logo

фарҳанг

РӮЗНОМАНИГОРӢ. НАБОЯД ТАНҲО БА ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДӢ МАҲДУД ШАВЕМ

Рӯзноманигории тоҷик тӯли мавҷудият, балки фаъолияти худ вобаста ба дигар шудани сохти иҷтимоию сиёсӣ дар се марҳала низом ва таъйиноти худро тағйир додааст.

Марҳалаи аввал то инқилоби соли 1917-и рус, давраи дуюм замони шӯравӣ, марҳалаи сеюм ба даврони истиқлолияти кишвар рост меояд. Дар ин марҳалаҳо таъсири ин авомил таносубан як хел набудааст. Агар дар марҳилаи аввал омилҳои фарҳангӣ, хоса маорифпарварӣ ва иқтисодӣ, бавижа тиҷорӣ афзалият дошта бошад, дар журналистикаи замони шӯравӣ омили сиёсӣ нисбат ба омилҳои дигар бартарӣ пайдо кард. Дар инкишофи рӯзноманигории замони истиқлол омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бештар таъсиргузоранд. Дар ин раванд таъсири фарҳанги рӯзноманигории аврупоӣ низ кам нест. Ин фарҳанг мустақим не, балки асосан тавассути журналистикаи рус ба воситаҳои ахбори оммаи тоҷик ворид мешавад. Дар ин самт технологияи иттилоотии рушдёфта нақши муҳим дорад. Пешрафти чунин технология тақозо менамояд, ки аз як тараф, шеваи кор дар ВАО дигаргун шавад, аз сӯйи дигар, фаъолияти рӯзноманигорон амалан тағйир ёбад.
Раванди таҳаввулпазирӣ ҳанӯз дар даҳсолаи 1990 бо майли тиҷорӣ ва хусусигардонии нашрияҳои даврӣ шурӯъ гардида, ба дигаргун шудани низоми матбуоти даврӣ оварда расонд. Акнун ин низом танҳо «ёрдамчии содиқ»- и ҳизби ягона набуд, балки эҳтиёҷоти ниҳодҳои гуногуни иҷтимоиро низ баррасӣ менамуд ва манфиатҳои онҳоро тарғиб мекард. Ин ҳолат доираи омилҳои таъсиррасонро ба фаъолияти рӯзноманигорӣ вусъат бахшид. Имрӯз рӯзноманигорон дар сатҳи муайян ба сохторҳои сиёсӣ, ҳукумат, молиёт, сохторҳои тиҷорӣ, муассисаҳо ва соҳибони ВАО вобаста мебошанд.
Дар робита ба ин, агар ба нашрияҳои расмиву ҳукуматӣ, соҳавию бисёртиража ва ҳизбӣ омилҳои сиёсиву ҳукуматӣ бештар таъсир расонанд, барои нашрияҳои хусусиву тиҷоратӣ аслан омили иқтисодӣ таъсиргузор мебошад. Ҳарчанд дар тамоми ВАО, новобаста ба шакли таъйинот, омили иқтисодӣ дар ҷои аввал қарор дорад. Бо таъсири таносубии ин омилҳо рӯзноманигорӣ нисбатан рангорангу шавқовар гардид, доманаи мавзӯоти он васеъ ва мухталиф шуд, шаклҳои нави инъикоси воқеияти иҷтимоӣ зуҳур ёфтанд. Бахусус, матбуоти даврӣ аз ҷиҳати таъйинот ва тип ғанӣ гардида, нисбат ба дигар васоити ахбори омма имкони бештари аз нигоҳи мухталиф ва шаклу шеваи гуногун инъикосу баррасӣ намудани масъалаҳои муҳими рӯзро пайдо кард. Дар баробари ин, мундариҷаи баъзе нашрияҳо то андозае сатҳиву содалавҳона гардид, матолиби нашрияҳо хусусияти ташреҳӣ пайдо карда, жанрҳои публитсистӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд, бархе аз жанрҳои таҳлилӣ, публитсистиву бадеӣ, амсоли очерк, фелйетону памфлет ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд.
 Рушди технология: диктофонҳои олисифат, дастгоҳҳои хуби наворбардор, телефонҳои мобилии пуриқтидор, компютерҳои пурқувват, интернети “ҳамадон” бешубҳа кори рӯзноманигоронро осон намуд, шаклу ороиши нашрияҳо беҳтар гардид. Дар баробари ин, дар раванди фаъолияти касбӣ баъзе камбуду мушкилот рӯ зад. Дар раванди фаъолияти журналистӣ ба усули маъмулии сабти ахбор табдил ёфтани диктофон ва телефонҳои мобилӣ, албатта, амали бад нест. Ин таҷҳизот ва ин усул барои рӯзноманигор ҷиҳати дастрасии иттилоот ва сабти он созгору муфид аст, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ағлаби рӯзноманигорони ҷавон ба сабти диктофон ва ё телефонҳои мобилӣ фирефта шуда, ба фаҳмиши бевоситаи моҳияти воқеаву рӯйдод ва маърифати масъалаҳо камтар мекӯшанд, иттилооти сабтшударо бидуни коркарди касбӣ манзури аудитория мегардонанд. Чунин муносибат агар, аз як тараф, қобилияти фикрронӣ ва раванди ташаккули маҳорати касбии онҳоро суст гардонад, аз тарафи дигар, ба сатҳиву  содалавҳона шудани матолиби интишоршуда боис мегардад, зеро гуфтори шифоҳии сабтшуда коркард намешавад, услуби хаттии публитсистиро касб намекунад. Гузашта аз ин, чунин муносибат салоҳияти меҳнатталабии рӯзноманигоронро мекоҳонад. Аммо аз ин усул ҷойи гурез нест, балки онро бомаърифат мебояд истифода намуд.
Дар замони муосир касбияти рӯзноманигор танҳо бо фаъолияти эҷодӣ маҳдуд намешавад, балки онро донистани технологияи замонавӣ ва истифодаи самараноки он пурра мегардонад. Технология низ ба ҷузъи касбият табдил ёфтааст, ки бидуни донистани он дар журналистика кор кардан душвор аст, зеро меҳнати рӯзноманигорӣ бо технология тавъам шудааст. Бо технология тавъам намудани  меҳнати журналистӣ моҳиятан ба ҳадди ақал расонидани маҳорати эҷодиро мефаҳмонад.
Рушди технология бояд ба инкишофи журналистика ва инкишофи журналистика ба пешрафти ҷомеа таъсир расонад.
Агар дар нашрияҳои даврӣ нафарони бомаҳорат, таҳлилгар, дорои ҷаҳонбинии васеъ бештар ҷалб шаванд, фазои матбуотро баҳси ақлҳо, назару андешаҳо ва музокираҳои илмӣ ишғол намуда, ҷои маводи сатҳиву эҳсосиро матолиби ақливу ратсионалӣ мегирад, арзиш ва мақоми матбуот боз ҳам баландтар мегардад. Бахусус дар шароити имрӯз, ки фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ба буҳрони шадид қарор гирифта, ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни моҷароҷӯву исёнгар қувват мегиранд, таҳоҷуми иттилоотӣ бештар ва гаравиш ба фарҳанги беруна мушоҳида мешавад, нақши матбуоти кишварҳо боз ҳам муҳимтару боризтар мегардад. Барои таҳлилу баррасии воқеии ин гуна равияҳо, таҳоҷумҳо, бегонапарастиҳо ва гирифтани пеши роҳи онҳо, ҳамчунин тарғиби дастовардҳои илмиву истеҳсолӣ матбуоти даврӣ имкони бештар дорад, ки фазои мувофиқу муносибро фароҳам орад, дар ифшои моҳияти аслии ҳаводис афкори солимро тарғиб кунад.
Мурод МУРОДӢ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2017    №: 54    Мутолиа карданд: 852

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед