logo

иҷтимоиёт

МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. АЗ КАМҲАВАСИИ КАДРҲО ТО ФАРСУДАГИИ УСУЛҲОИ ИДОРӢ

Аз рӯи таҳлили коршиносон имрӯз эҷодкорони расонаҳои музофотӣ ба такмили ихтисос ниёз доранд. Ин раванд тақозои журналистикаи замони муосир аст. Дар акси ҳол, расонаҳои маҳаллӣ дар пасманзари инкишофи босуръати ВАО - и ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ рақобатпазирии худро аз даст дода, рушд намекунанд.

Имрӯз норасоии рӯзноманигорони ҳирфаӣ сабаби аз равандҳои муосир қафо мондани расонаҳои музофотӣ гардидааст. Тибқи мушоҳида дар радио ва телевизион ин мушкилӣ камтар ба чашм мерасад. Аниқтараш ҳавасмандии кормандони радио ва телевизион нисбат ба рӯзномаҳо зиёд аст.
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар ҷумҳурӣ 359 рӯзнома (104 давлатӣ ва 254 ғайридавлатӣ) сабти ном шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи расонаҳо хоҳ давлатӣ хоҳ хусусӣ як рисолат доранд, яъне ба вуҷуд овардани афкори омма. Аммо норасоии кадрҳо дар ВАО - и давлатии маҳаллӣ бештар аст. Илова бар ин, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ фаъолияти ин нашрияҳоро мушкил гардонидааст.
Ба андешаи коршиносон, имрӯз қариб ҳамаи нашрияҳои музофотӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мебошанд. Хатлон калонтарин вилояти ҷумҳурӣ буда, қариб ҳамаи нашрияҳои ноҳиявии он мушкилоти якранг доранд. Масъалаи норасоии кадрҳо дар ин минтақа бештар ба чашм мерасад. Ҳатто як қисми нашрияҳоро кадрҳои ғайриихтисос роҳбарӣ мекунанд, ки боиси қолабӣ шудани онҳо гардидааст.
Фарҳод Муъминов, сармуҳаррири рӯзномаи «Бохтар», зимни суҳбат иброз дошт, ки мушкили асосии рӯзнома кам будани сафи хонандагон мебошад. Рӯзнома аз аввали соли ҷорӣ то охири моҳи феврал ҳамагӣ 2 шумора нашр шудаасту халос. Аз 8 нафар корманд танҳо 2 нафари онҳо маълумоти рӯзноманигорӣ доранд. Маоши миёнаи кормандон 450 сомониро ташкил медиҳад, ки омили дигари камтаваҷҷуҳии кадрҳост.
Наҳтӯтӣ Алиева, сармуҳаррири нашрияи «Мавҷи Хингоб», дар як суҳбат, аз ҷумла чунин гуфт: «Мардум ба нашрияи маҳаллӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, вале аз набудани шароит имкони сари вақт чоп кардану расондани навигариҳоро надорем. Кадрҳои ҷавонро ба кор даъват кардем, вале ба зудӣ тарки вазифа карданд. Сабаби асосӣ кам будани маош мебошад.
Носирҷон Маъмурзода, устоди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва яке аз таҳлилгарони соҳаи матбуот, чунин мегӯяд: «Нокифоя будани захираҳои кадрӣ ва зарурат ба такмили ихтисоси ҳайати эҷодӣ яке аз мушкилоти асосии расонаҳои маҳаллӣ мебошад. Аксари муҳаррирони нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ кадрҳои бозмонда аз замони шӯравӣ буда, то ҳанӯз дар кори худ усулу тарзи коргузорӣ ва ҳатто сабки эҷоди журналистикаи солҳои 70 - 80 - уми асри гузаштаро истифода намуда, дар бораи стандартҳо (меъёрҳо) - и байналмилалии журналистика, имкониятҳои нави техника, дизайни муосири саҳифаҳои нашрия маълумоти кофӣ надоранд. Дар аксари нашрияҳо менеҷменти хуб роҳандозӣ нашуда, масъулон дар пешбурди сиёсати худ ба мушкилӣ дучор меоянд».
Ба қавли коршиносон метавон чанд мушкилеро номбар кард, ки монеи рушди расонаҳои хабарӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар вилояти Хатлон шудаанд. Инҳо норасоии кадрҳои ҳирфаӣ ва пешбурди кор бо усулҳои куҳнашудаи идорӣ дар ВАО; тағйир наёфтани сиёсати редаксионии онҳо вобаста ба талаботи рӯз ва ба талаботи стандартҳои журналистикаи муосир мувофиқ набуданашон; ба роҳ монда нашудани менеҷменти дуруст, истифода ё ҷалб карда натавонистани манбаъҳои алтернативии даромади молиявӣ; заъфи иқтидори фаннии чопхонаҳои маҳаллӣ ва дар берун аз ҳудуди вилоят чоп шудани теъдоде аз нашрияҳои вилоятӣ; вуҷуд надоштани рӯзнома, дер чоп шудани нашрияҳои маҳаллӣ ва теъдоди хеле ками онҳо мебошанд.
Абдумуъмин Қутбиддинов, мудири кафедраи журналистикаи байналмилалии ДМТ, зимни як мизи мудаввар, ки дар ноҳияи Рашт доир гардида буд,  аз дирӯзу имрӯзи матбуоти ин минтақа чунин ибрози назар кард: «Нарасидани кормандони болаёқат, тарроҳии пасти саҳифаҳо, надоштани сомонаи расмӣ дар интернет, истифодаи ками акс, бо маводҳои бегона ва калонҳаҷм пур кардани саҳифаҳо, аз рӯзнома ба ҳафтаномаю моҳнома табдил ёфтан, таваҷҷуҳи ками мақомотҳои маҳаллӣ ва амсоли инҳо боиси паст шудани нуфузи нашрияҳои музофотӣ дар ин ва дигар минтақаи ҷумҳурӣ гардидааст».
Таҳлилгарони соҳа бар ин назаранд, ки расонаҳои музофотӣ барои рақобат кардан дар самти иттилоърасонии фаврӣ бояд варианти телефонии сомонаҳои худро таъсис диҳанд. Ҷорӣ намудани ҳаққи қалам низ барои ҷалби кадрҳо ба манфиати кор аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло ягон нашрияи музофотӣ сомона надорад. Ҳаққи қалам низ қариб, ки нест.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2017    №: 54    Мутолиа карданд: 841

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед