотии «Гавас» пайдо гардид. Дар аввал аз хизматрасонии ин оҷонсӣ рӯзномаҳои бонуфузи вақти Париж ба монанди «Пресс», «Секл», «Конститюсонел» ва «Журнал – де - Деба» истифода менамуданд.
Соли 1853 қариб дар ҳама рӯзномаҳои Аврупо гӯшаи махсуси оҷонсии телеграфӣ ҷой дода мешуданд, ки аз ҷониби Оҷонсии иттилоотии «Гавас» омода мегардид.
Баъди фавти Шарл Луи – Гавас ширкатро писараш Огюст Гавас идора менамуд. Соли 1944 дар асоси Оҷонсии иттилоотии «Гавас» ширкати «Франс - пресс» таъсис ёфт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ДАР ЧОР СОЛ ЯК ШУМОРА
Нашрияи ҳаҷвии фаронсавии «La Bougiedu Sapeur» («Шамъи сапёр»)  дар чор сол як маротиба - рӯзи 29 феврал нашр мешавад. То ҳол нуҳ шумораи он чоп шудааст. Дар миёни ҳаҷвияҳо кроссвордҳо низ ҷой дода мешаванд, ки ҷавобашонро метавон дар шумораи оянда дарёфт намуд. Нархи якасраи «La Bougiedu Sapeur» 100 евроро ташкил медиҳад. 

ТАЪРИХИ МАҶАЛЛАИ «LIFE»
Дар шумораи аввали маҷаллаи машҳури «Life» аз соли 1936 расми кӯдаки навзоде бо номи Ҷорҷ Стори нашр шудааст. Дар шумораҳои баъдии маҷалла очеркҳои зиёде дар бораи Ҷорҷ: чӣ гуна ӯ калон, оиладор ва фарзанддор шуд, корҳояш чӣ гуна равнақ доранд нашр шуданд.
Моҳи марти соли 2000 – ум маҷалла хабар дод, ки ба наздикӣ баста мешавад. Моҳи июни ҳамон сол Ҷорҷ Стори вафот мекунад. Фаъолияти маҷалла бо маводи «Alife Ends», ки аз марги Стори хабар медод, анҷом ёфт.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


РӮЗИ ОЗОДИИ МАТБУОТ
Ҷаҳониён ҳар сол 3 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот (World Press Freedom Day) ҷашн мегиранд. Иқдоми мазкур соли 1993 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифтааст. Мақсад аз он роҳандозии фаъолияти матбуоти озод ва гуногунандешӣ дар он мебошад.
Бори нахуст он ба хотири мусоидат ва таъмини мустақилияту гуногунандешӣ дар матбуоти Африқо таҷлил гардид. Ҳар сол ин рӯз ба мавзӯи алоҳида бахшида мешавад. Масалан, соли гузашта ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ба гиромидошти кормандони ВАО, ки дар натиҷаи иҷрои вазифа ҷони худро аз даст додаанд, бахшида буданд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ГУЛБЕРДИЕВА


АВВАЛИНҲО
Дар Тоҷикистон:
Аввалин нашрияи Ҳукумати подшоҳии Русия дар Осиёи Миёна – «Туркестанские ведомости» - (1870).
Аввалин нашрияҳои умумифорсӣ – «Ҳабл-ул-матин» (1866), «Чеҳранамо» (1866).
Аввалин нашрияи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» (1912).
Аввалин маҷаллаи дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон нашршаванда - «Красное солнышко» (1908).
Аввалин нашрияи тоҷикӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон - «Иди тоҷик» (1925).
Таъсиси радиои тоҷик - соли 1930.
Таъсиси телевизиони тоҷик – соли 1959.

Дар мамолики пешрафта:
1. Британияи Кабир – «Инглиш меркюри» (1588);
2.  Фаронса - «Газет Франсуаз» (1604);
3.  Олмон - «Релятсион» (1609);
4.  Испания - «Газета нуэвс де Мадрид» (1661);
5.  ИМА - «Паблик окарансиз» (1690);
6.  Русия - «Ведомости» (1702).

Рӯзномаҳои ҷаҳон
1. «Хорлемс дахблад» - Нидерландия (1656);
2. «Липсенгер сайтунг» - Олмон (1661);
3. «Дейли Курант» - Британияи Кабир (1702);
4. «Диарио де Мадрид» - Испания (1758);
5. «Журнал де пари» - Фаронса (1777);
6. «Пенсилвания ивнинг» - ИМА (1784).
Гирдоваранда Лола РИЗОЕВА


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ГАЗЕТА
1. Дар Париж ҳафтае як маротиба рӯзномаи «Намак ва қаланфур», ки  ҳамагӣ аз ду саҳифа иборат аст, ба табъ мерасад. Варақҳои рӯзнома обногузар буда, барои нафароне, ки ҳангоми хӯрок хӯрдан рӯзнома мутолиа мекунанд, пешбинӣ шудааст. Дар саҳифаҳои он рӯйдодҳои муҳим ва латифаҳои ҷолиб чоп мешаванд.
2. Шумораи аввалини ҳафтаномаи «Ля газетт» дар шаҳри Монпелеи Фаронса ба табъ расида, бари он зиёда аз 2 метр буд.
3. Рӯзномаи «New York Times» - серсаҳифатарин рӯзнома буда, бастаи солонаи он 236 килограммро ташкил медиҳад.
4. 12 апрели соли 1912 дар музоядаи Лондон рӯзномаи «Бостон глоб» бо нархи  304 доллари ИМА ба фурӯш рафт, ки дар он аз суқути «Титаник» иттилоъ дода шуда буд.
5. Аввалин рӯзнома барои бонувон соли 1798 бо номи «Фрауэнсиммер  сайтунг» дар Олмон ба чоп расидааст.
6. Рӯзномаи англисӣ барои кӯдакон  «First News» ҳамчун хурдтарин рӯзнома дар «Китоби рекордҳои Гиннес»  ворид шудааст.  Андозаи он ҳамагӣ 32 ба 22 миллиметрро ташкил медиҳад.
7. 20 сол боз рӯзноманигори амрикоӣ Билл Койленд дар шаҳри Сарасоти  иолати Флорида  маълумот дар бораи обу ҳаворо ба шакли назм пешкаши хонандагон менамояд.
8. Бо сабаби норасоии коғаз рӯзномаи «Известия»  17 майи соли 1921  дар  картон чоп шуд. Дар он  хоҳиш шуда буд,  ки пас аз мутолиа   онро ба каси дигар диҳанд, зеро ин шумора бо теъдоди хеле кам ба табъ расидааст.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


МАЛИКА ГЕНРИ МИЛЛ ВА АВВАЛИН ИҶОЗАТНОМА ДАР ИХТИРОИ ДАСТГОҲИ ЧОПӢ
Фикри ихтироъ намудани дастгоҳи чопие, ки ҳарфҳоро бо суръати баланд чинад, дар охирҳои асри 17 ва аввали асри 18 пайдо шуд. Баъдан, соли 1714 аз ҷониби Малика Генри Милл аввалин иҷозатнома барои ихтирои дастгоҳи чопӣ дода шуд. Мутаассифона, ихтирои мазкур он қадар машҳур нагашт. Бо гузашти вақт, соли 1808 Пелегрино Туррии итолиёӣ дастгоҳи чопие сохт, аммо ба ихтирооти вай иҷозатнома надоданд. Баъдан, 1868 Кристофер Шолс мошинеро бо тартиби алифбо ихтироъ намуд, чоп намудан дар ин дастгоҳ тавассути ду ангушт имконпазир буд. Ниҳоят, аввалин дастгоҳе, ки бо суръати баландтар мавод чоп менамуд, соли 1870 аз ҷониби олими рус Михаил Алисов ихтироъ гардид. Пас аз ин, то ба ин ҳадди олӣ ихтирое нашудааст. Имрӯз низ истифодабарандагони он хеле зиёданд.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


ПЕШНИҲОД
Мудирони шуъбаҳо ва ходимон паси ҳам вориди дафтари кории сармуҳаррир Ғоиб Қаландаров шуданд. Аз қиёфаи сармуҳаррир пай бурдан мумкин буд, ки дар идораи болоӣ хеле гӯшмол дидааст ва ҳоло ҳозиронро гӯшмол доданӣ. Тез-тез номи мудирони шуъбаҳоро ба забон мегирифт. Дар як вақт пурсон мешуд, ки агар кор кардан хоҳанд, хуб, нахоҳанд ҷойро холӣ кунанд. Воқеаи ғайричашмдошт рух дод. Ходими ниҳоят камгап аз ҷой бархоста: «Ғоиб Назарович, як пешниҳод доштам»,- гуфт. Сармуҳаррир айнакро аз чашм гирифта:
- Марҳамат, марҳамат,- гуфт.
- Ғоиб Назарович, хонандагони рӯзнома ҳар рӯз якчанд маротиба занг зада мепурсанд, ки сармуҳаррири шумо ба ғайр аз маълумот дар бораи «обу ҳаво» чизи дигаре навишта наметавонад. Ба фикрам, онҳо барои он дар ин ақидаанд, ки дар поёни хабари «Обу ҳаво» ҳамеша имзои Шумо ҷой дода мешавад. Гумон мекунам, аз баҳри ин хабар баромадан лозим.
Ғоиб Назаровичи то ин дам асабию ғазаболуд якбора табассум кард. Ҳозирин низ хандиданд. Рӯзи дигар рӯзнома бе хабари «Обу ҳаво» аз чоп баромаду аҳли қалам аз гӯшмоли сармуҳаррир эмин монданд.
Ашӯр ОДИНА,
собиқ котиби масъули «Ҷумҳурият»
P.S: Ашӯр Одина, Корманди шоистаи Тоҷикистон, беш аз чил соли умри пурбаракати худро ба «Ҷумҳурият» бахшидааст. Зикри номи некаш ва нашри латифаи хонданияш дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба хотири шодии рӯҳаш мебошад.


750 АЛОМАТ ДАР ЯК ДАҚИҚА
Рекорди ҷаҳонӣ
Ҳамаи онҳоеро, ки акнун ба чоп кардан шурӯъ мекунанд, як савол домангир аст: чи гуна суръат барои чоп қонеъкунанда ба ҳисоб меравад, киро ҳуруфчини хуб ва кадом суръатро максималӣ метавон гуфт?
Посух чунин аст, ки агар нав-шогирд то 150 - 200 аломат дар як дақиқа чинад, ин аллакай оғози бад нест ва ӯро метавон бо чунин натиҷа, ки ғалабаи нахустин аст, табрик кард.
Вақте суръати ҳарфчинии шумо то ба 300 - 400 аломат дар як дақиқа мерасад, ин чунин маъно дорад, ки сатҳи касбии ин пешаро муваффақ шудед. Дастовардҳои минбаъдаи шумо аз рӯи суръат ва сифати чоп аллакай рекордзеб хоҳанд буд.
Дар таърихи матбуот чидани 750 аломат дар як дақиқа натиҷаи беҳтаринест, ки ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Ин рекордро дар таърихи чоп соли 2005 котибаи солхӯрдаи амрикоӣ Барбара Блэкберн гузоштааст.
Тарҷумаи Меҳрона ЗУБАЙДОВА


ОЁ МЕДОНЕД
Дар замонҳои қадим ҳангоме ки китоб арзиши гарон дошт, китобхонаҳо ба мизоҷон ройгон хизмат мерасонданд ва барои он ки китобҳоро надузданд, онҳоро бо занҷир мебастанд.
Коғаз бори аввал соли 153-юми пеш аз милод мавриди истифода қарор гирифт. Он аз нахи бамбук ва мағзи дарахти тут таҳия гашта,  ғафсу дурушт буд ва буридани он мушкилиҳои зиёдро ба бор меовард.
Кореягиҳо аввалин  бор дар олам китобро дар дастгоҳи чопӣ ба нашр расонданд.
Дар асри XIX дар Англия қимати коғаз басо гарон буд, аз ин рӯ, ба хотири сарфаи  варақ калимаҳо ҳам уфуқӣ ва ҳам амудӣ навишта мешуданд. 
Ҳарчанд арабҳо ҳангоми иншо аз рост ба чап нависанд ҳам, рақамҳоро аз чап ба рост менависанд.
Готҳо дар асри III китобро аз ҳаёти инсон бартар медонистанд. Онҳо соли 297-ум ҳангоми ҳуҷум ба Афина мардуми зиёдро қатл карданд, вале нагузоштанд, ки ба  китобҳо осебе бирасад.
Дар асри XIX дар Украина рӯзномае ба табъ мерасид, ки номи он аз 22 калима иборат буд.
79 дарсади хабарнигорони рӯзномаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мардон ташкил медиҳанд.
Таҳияи Ш. ШОКИР


ЧЕРЧИЛ - МУХБИРИ ҲАРБӢ
Мо ҳама сиёсатмадори маъруфи англис Уинстон Черчилро мешиносем. Аммо кам касон шояд донанд, ки ӯ ба шоҳроҳи бузурги сиёсат тавассути рӯзнома роҳ ёфтааст. Черчил пас аз хатми коллеҷи низомӣ ба Бангалори Ҳинд омад ва дар саркӯб кардани исёни паштуҳо иштирок намуд. Азбаски меҳраш ба сухан бештар буд, ҳамчун мухбири ҳарбӣ дар рӯзномаи «Морнинг пост» фаъолиятро оғоз кард. Бо ин роҳ ҳам аз сиёсат огоҳ мешуду ҳам ғояву матлабҳои худро ба воситаи матбуот ба ҳаводоронаш мерасонд. Ӯро имкон даст дод, ки ҳамчун мухбири ҳарбӣ дар саркӯб намудани ошӯби Судон низ ширкат варзад ва баъдан рӯйдодҳои ин ҳодисаи таърихиро дар китоби дуҷилдаи «Набарди дарёӣ» тасвир созад.
Аммо, соли 1899 дар Африқои Ҷанубӣ, дар ҷанги байни англисҳову бурҳо, асир афтод. Аз он ҷон ба саломат бурда, худро ба Амрико расонд. Дар ин кишвар суханрониҳои сиёсиву иҷтимоӣ намуда, пули аз он ба даст овардаашро дар Британияи Кабир барои роҳ ёфтан ба сиёсат, бавижа парламент сарф кард. Зеро ҳангоми мухбир буданаш таҷрибаи суханрониҳои сиёсиро омӯхта, ҳаводорони зиёд пайдо карда буд.
Бо ҳамин, рӯзноманигор Уинстон Черчил дар солҳои гуногун ба вазифаҳои ҳарбӣ таъйин гашта, ниҳоят соли 1940 ба курсии Сарвазирии Британияи Кабир нишаст.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


АФОРИЗМҲО
Ҷанобон рӯзноманигорон, ман рӯзномаҳои шуморо барои он мехонам, то бидонам, ки дар сар чӣ андеша дорам.
ШАРЛ ДЕ ГОЛЛ
* * *
Ҳар як сиёсатмадор бояд як журналистеро донад, ки ба ҳунари сирро ҳифз карда натавонистанаш эътимод дошта бошад.
РОБЕРТ ЛЕМБКЕ

Ба журналист ҳеҷ чиз мисли оҷилӣ будани фармоиш илҳом намебахшад. Агар вақт дошта бошад, ё хеле бад менависад, ё умуман чизе наменависад.
К. КРАУС
* * *
Журналистон барои он пайваста дурӯғ мегӯянд, ки дар ҳолати зиёд такрор кардани як андеша он ҳатман ба ҳақиқат табдил меёбад.
А. БЕННЕТТ
* * *
Аз таҷрибаи худ медонам, ки журналистон ба дурӯғ гуфтан аз ҳама майли бештар доранд.
МАРК ТВЕН
* * *
Ҳар чизе, ки ба ҳама дахл дорад, маънии онро дорад, ки ба ғайр аз журналистон ба касе дахл надорад.
ҶОЗЕФ ПУЛИТСЕР
* * *
Агар рӯзноманигор ҳунари шуморо аз худ бехуд карданро дошта бошад, яқин бидонед, ки ӯ ё шуҳрат меёбад, ё зуд бой мешавад, ё ҳам бой мешаваду ҳам ном мебарорад.
ҶЕЙМС ХАГЕРТИ
Гирдоваранда М. ТАБАРӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 54    Мутолиа карданд: 933

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед