logo

иқтисод

ДАРБАНД БА ШАҲРАКИ ЗАМОНАВӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Бунёди шаҳраки нави Дарбанд таҳти таваҷҷуҳи хоси Роҳбари давлат қарор дорад. Бо татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013 - 2017» он  дар муҳлати кӯтоҳ ба як шаҳраки зебои замонавӣ табдил ёфт.
Мирсаид Хоҷаев, мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, гуфт, ки баробари шаҳрак маркази ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳои дигар низ симои худро рӯз то рӯз дигаргун месозанд. Ба ин васила зиндагии шоистаи мардум низ таъмин гардида истодааст. Танҳо соли сипаришуда барои корҳои ободонию сохтмонӣ беш аз 31 миллион сомонӣ, аз ҷумла 18 миллиону 245 ҳазору 100 сомонӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи  зериобшавандаи НБО-и Роғун» дар ноҳия,  аз худ карда шудааст. Дар ин давра 4 658  метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 15 маркази савдо ба маблағи 2 миллиону 640 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Татбиқи самараноки лоиҳаҳои грантӣ низ дар сатҳи хуб қарор дорад. Аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ наздики 8 миллион сомонӣ барои пешбурди соҳаҳо аз худ карда шуда,  ҳоло  дар 11 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Дар муассисаҳои таълимии № 17-и деҳаи Ҳасандара 8, № 33 - и деҳаи Кабудиён 8, № 30 - и деҳаи Якбара 6 ва № 25 - и деҳаи Зорон 6 синфхонаи иловагӣ бунёд ёфтаанд. Сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Кафтаргузар, таъмири маркази саломатии деҳаи Тегирмӣ ва таъмини он бо таҷҳизоти тиббӣ,  сохтмони системаи гармидиҳии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 - и  деҳаи Хоҷаайн, маркази касбомӯзӣ дар шаҳраки Дарбанд, девори аз сел ҳимоякунанда дар деҳаи Себак, кашидани хатҳои оби нӯшиданӣ  дар деҳаҳои Таги Камару  Ёфуч аз рушди бунёди муассисаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ноҳия гувоҳӣ медиҳанд. Дастовардҳои  номбурда дар доираи амалисозии барномаю лоиҳаҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои НСИФТ, сафорати Ҷопон, МСДСП, Бонки исломии рушд ва БҶИМК-и хазинаи Оғохон дар минтақаи Рашт сурат гирифтаанд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 751

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед