logo

иҷтимоиёт

ЗИНАТУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА: «АЗ ШЕВАҲОИ НАВ КОР БИГИРЕМ»

Яке аз воқеаҳои муҳим дар фазои иттилоотии кишвар  ин бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият пардохтани Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мебошад. Аз фаъолияти он як сол сипарӣ шуд. Таъсиси академия дар фаъолияти ВАО - и  кишвар чӣ дигаргунӣ ворид намуд?
Дар арафаи Рӯзи матбуот  хабарнигори рӯзнома оид ба ин мавзӯъ бо Зинатуллоҳ  Исмоилзода, директори Академияи ВАО  суҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем.
- Бигӯед, ки Академияи воситаҳои ахбори омма фаъолияти худро дар кадом самтҳо роҳандозӣ менамояд?
-  Академия, аслан,  ба хотири бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони  ВАО - и Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таҷриба собит менамояд, ки имрӯз воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандонашон таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳатто, дар баъзе кишварҳо роҳбарони ВАО  30 - 40  дарсади буҷети солонаи расонаҳояшонро барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон харҷ менамоянд. Аз ҷониби дигар, дар шароите, ки фазои иттилоотии кишварро теъдоди зиёди  шабакаҳои телевизионӣ, радио ва матбуоти даврӣ бо маводи гуногун пур мекунанд, бешубҳа тарзи пешниҳоди мавод, таҳияи барномаҳо, гуфторҳои радиоӣ  мутахассисони баркамолро тақозо менамояд. Аз ин нуқтаи назар, кормандони ВАО, пеш аз ҳама, ба такмили ихтисос ниёз доранд.
Аммо ин танҳо як самти фаъолияти академия аст. Самтҳои дигари фаъолияти мо ҳамкорӣ бо факултетҳои журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва гузарондани назарсанҷиву  маниторингҳо  мебошад.

- Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи академия, аз ҷумла таъкид намуда буданд, ки «он бояд ба такмили барномаҳои телевизион, боз ҳам беҳтару ҳадафрас намудани гуфторҳои радио ва ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардондани фаъолияти матбуотӣ даврӣ мусоидат намояд».  Дар ин росто чӣ корҳо иҷро карда шуданд?
- Ҳама он корҳое, ки то ин дам Академияи ВАО анҷом додааст, ба хотири беҳ гардидан ва ба талаботи муосир мувофиқ намудани  сифати маводи чопӣ, барномаҳои радиову телевизион  аст.
Зеро, бинандагон имрӯз имкони тамошои садҳо шабакаи телевизиониро доранд.Табиист, ки онҳо шабакаҳои ҷаҳониро ба шабакаҳои телевизионии кишвар қиёс мекунанд. Дар ин миён  танҳо шабакае  метавонад муваффақ бошад, ки маводи телевизионии  хубро ба бинанда пешкаш намуда тавонад. Ҳоло дар масъалаи  дизайн ва  тарзи  пешниҳоди барномаҳо эродҳо зиёданд. Ба  ин хотир, мо барои рассомон, таҳиягарону дизайнерони шабакаҳо машғулияти махсус доир намудем, то онҳо ба тарзи наву хубтари  пешниҳоди барномаҳои телевизионӣ муваффақ  шаванд. Мақсад  аз ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ВАО низ ҳамин аст.
Зимни ифтитоҳи академия эроди ҷиддӣ, ин кам таваҷҷуҳ доштан ба журналистикаи соҳавӣ буд. Ҳангоми таҳияи барномаҳои  иқтисодӣ, фарҳангӣ ё тиббӣ, мутаассифона, ҳамкасбони мо ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. Истифодаи факту рақам ва далелҳо дар сатҳи баланди касбӣ нестанд. Ба хотири ҳалли ин мушкил барои кормандони ВАО, дар шаҳрҳои Хоруғ ва Хуҷанд  машғулиятҳои тарзи дурусти таҳияи гузориш, барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузаронда шуд, ки аллакай самараи чашмрас дода истодааст.

- Таваҷҷуҳи роҳбарони воситаҳои ахбори оммаи кишвар ба масъалаи бозомӯзии кормандонашон чӣ гуна аст?
- Қаблан ба ин масъала таваҷҷуҳ кам буд. Баъди гузарондани курсҳои бозомӯзӣ бо кормандонашон муносибати роҳбарони ВАО ба масъала  тағйир ёфт. Ҳоло роҳбарони расонаҳо ба мо худашон муроҷиат менамоянд, то ба кормандони онҳо  курси   махсуси омӯзишӣ роҳандозӣ намоем. Яъне, муносибати роҳбарони ВАО  ба бозомӯзии  кормандонашон тадриҷан дигар шуда истодааст,  ки ин хеле хуб аст. Зеро ҳар ВАО - е, ки мехоҳад таъсиргузор бошад  ва дар фазои иттилоотӣ мавқеи  хосро соҳиб гардад, дар навбати аввал, ба бозомӯзии кормандонаш кӯшиш мекунад.
Ҳоло замоне фаро расида, ки  роҳбарони ВАО муносибаташонро ба кормандонашон дигар мекунанд. Онҳо кормандеро муҳим медонанд, ки саводи комил, дониши фарох дошта, тавонад, чизе нависад ва ё таҳрир кунад, ки он расонаро муаррифӣ намояд. Яъне, мақсад танҳо ҷойҳои муайянро нигоҳ доштан ба хотири касе ё чизе аз байн рафта истодааст. Тақозои  бозори иқтисодӣ  ин чизҳоро  аз байн мебарад. Акнун шеваҳои нав рӯи кор омадаанд.
Ба ин хотир, бояд мутахассисоне дошта бошем, ки сипари боэътимоди  иттилоотии кишварамон бошанд. Аз ин рӯ, нақша дорем, ки консепсияи нави бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ВАО - ро роҳандозӣ кунем ва бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ силсилаи машварату  омӯзишҳоро дар мавзӯъҳои «Таҳкими амнияти иттилоотӣ ва омода будан ба паёмадҳои   ҷангҳои иттилоотӣ» ва «Омода намудани мутахассисон дар шароити ҷаҳонишавӣ» амалӣ намоем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2017    №: 54    Мутолиа карданд: 793

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед