logo

фарҳанг

ИНСОНҲОИ БОШАРАФ

Саду панҷ соли матбуоти тоҷик савол пеш меорад, ки чиро ва киро аз бунёдгузорони он мешиносем ё шинохтан мехоҳем. Охир, бунёди матбуот ҳам мисли эъмори коху биноҳои боҳашамат, оростани боғистону токзор, сароидан, рақсидан, тамсил ва ромишгарӣ чирадастони худро дорад. Сатҳи устодони матбуот аз дигар нигорандагони эҷод, ба он фарқ мекунад, ки журналистон ба ҷуз истеъдод, эътиқоди сиёсӣ низ бояд дошта бошанд. Зеро матбуот дар навбати аввал барои фикреро гуфтан, ҳимоя ё рад кардан, истифода мешавад. Бе ин рӯзнома ё маҷалла ба коғазпораи ночизе табдил меёбад.

Агар ба давраи бунёди матбуоти тоҷикӣ ё дузабонаи тоҷикию ӯзбекӣ (туркманӣ) назар кунем, шаш номро бештар ёд меорем: Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ, Мирзосироҷи Ҳаким, Мурзомуҳиддин Мансуров, Саидризо Ализода, Абдурауфи Фитрат ва Ҳоҷимуин Шукруллоев. Ҳаминҳоянд аввалин андешаронҳои тоҷик, ки «Бухорои шариф», «Самарқанд», «Оина»-ро таъсис доданд, асарҳои публитсистиашонро ба сифати китобҳои алоҳида чоп карданд, барои он матбуот навиштанд, тарҷума карданд, матбуотро дар байни ҷавонон муаррифӣ намуданд. Онҳо зиёдтар дар бораи илму маориф, тиҷорат, саёҳат сухан гуфтанд, мо мардуми тоҷикро ба тамаддуни нави башарӣ, инчунин, ба ҳоли Аврупо шинос карданд. Онҳо ин амали худро нишонаи ҷадид не, балки идомаи қадим гуфта, ба ашъори Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон такя кардаанд. Яъне, аз рӯзҳои аввал матлаби публитсистии матбуоти тоҷик бо либоси зарҳалии адабиёт пӯшонида шуд.
Дар замони инқилоб (солҳои 1917-1924) тоҷикон ба се тан чун журналистони миллии инқилобпарвар такя доштанд: Саидризо Ализода, Абдуқодир Муҳиддинов, Садриддин Айнӣ. Ин се тан бештар шиори инқилобро ба забони тоҷикӣ бурро ва шунаво карданд, зеро имон доштанд, ки маҳз ҳамин инқилоб тоҷиконро аз асорату ғуломӣ ва халқу қавмҳои дигар озод мекунад.
Саидризо Ализода дар Самарқанд, Абдуқодир Муҳиддинов дар Бухоро алорағми душманони давлати шӯравӣ рӯзномаҳои миллии тоҷикиро ё тоҷикию ӯзбекиро таъсис дода, аз манфиати халқи худ ҳимоя карданд. Барои бунёди мактабу нашри китобҳои тоҷикӣ талош доштанд. «Шуълаи инқилоб»-и С. Ализода муҳимтарин рӯйдодҳои имрӯзи тоҷикони Туркистонро, «Озод Бухоро»-и Муҳиддинов таърихи давлат ва тамаддуни тоҷиконро таблиғ мекард. Устод Айнӣ дар ин матбуот шеър, мақола ва нигоришҳои муҳим ба табъ мерасонд. Устод аз он ба баъд низ, то вақте ки қалам ба даст дошта метавонист, дар матбуоти тоҷик муаллифи мумтоз буд.
Умеду орзуи садсолаҳо доштаи тоҷикон – соҳиби давлати худ шудан соли 1924 даст дод. Дар матбуоти сершуморе, ки дар Самарқанду Душанбе ба миён омаданд, дар баробари ин номҳо исмҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Маҳдӣ Таҳмосов, Аббос Алиев, Шукруллоев, Саидбоғир Қосимов, А. Рамов, Шарофиддин Садруллин, Баҳриддин Азизӣ, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ, Қурбон Баҳлулзода пайдо шуданд. Матбуоти ин замон, ки дар мавриди муборизаи зидди босмачиҳо, мустаҳкамшавии мақомоти шӯроҳо дар Тоҷикистон, мактабу хати нав бисёр менавиштанд, баҳс мекарданд, дар суроғи ҳақиқат буд. Кӯшиши миллии  матбуоти ин давр имкон дод, ки ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон ба Тоҷикистони мустақил табдил ёбад. Дар ҳамин давра повести «Одина»-и устод Айнӣ дар «Овози тоҷик» нашр шуд. Дар ҳамин давра маҷаллаи «Дониш - биниш» ва «Дониш - омӯзгор» ба китоби дарсии мактабҳои миллӣ табдил ёфт.
Публитсистикаи солҳои сиюм ба номи Бобоҷон Ғафуров, Қосим Дайламӣ, М. Глуховский, Набиҷон Почоҷонов, Ғуломризо Ализода, Мирсаид Миршакар, Абдулғанӣ Мирзоев, Мирзо Турсунзода, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ тавъам аст. Онҳо кӯшиши матбуотро, аз ҷумла, барои маҳви бесаводӣ, маданияти нав, ки яке аз се вазифаи ягонаи замон буд, сарварӣ мекарданд. Дар ин давра дар саҳифаҳои матбуот обёрии водии Вахш, сохтмони каналҳои калони Фарғона ва Ҳисор, бунёди роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ, аввалин стансияҳои электрикӣ ва заводҳо аз мавзӯъҳои аввалиндараҷа буданд. Соли 1932 рӯзномаи «Бедории тоҷик» («Тоҷикистони сурх» ҳоло «Ҷумҳурият») аввалин бор зодрӯзашро ҷашн гирифт ва китобе, ки ба ин муносибат нашр шуд, бештар ба қалами муҳаррири он Қосим Дайламӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ тааллуқ дошт.
 Азбаски солҳои 40-ум ба ду қисми баробар тақсим мешавад, яъне замони ҷанг ва осоишта, журналистон ва матбуоти ин давр низ ду гурӯҳанд ва мавзӯҳояшон низ ду самти асосӣ доштанд: ҷанг ва ақибгоҳ. Дар ин солҳо Фотеҳ Ниёзӣ муҳаррири  рӯзномаи ҳарбии тоҷикӣ буд, устодон Айниву Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода очерку мақолаҳои қаҳрамонӣ менавиштанд, дар ҳар шумора памфлету латифаҳои Самад Ғанӣ, Мирсаид Миршакар дарҷ мешуданд.
Нимаи дуюми солҳои чилум матбуот ва публитсистон навиди пирӯзӣ медоданд, аз зиндагии созанда ҳикоят мекарданд, ба илму маориф рӯ меоварданд. Дар ин замон эҷодиёти Ш. Ҳусейнзода, В. Асрорӣ, С. Табаров, А. Деҳотӣ, А. Қаҳҳорӣ бештар рӯҳияи навро ҳимоя мекард.
Ҷустуҷӯи роҳҳои нави эҷодӣ, мавзӯъҳои нав, жанрҳои нав, сухани нав, саҳифаҳои нав, хоси матбуоти чил соли оянда: солҳои 1950-1990 буд. Ин асри бунёдкорӣ, марҳалаи ошкорбаёнӣ ва бозсозӣ буд. Журналистикаи ин давр номҳои М. Ғуломов, М. Мирзо, Б. Бердиева, А. Шукӯҳӣ, А. Ҳалимов, Ш. Саидов, М. Наҷмиддинов, М. Ҳакимова, Б. Муртазоев, Гулрухсор, М. Муҳаббатшоев, И. Файзуллоев, В. Каратигина, Б. Пшеничний ва бисёр дигаронро ёд меорад. Мақолаи миллатхоҳонаи Ғоиб Сафарзода ва сарнавишти муҳаррири «Тоҷикистони советӣ» А. Ҳалимов, ҳақ ва сахтгӯиҳои рӯзномаи «Маориф ва маданият» ёд мешавад.
Симои он публитсистоне, ки дар матбуоти марказии СССР шуҳрат ёфтаанд – Ғ. Қаландаров, О. Латифӣ, Н. Табаров, Н. Асадуллоев, Н. Маҳкамов, У. Бобохонов равшан ба назар меояд ва навиштаҳои онҳо набзи Тоҷикистонро ба дунё мерасонд.
Охири солҳои 80-ум буҳроне дар муҳити сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шуд, ки он ин давлати абарқудратро аз рӯи замин рабуд.
Лавҳу лафзи журналистикаи тоҷикро истиқлолияти миллии Тоҷикистон дигар кард, аммо дар 5-6 соли аввали он журналистон маҷбур буданд, ки алайҳи ҷанг, зидди иғвову тавтия, муқобили худкомагӣ сухан гӯянд ва овози М. Шерализода, Х. Ҳайдаршо, Ҷ. Ҳотамӣ, Н. Каримов, М. Мирбобоев, Ш. Ёдгорӣ, Б. Абдулвоҳидов дар ин айём шунаво буд. Меҳнаташон рӯҳашонро аён мекард. Бо фаро расидани сулҳ, ки раҳнамояш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, симои журналистикаву журналистони тоҷик боз равшан, осуда, бунёдгар гардид.
Андешаи зер бароям қонун аст: аз аввалин номе, ки дар ин мақола зикр кардам, то садҳо номе, ки дар ин 105 сол дар матбуоти тоҷик ҳамчун журналисти касбӣ ё публитсисти ҳамкор хизмат карданду дар хизматанд, аммо имкон надоштам, ки онҳоро ном гирам, дар якҷоягӣ мафҳуми «журналисти тоҷик»-ро ифода мекунанд, ҳамаи онҳо инсони бошарафанд.
Иброҳим УСМОНОВ, доктори илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2017    №: 54    Мутолиа карданд: 917

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед