logo

иқтисод

ХАРБУЗА. ЧӢ ГУНА ШУҲРАТИ ПЕШИНАРО БАРҚАРОР КУНЕМ?

Аз махзанҳои таърихӣ бармеояд, ки харбуза ҳанӯз дар замонҳои қадим  ҳамчун зироати ғизоӣ эътибори калон дошт, парвариш меёфт ва ҳатто тоҷирон  онро ба шакли ғилоф  дона - дона банду баст карда, ба кишварҳои дур туҳфа мебурданд.   Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 60 навъи он кишт карда мешавад. Айни ҳол баъзе навъҳои харбузаи Тоҷикистон ба монанди ҷиликӯлию конибодомӣ моли содиротӣ буда, берун аз ҳудуди кишварамон низ шуҳрати калон доранд.

Дар таркиби кимиёии харбуза элементҳои барои инсон зарурии калий, калсий, натрий, магний, оҳан, фосфор ва витамини С зиёданд, қанди умумӣ 3.5 то 18 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, харбуза на танҳо маводи хуби ғизоӣ, балки давоӣ ҳам эътироф шудааст. Ин нуктаро бузургони илму адаби мо низ таъкид кардаанд:
Тановул гар кунӣ харбузаро субҳ,
Барӣ аз дил  ғубору иллату кубҳ.

Мувофиқи тавсияи мутахассисон, ки  аз дастовардҳои илмӣ асос мегирад,  то кишти харбуза – зироати куҳан ва муҳими кишоварзӣ рӯзҳои башумор мондааст. Кишти зери плёнкаро аз 25 феврал то 1 март  ва дар ҳавои кушод аз 20 март шурӯъ кардан мувофиқи матлаб аст. 
Мутаассифона, солҳои охир ҳамагӣ 25 - 30 дарсади кишти умумии майдонҳои полизиро харбуза ташкил дода, ҳамзамон  ҳосилнокии он кам шуда истодааст. Ҳосилнокии миёнаи қитъаҳои омӯзишӣ солҳои 2010 - 2013 (мутаносибан дар гурӯҳҳо) то  179 - 219 - 234 - 247 сга паст фаромадааст.  Сабаби  асосии коҳиш ёфтани майдонҳои кишти  ин зироати гаронбаҳои ғизоӣ   пастравии самаранокии парвариши  зироат аст. Бар асари паҳншавии зараррасонҳои «магаси харбуза» ва «ширинча»  талафёбии ҳосил зиёд гардид ва соҳа  дар  андешидани тадбирҳо барои пешгирии ин вазъ ва ҳимояи харбуза қафо монд. Истеҳсолоти кишоварзӣ бар асари ин омил рақобатпазирии маҳсулотро дар бозор таъмин карда натавонист. Дар натиҷа маҳсулоти монанд,  лекин сифатан пасти ба саломатии мардум зараровар ба ҷумҳурӣ  ворид шуда мақом ёфт. Раванди ҷойдошта метавонад сабаби аз байн рафтани навъҳои беҳтарини бо заҳмати чандинасраи халқ офаридашудаи харбуза гардад. Ҳамчунин, ин омил ба таъмини амнияти озуқавории кишвар низ мусоидат намекунад.
Мувофиқи маълумот, бори аввал зарари ҳашароти зараррасон - «магаси харбуза» соли 2003 мушоҳида гардид. Айни ҳол он  дар тамоми ҳудуди вилояти Хатлон паҳн шудааст. Ҷузъан зарари он дар шаҳру навоҳии Зафаробод, Мастчоҳ, Истаравшан, Деваштич,  Конибодоми вилояти Суғд ба мушоҳида мерасад.  Хуруҷ ва зараррасонии шадиди ин ҳашарот дар навоҳии полизикори водии Вахш  соли 2009  ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи гузарондани чораҳои  пешгирӣ ва ҳимоя дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ паҳншавии зараррасон  дар маҷмӯъ  аз 70 - 95 дарсади соли 2009   то  10 - 20 дарсади соли 2013  коҳиш ёфт.   Соли 2009  65 - 90 дарсади ҳосили харбуза талаф ёфт, соли 2013 бошад, талафи ҳосил 10 - 15 дарсадро ташкил дод. Тадбирҳои роҳандозишудаи  аз «магаси харбуза» ва «ширинча» эмин доштани ҳосил собит сохтанд, ки самараи хуб танҳо дар натиҷаи маҷмӯан (дастҷамъона) гузарондани чорабиниҳо   ба даст меояд. Ҳамчунин, ба андешаи мо, зарур аст, ки кишоварзон  оид ба парвариши харбуза ва ҳимояи он, аз ҷумла парвариш ва нигоҳубини агротехникӣ, хусусиятҳои биологии  «магаси харбуза» ва «ширинча» барин ҳашароти зараррасон, коҳиш додани таъсири ҳашароти зараррасон тавассути гузарондани чорабиниҳои иловагии агротехникӣ - шудгори тирамоҳӣ, яхоб ва обмонии баҳорӣ ва муборизаи кимиёӣ бо ин ҳашарот, бояд иттилооти зарурӣ дошта бошанд.
 Ҳамзамон, бояд ҷиҳати дастрасии маводи зарурӣ доир ба паҳншавии зараррасонҳо дар    майдонҳои  кишти харбуза   бо иштироки  кишоварзон давра ба давра  мониторинг ва   семинарҳои омӯзишӣ гузаронда, корҳои пешгирӣ ва ҳимоя ташкил карда шаванд.   Чораҳои агротехникӣ бе иловаи чораҳои кимиёии мубориза на танҳо самара намедиҳанд,  балки ин ҳол ба   нобудшавии зиёди (иллат ёфтани  95 - 98 дарсади ҳосил  имконпазир аст) ҳосил оварда мерасонад. Муқаррар гардидааст, ки гузарондани чораҳои маҷмӯии ҳимояи зироати харбуза аз ҳашароти зараррасони «магаси харбуза» ва «ширинча»  ба ҳисоби миёна дар се соли таҳқиқотӣ аз 22611 то 36611 сомонӣ аз ҳар гектар фоидаи соф меоварад.  Парвариши харбуза бо ин усули ҳимоя сатҳи даромаднокиро барзиёд таъмин мекунад. Бо назардошти  натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ   тавсия дода мешавад, ки дар сурати дар маҷмӯъ гузарондани чораҳои пешгирӣ ва ҳимоя  дар заминҳои обёришавандаи водиҳои Вахш ва Данғара парвариши навъҳои «ҳандалак», «тобистона» ва «тирамоҳӣ - зимистона» - и харбуза, дар навбати аввал навъҳои ба зараррасонҳо ва касалиҳо тобовари Кукча - 588, Бухорогӣ - 33, Тирамоҳӣ, Андархон, Обинабот, Гулобӣ, Парсилдоқӣ, Бурикалла, Алапучоқ, Амириро ба роҳ мондан  даркор аст.
Айни замон  кишоварзон дар парвариш ва ҳимояи  ин зироати ғизоии мардумӣ ва содиротӣ ба мушкилӣ дучор шуда, ба дастгирии мушаххас, хусусан олимон, ниёз доранд.  Дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи дар амал ҷорӣ кардани онҳо метавонанд ин мушкилиҳои соҳаро осон намоянд. Биноан, ташкили сохтори  муосири идоракуниро, ки  истеҳсолоти кишоварзиро бо соҳаҳои хизматрасонӣ, таъминот, таъмир, коркард, бандубаст, интиқол ва фурӯши маҳсулот фаъол ва муназзам мегардонад, зарур мешуморем. 
Ғ. ДОСТИЕВ, коршиноси масоили кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 1094

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед