logo

иҷтимоиёт

МАРОМИ МАТБУОТ. СОЗАНДАГИСТ

Сухан дар пиндор ва фаҳмиши мардуми фарҳангпарвари мо ҳамеша мақоми арзанда дошту дорад. Аз ин рӯ эътимоду эҳтироми тоҷикон ба сухан ва суханварон табииву азалист. Аҳли матбуот низ аз шумори суханварон буда, дар роҳи дастрасии омма ба воқеияти рӯз нақши барозанда доранд. Аз ибтидои пайдоишаш то имрӯз матбуот дар тамоми олам ин рисолатро ба дӯши худ гирифта, барои пешрафти инсоният хизмати шоёне анҷом додаву медиҳад. Чароғеро, ки дар он рӯзгори торик мубтакирони нахустин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» барафрӯхтанд, талоше барои рӯшанӣ андохтан дар рӯзгори аҷдодони мо буд. Ин нашрия камтар аз 10 моҳ умр дид, аммо роҳеро кушод, ки барои садсолаҳо хизмат хоҳад кард. Имрӯз «Бухорои шариф» барои аҳли қалами расонаҳои тоҷикӣ нахустин сабақи таърихии  касбият буда, дар роҳи тарғибу ташвиқи маърифати замонӣ, худшиносиву худогоҳӣ рӯшноибахш ва мактаби ибрат боқӣ мондааст.
Таърихи матбуоти тоҷик моломоли талошҳои созандаву пуршараф аст. Дар ин муддат анъанаву суннатҳоеро роҳандозӣ кардааст, ки барои ҳар насли рӯзноманигорон сабақи касбият, ҳақиқатнигорӣ, воқеъбинӣ, созандагӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу башарӣ медиҳанд. Бахусус, бо шарофати истиқлолияти комили сиёсии Ватани азизамон – Тоҷикистон ин сабақҳо амри зарур ва бештар коромад шудаанд. Ҳамин аст, ки барои фаъолияти густурдаи матбуот ва умуман воситаҳои ахбори омма фазои созгоре муҳайё гардидааст.
Маҳз дар ҳамин замина имрӯз дар ҷумҳуриамон матбуоти ҳукумативу ҷамъиятӣ ва шахсиву соҳавӣ фаъолият доранд, ки нишонаи барҷастаи мавҷудияти гуногунандешӣ ва озодии баён дониста мешавад. Ҳарчанд наметавон гуфт, ки фаъолияти ҳама расонаҳо ба пешрафти ҷомеа як хел мусоидат мекарда бошад. Ин аз як нигоҳ аз табиати касби рӯзноманигорӣ (гуногунандешиву озодии баён) бармеояд ва аз нигоҳи дигар бозгӯйи сатҳи пасти касбият, фаҳмиши нодурусти озодии баён, суиистифода аз гуногунандешӣ мебошад. Ҳам дар расонаҳои чопӣ ва ҳам электронӣ баъзан умумигӯйӣ, таҳлили сатҳӣ, нусхабардорӣ, ғаразбозӣ, манфиатталошӣ, риоя нашудани меъёрҳои касбиву этикӣ ба мушоҳида мерасад, ки ба аҳли сухан зебанда нест.
Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони чанд даҳсолаи пеш нест. Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст. Аз ин рӯ аҳли қаламро мебояд дар баробари иҷрои вазифаҳои касбии худ манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоламонро дар мадди аввал гузоранд. Ба ҳамин маънӣ суханони Президенти кишвар басо бамаврид мебошанд: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд».
Ба як маъно, рӯзноманигорон дар муборизаву ҷангҳои иттилоотӣ бояд сарбоз ва сипари боэътимоди миллат бошанд. Аммо ин суханони Пешвои миллат ҳаргиз маънои онро надоранд, ки дар расонаҳо аз камбудиҳо сухан набошад, баръакс, роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар ифшову бартараф кардани камбудиҳо дар симои рӯзноманигорон шарикони худро дидан мехоҳанд. Суханони зерини Пешвои миллат бори дигар муносибат ва мавқеи роҳбарияти кишварро ба ин масъала хотирнишон месозанд: «Танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад… танқид дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад». Ин таъкид нишони он аст, ки Ҳукумати кишвар ба танқиди созандаи аҳли қалами расонаҳо арҷ мегузорад ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта аз суханони журналистон чун садои ҷомеаи шаҳрвандӣ истиқбол мегирад.
Маҳз истиқлолият имкон дод, ки мо ҷашни касбии рӯзноманигоронро дар рӯзи чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» таҷлил намоем. Ин ҷашн арҷ гузоштан ба талошҳои ҳамкасбони пешгузаштаамон, эҳтиром кардани меҳнати имрӯзиёнро ифода мекунад. Ин ҷашнест, ки аҳли қалам – рӯзноманигоронро дар роҳи иҷрои вазифаҳои касбиашон ба ҳам меорад. Ин ҷашн танҳо ба рӯзноманигорон марбут нест, балки ба ҳамаи мардум тааллуқ мегирад. Зеро расонаҳо барои мардум вуҷуд доранду дарди мардумро мегӯянд, мардум дар расонаҳо худ ва рӯзгори худро мебинанд. Пас, ҷашни матбуот ҷашни ҳамбастагист.
Сангин ГУЛЗОД,
дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2013    №: 54    Мутолиа карданд: 751

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед