logo

фарҳанг

ВАО. ЗАБОН ВА ТАРЗИ БАЁН БОЯД НАМУНА БОШАД

Дар замони муосир рӯзноманигорон яке аз тарғибгарони забон ва адабу фарҳанги миллати тоҷик ба шумор мераванд, зеро ҳамарӯза тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо ва барномаҳои гуногуни радоиву телевизион навиштаю гузоришҳои онҳо пахш гардида, дастраси мардуми кишвар мегарданд. Бо пахши хабару гузоришҳо аҳли қаламу эҷод ду вазифа ё масъулияти хеле муҳимеро дар ҷомеа бар дӯш доранд.
Аввалан, дар расонидани хабару ҳодиса ва воқеаҳои доғи рӯзи ҷаҳон ба мардум ва сониян, бо навиштаҳои худ дар рушди забони тоҷикӣ ва тарғибу риояи меъёрҳои он саҳми муҳиме мегузоранд. Азбаски инсони ҷаҳони муосир ба гирифтани иттилои фаврӣ ниёз пайдо кардааст ва барои ба даст овардани он аз технологияи иттилоотӣ, сомонаҳои гуногун ва радиову телевизион зиёдтар истифода менамояд, рӯзномаҳо дар баробари пахши иттилоот бештар ба масоили таҳлилӣ сару кор мегиранд.
Бояд зикр кард, ки дар забони васоити ахбор, махсусан телевизион ва матбуот меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ ва ҳусни баёни тоҷикӣ бояд риоя гардад, зеро аксари насли наврас  забонро тавре зикр кардем, аз ВАО меомӯзад. Бинобар ин, забони ВАО яке аз омилҳои муҳим ва таъсирбахш дар омӯхтани қоида ва меъёрҳои забони тоҷикӣ ба шумор меравад.
Агар дар солҳои қаблӣ доир ба забони матбуот маводи камтаре дастрас бошад, имрӯз намунаи беҳтарини онро дар суханронӣ дар ҷаласаҳои гуногун, суҳбату мулоқотҳо, Паёмҳо ва асару мақолаҳои интишорнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида карда метавонем. Дар ин замина, ҳар як рӯзноманигорро мебояд, ки дар баробари тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаю ваҳдатгароёнаи Сарвари давлат аз забон ва тарзи баёни ӯ низ файз бардорад ва дар ҳифзу нигаҳдошти забони тоҷикӣ саҳмгузор бошад.  
Дар замоне ки давлату Ҳукумати кишвар, хоса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи хосае зоҳир менамояд, мо набояд дар навиштаҳою барномаҳои худ ба ғалатҳою иштибоҳоти савтию луғавӣ ва наҳвию услубӣ роҳ диҳем ва нисбат ба ғамхориҳои бепоёни Сарвари давлат ва ҳомии забони модарӣ бепарвоӣ зоҳир намоем. Ҳамчунин, Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, бояд риоя бикунем ва ба забони модарии худ чун ба як ганҷи бепоён арҷу эҳтиром гузорем. 
Бинобар ин, масъулони соҳаи ВАО-ро зарур аст, ки ба забони ровиёни барномаҳо ва навиштаҳои хабарнигорону рӯзноманигорон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намоянд ва дар тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои савтию луғавӣ, наҳвию услубӣ ва ҳусни баёни он масъулияти бештаре дошта  бошанд.
Дар ҳамин замина, пешниҳод мешавад, ки роҳбарони ВАО ва марказҳои пахши хабару иттилоот бояд дар муассисаҳои худ бо ҷалби мутахассисони забоншинос дарсҳои омӯзиши қоидаҳои забони тоҷикиро ба роҳ монанд ва ҳангоми ба кор қабул намудан ва ё аз аттестатсия гузаронидани кормандон донистани қоидаҳои забони тоҷикиро аз ҳар кадоми онҳо ба таври ҷиддӣ талаб намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар инкишофи забони модарии хеш саҳми назаррасе гузорем ва мондагории онро дар саҳифаҳои таърихи минбаъдаи миллати тоҷик таъмин намоем.
Муҳаммаддовуди САЛОМИЁН, устоди ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2017    №: 54    Мутолиа карданд: 866

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед