logo

иҷтимоиёт

42 САТРА

Тавлиди коғаз дар ҷамъияти инсонӣ тағйироти ҷиддӣ ворид кард. Метавон гуфт, ки коғаз барои китобати ҳамаи он чи ақлу зеҳн ва тафаккури инсон меофарад, маводи асосӣ гардид. Дар Осиёи Марказӣ тибқи иттилои баъзе аз сарчашмаҳо ҳанӯз то ҳуҷум ва ғасби арабҳо низ коғаз истеҳсол карда мешуд, вале санаде, ки ин ақидаро собит созад, дастраси мо нест.  Аксари муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки усули истеҳсоли коғаз дастоварди чинҳост ва маҳз онҳо онро ба Осиёи Марказӣ овардаанд.
Дар сарчашмаҳо омадааст, ки дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Чорҷӯ, Балх, Хева, Қӯқанд, Тошканд коғаз истеҳсол карда мешуд ва бо номи коғази самарқандӣ машҳур буд. Коғази самарқандӣ се навъ буда, навъи беҳтаринаш коғази абрешимӣ буд ва он аз лоси шоҳӣ тайёр карда мешуду ранги зардча дошт. Навъи дуюмро нимкатонӣ мегуфтанд, зеро ҳангоми омодасозӣ ба он нахи катон илова мекарданд. Навъи сеюм аз латтапораҳои куҳнаи пахтагин истеҳсол мегардид. Бо арзи ҳастӣ кардани хонигариҳо ва тақвият ёфтани хонигарии Қӯқанд, маркази хонигарӣ, яъне шаҳри Қӯқанд ба маркази истеҳсоли коғаз табдил ёфта, дар самти истеҳсоли коғаз шуҳрати тамом пайдо намуд ва агарчи дар дигар шаҳрҳо низ коғаз истеҳсол мешуд, аммо бо номи коғази қӯқандӣ муаррифӣ мегардид.
Аз асрҳои миёна ба баъд китоб аз рӯйи чоп, саҳифабандӣ, дӯхт, шакл, муқова, ороиш, маълумоти барориш, ҳифозат, дастрассозӣ ва ғайра зина ба зина такмил ёфта, таҳаввулоти азимеро рӯёрӯ омад ва чун манбаи маърифат дар рушду густариши илму фарҳанг ва пешравии ҷомеа саҳми арзишманде гузошт. Яъне, китоб якуякбора на он шаклеро гирифт, ки имрӯз дорад, балки, масири ҳаракати он хеле тӯлонист.
Тибқи малумоти мавҷудаи таърихӣ усули чопи китоб дар минтақаҳои олам, чун Миср, Тибет, Муғулистон, Ҷопон ва ғайра гуногун будааст.  Бархе аз олимони таърих бо такя  ба маълумоти дастрас бар ин ақидаанд, ки аввалин бор чопи китоб дар Византия ва Миср сурат гирифт. Чунин нуқтаи назар низ мавҷуд аст, ки бори нахуст ҳунармандони Куриё ба кори чоп даст доштаанд, ки ба нимаи дуюми асри VIII рост меояд. Солноманависони чинӣ бошанд, аз ҷумла Шен - Го, ки дар асри ХI зиндагӣ кардааст, бар ин ақидаанд, ки усули омодасозии қолибҳои чопиро бори аввал дар Чин оҳангаре бо номи Би - Шен ихтироъ намудааст. Ӯ қолибҳои ҳуруф ва ё тасвирҳоро аз гил сохта, ба чопи китоб оғоз бахшидааст, аммо далеле, ки ин ақидаро собит созад, мавҷуд нест. Ҳамин усули китобчопкунӣ аз Чин ба Корея ва тадриҷан ба Ҷопону Осиёи Марказӣ гузашт, ки то қарни ХV такмил ёфта, қолибҳо тавассути биринҷӣ омода карда мешуданд. Чунин маълумот ҳам дастрас аст, ки дар Чин чоп тавассути қолибҳои чӯбӣ ҳанӯз дар қарни IХ аҳди нав оғоз ёфта буд. Матн ва ё тасвир дар рӯйи чӯб ҳаккокӣ гардида, ба воситаи асбоби махсус ҷойҳои аз матн ва ё тасвир холӣ чуқур канда мешуд. Қолиби тайёршударо бо ранг мепӯшониданд  ва сипас коғазро ба болои он фишор медоданд, ки дар натиҷа матн ва ё тасвир ба коғаз интиқол меёфт.
Хулоса, инсоният аз замони пайдо кардани қобилияти муошират, бо ниёзмандӣ ба интиқол ва ҳифзу нигоҳдории  иттилоъ аз ашёи табиат, санг, устухон, папирус, пӯст сар карда дар бузургтарин ихтироъ, яъне, коғаз қарор гирифт. Барои сабти иттилоот дар коғаз аз усулҳои гуногун истифода бурд ва ғояи усули осони чоп, ки ҳазорсолаҳо дар зеҳни алоқамандон маҳфуз буд,   татбиқи амали худро дар миёнаи қарни XV  пайдо кард. Ношироне чун Прокоп Валдфогел (Фаронса), Жана Брито ва дигаронро нахустафроде медонанд, ки бо технологияи тоза, ба тариқи ҳуруфчинӣ китоб ба нашр расонидаанд. Аммо муҳаққиқон қоиланд, ки ихтирои дастгоҳи китобчопкунӣ  маҳз хизмати арзишманди Ганс Генсфлейш ва ё Иоганн Гуттенберг (1394/1399 – 1468) аст. Ӯ дар шаҳрчаи Майнтси Олмон ба дунё омада, роҷеъ ба омӯзиш ва таҳсилоти ӯ маълумоте дастрас  нест. Гуттенберги наврас баъдан бо волидонаш ба маҳали Страсбург кӯчид. Онҳо зиндагии камбағалона доштанд. Гарчанде шуғли асосии ӯ заргарӣ буд, аммо аз соли 1440 сар карда, вай ба пешаи чопгарӣ таваҷҷуҳ пайдо кард. Гуттенберг аз нав ба зодгоҳи худ баргашт ва пурра аз пайи амалисозии андешаи худ шуд. Ӯ қолибҳои ҳуруфро аз чӯб омода кард, вале дар вақти истифода онҳо шикастанд. Пас тасмим гирифт, ки қолибҳоро аз фулузот омода созад ва муваффақ ҳам шуд. Дар ибтидо тавассути фишор ҳуруфҳои барҷастаи омодакардашударо ба металли нарм гузошта матритса (қолиб) тайёр кард ва баъдан дар он хӯлаи қурғошим рехта,  миқдори зарурии ҳуруфро омода намуд. Чун онҳоро мавриди истифода қарор дод, дарк кард, ки ниёзаш бароварда шуд ва суруру шодияш интиҳо надошт. Чун дасти тиҳӣ дошт, наметавонист, орзуи хешро амалӣ созад. Бинобар ин, ба Фуст ном сармоядор муроҷиат кард. Бо маблағгузории ӯ аввалин чопхонаро бунёд гузошт. Сарфу наҳви забони лотинии Элия Донат ва тақвими нуҷумӣ нахусттаҷрибаи  ӯ дар ин самт буданд. Ақида ҳаст, ки ӯ солҳои 1450 -1455 аввалин бор китоби “Инҷил” - ро аз чоп баровард, ки онро  «Чилудусатра» ном мебурданд. Сабаби бо номи «Чилудусатра» шуҳрат ёфтани ин китоби тозанашр  аз он иборат буд, ки дар ҳар як саҳифа, дар ду сутун 42 сатр ҷой дода шуда буд. Китоб 1282 саҳифа дошт, ки баъзе асҳофро коғаз ва қисми дигарро пӯст ташкил мекард.
Агарчи Гуттенберг аз ин ба баъд ҳам рӯзи хуш надид ва дар ҳолати қашшоқӣ умр ба сар бурд, вале номи ӯ ҳамчун аввалин ихтироъгари усули осони чоп шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард.
Сироҷиддин ИКРОМӢ,
барандаи ҷоизаи Иттифоқи 
журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2017    №: 54    Мутолиа карданд: 817

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед