logo

иқтисод

ОБОДОНИИ ПОЙТАХТ. БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Шаҳри Душанбе аз рӯи мақоми худ дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. Шаҳрванди пойтахт будан аз як тараф ифтихор аст, аз ҷониби дигар аз ҳар  шахс масъулияти калонро талаб мекунад. Бинобар ин, бунёди биноҳои наву хушсохти замонавӣ, ободу зебо гардондани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва тозаву дилкаш нигоҳ доштани онҳо вазифаи асосии шаҳрнишинон ба ҳисоб меравад.
Барои риоя накардани талаботҳои санитарию  байторӣ тибқи  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдошт, парвариш, интиқоли ҳайвоноти манъшуда аз як ҷой ба ҷойи дигар, инчунин барои  дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори ҷиноятӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи муайяншуда  ҷарима муқаррар карда шудааст.
Бино ба иттилои Бобошо Кармишев, сардори Раёсати назорати давлатии байторӣ дар шаҳри Душанбе, соли 2016  дар натиҷаи рейдҳои муштарак нисбат ба 330 нафар барои риоя накардани талаботи байторӣ - санитарӣ чораҳои маъмурӣ андешида, ба маблағи 35620 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст. Инчунин, нисбат ба 43 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ санадҳо тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта амрнома пешниҳод гардидааст.
- Дар шаҳри Душанбе  танҳо дар боғи фарҳангӣ, яъне Наврӯзгоҳ аз тарафи мақомот парвариши асп бо мақсади гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ иҷозат дода шудааст. Ин парваришгоҳ аз тарафи раёсат ҳамарӯза зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Онҳо чорабиниҳои зиддиэпизоотиро сари вақт мегузаронанд ва чорворо аз касалиҳои хавфнок эмин нигоҳ медоранд. Инчунин, вазъи эпизоотикии боғи ҳайвонот зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Дар навбати худ шаҳрвандон низ бояд дар ин самт фаъол бошанд, дар вақти ворид намудани ҳайвонҳои бемаҳсул, аз қабили сагу гурба аз дигар минтақаҳо сари вақт ба мутахассиси байторӣ муроҷиат намоянд, - гуфт Б. Кармишев.
Душанбе  оинаи кишвар аст. Дар симои он ҳар меҳмони пойтахт маданият, зисту зиндагонӣ ва фарҳанги миллати тоҷикро баръало мебинад ва дар маҷмӯъ ба кишвари мо баҳо медиҳад. Аз ин лиҳоз, ободонии пойтахт ва кишвари маҳбубамон вазифаи ҷонии ҳамаи сокинони он мебошад.
 Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 1013

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед