logo

фарҳанг

АВВАЛИН ҶАШННОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ»

Соли 1912 даҳсолагии рӯзномаи «Правда» ҷашн гирифта шуд ва аз ҳамон рӯз эътиборан, рӯзи панҷуми май ҳамчун рӯзи таъсиси ин рӯзнома то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне то моҳи декабри соли 1991 ҷашн гирифта мешуд. Аввалин китоби ҷашнномаи матбуот ин ҷашнномаи «Правда» ба муносибати таъсиси рӯзнома ба ҳисоб меравад.
Аз ҳамон вақт сар карда, дар тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Дар он рӯз маъмулан рӯзномаҳо сармақолаи худро ба мавзӯи мазкур мебахшиданд ва на танҳо дар бораи «Правда», балки дар бобати матбуоти миллӣ низ  мулоҳизаҳо ронда мешуданд. Баъдтар анъана шуд, ки дар шумораи панҷуми май, гӯша ё саҳифаҳое бахшида ба матбуоти худӣ нашр гардад.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон низ таҷлили зодрӯзи матбуоти маҳаллӣ анъана шуд. Яъне, дар рӯзи солгарди нашри ин ё он маҷалла силсиламатолиб дар бораи худи он нашрия ба табъ мерасид. Дертар рӯзномаҳои асосии Тоҷикистон ё тоҷикӣ, аз ҷумла «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» ба муносибати солгардашон, рисола ё китобҳоеро ҳам нашр мекарданд, ки онҳоро Ҷашннома гуфтан лозим меояд. Анъанаи ҷашнноманависӣ дар иртибот ба санаҳои бузурги нашрияҳо дар замони шӯравӣ давом мекард. Дар ин давра, аз ҷумла рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон» бахшида ба солгарди худ ҷашнномаҳо ва роҳнамоҳо (проспектҳо) чоп карданд. Ин анъана дар замони мо низ идома мекунад. Аз ҷумла, рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (пештар «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ»)  чунин ҷашнномаҳо ба табъ расонидааст.
Аввалин Ҷашнномаи он «Ёдгории иди шашсолагии ҳаёти «Тоҷикистони сурх»» ном дошт, ки соли 1932 нашр гардидааст. Ин Ҷашннома аз қисмати умумӣ, қисмати иҷтимоӣ ва қисмати адабӣ, хотираҳо ва табрикҳо иборат мебошад. Тахмин меравад, ки дар тайёр кардани он бештар се нафар: муҳаррири рӯзнома Қосим Дайламӣ, котиби масъули он Ғуломризо Ализода ва устод Абулқосим Лоҳутӣ иштирок кардаанд. Қисми зиёди мавод, ки бо имзою бе имзост, ба онҳо тааллуқ мегирад. Дар ин Ҷашннома ду чиз бартарии зиёд пайдо кардааст: қисмати сиёсӣ ва шеър. Қисмати сиёсии он тибқи анъанаи ҳамон замон таърихи Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, фишурдаи тарҷумаи ҳоли В. И. Ленин, таърихи мухтасари Тоҷикистони Шӯравӣ, соҳаҳои асосии Тоҷикистони ҳамон замон, яъне тағйироти инқилобӣ, муборизаи зидди босмачигарӣ, тағйироти иҷтимоӣ, мактабу маорифро дар бар мегирад.
Қисмати назм тақрибан ҳамин мавзӯъҳоро дар бар гирифтааст.
Суханҳои табрикотиро роҳбарони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, раиси Шӯрои комиссарони халқи Тоҷикистон А. Ҳоҷибоев, инчунин редаксияҳои рӯзномаҳои ҷумҳуриҳои дигар гуфтаанд. Ин се ҳолат далолат медиҳад, ки Ҷашнномаи мазкур хусусияти сиёсӣ дорад ва ҳамчун китоб рисолаест, ки дар мавзӯи сиёсӣ тайёр карда шудааст. Ҳамин чиз ҳадди муайянкунандаи ҷашнномаҳо шуда метавонад. Зеро дар ҷашнномаҳои баъдӣ ва имрӯза низ рӯҳи сиёсӣ қавӣ мебошад.
Ҷашнномаи «Ёдгории иди шашсолагии ҳаёти «Тоҷикистони сурх», ки ба сифати ёдгор аз гузаштаи ин рӯзнома ба табъ расидааст, на танҳо барои кормандони матбуоти тоҷик, муҳаққиқони журналистикаи тоҷик, донишҷӯёни риштаҳои журналистика, адабиёт ва таърих, балки барои онҳое, ки ба таърихи тамаддуни тоҷик таваҷҷуҳ доранд, низ маводи дилхоҳ медиҳад. Ҷашннома барои насли калонсоли имрӯза аз ҷонбозиҳои равшаниовари бобоҳояшон нақл мекунад ва ба ин васила имрӯзиён фарзандону наберагонашонро барои шинохти асли гузаштаи худ роҳнамоӣ менамояд.
И. УСМОНОВ,  доктори илмҳои таърих,
М. ҚОСИМОВ, аспиранти ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2017    №: 54    Мутолиа карданд: 918

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед