logo

иҷтимоиёт

ТО ҶОМЕА СОЛИМ БОШАД...

«Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад. Зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад».

Аз «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
26 декабри соли 2016
Касберо, ки мо интихоб намудаем, касбест, воқеан, пурифтихор ва пуршараф. Ин касбест, ки дар таркиби номи худ шафқат дорад. Агарчи мафҳуми «хоҳар» худ дорои ҳамин маъност, аммо барои таъкиду эҳсоси беҳтару бештари масъулият «шафқат» - ро бар он афзуданд.
Шафқат чист? Дар луғату фарҳангу қомусҳои ниёгони мо, аз ҷумла «Ғиёс – ул – луғот», «Мунтахаб», «Кашф», «Баҳори аҷам» ва «Суроҳ» омадааст, ки «шафқат» ба маънии «меҳрубонӣ» мебошад. Дар луғату фарҳангу қомусҳои навин низ сабт намудаанд: шафқат, яъне меҳрубонӣ, дилсӯзӣ аст. Ва низ иборат аз мулотифат ё худ лутф намудан ва марҳамат, яъне раҳмат кардан дар ҳаққи ғайр аст.
Табиист, ки пешиниён бо шинохту дарёфти ин таъбирҳову ҳақиқатҳои зебо ва меҳнату заҳмати софдилона на танҳо худ ба ифтихору шараф сазовор гардиданд, балки ин касбро низ маъруф намуданду дӯстдоштанӣ. Шукр, дар ин дунё бад – ин сабаб шумораи соҳибони касб ва дӯстдорони он ба маротиб афзуда ва ба ҳар сол дар ҳоли афзудан мебошад. Барҳақ фармудаанд, ки дунёро аз ҳама балоҳо танҳо туфайли зебоӣ ва шафқат наҷот додан мумкин аст. Инсонҳо махсусан дар ин даврон дар тамоми ҷаҳон ба шафқату меҳрубонӣ пур ниёз доранд. Вазъи асри ҳозир ин ҳақиқатро рӯшану возеҳ ба ҳар кадоми мо изҳор медорад.
Агар ба гузаштаи дуртар назар биафканем, назаре ба дидаи ибрат, бештару беҳтар дармеёбем, ки дар он рӯзгор низ таъкид мешуда, ки шафқату меҳрубониро аз инсонҳо, хоса инсонҳои ниёзманд ҳеҷ дур накунем. Файласуф ва ходими сиёсии Юнони қадим Сенека ба таъкид изҳор дошта буд: «Инсон барои инсон бояд муқаддасот бошад». Ва низ махсус изҳор доштааст: «Инсоне, ки танҳо дар бораи худ фикр мекунаду пайваста дар ҳама ҷо манфиат меҷӯяд, хушбахт буда наметавонад. Агар барои худ зистан мехоҳӣ, барои дигарон бизӣ». Ин таъкид ба мо ҳам дар ин даврони навин нигаронида шудааст. Аз хусусияти касбии мо - табибон, хоҳарони шафқат аст, ки барои  дигарон бояд бизием, аммо дар асл он зистан барои худ мебошад.
Селс, нависандаи маъруфи Юнон, гуфтааст: «Муҳим нест беморӣ чӣ бор меоварад, муҳим он аст, ки чӣ онро рафъ мекунад». Ва ҳам: «Табиб бояд зуд, бехатар ва гуворо табобат кунад». Дар иҷрои ин амали хайр мо ҳамроҳ бо табибонем.
Сисерон гуфтааст: «Бемор то нафас дорад, умеди зистани ӯ боқист».
Плиний нависанда, олим, арбоби ҷамъиятии ин кишвар дар он рӯзгор барҳақ барои ҳамзамонон ва пасиниён бисёр зебо ва ҳадафрас фармудааст: «Ба мо – инсонҳо умри дарозро лоиқ надиданд. Аз ин рӯ, корҳоеро аз худ бояд боқӣ гузорем, ки исботи зиндагии бардавоми мо бошад». Дарёфти ин ҳақиқат ва расидан ба он ҳеҷ душвор нест. Ҳамин ки бо муҳаббат донишро фаро гирифтем, касбро дӯст доштем ва ба сидқ дар он амал кардем, зиндагии бардавом ва дар айни ҳол ифтихору шараф моро ҳатман насиб мегардад.
Унсурулмаолии Кайковус, ки аз зумраи ниёгони пуршарафи мо асту даҳ аср пештар аз мо мезистааст, дар асари машҳураш «Қобуснома» изҳор медорад: «Агар табиб бошӣ, бояд, ки илму усули тиб бидонӣ нек». Яъне, нахуст бояд, ки ин илмро нек, ба пуррагӣ фаро бигирад. Пас аз он андӯхтани таҷрибаро бар ӯ зарур мешуморад.
Ин муаллиф пас аз он васиятҳои Буқрот, нафаре, ки то ба Абуалӣ ибни Сино машҳур буд, ёд меорад ва таъкид месозад, ки «Ва бояд, ки васоёи Буқрот хонда бошад, то андар муолиҷати беморон шарти амонат ва ростӣ ба ҷой тавонад овард. Ва пайваста хештан пок ва ҷома пок ва мутаййиб, яъне тоза дорад. Ва чун бар сари бемор шавад, бо бемор тозарӯй ва хушсухан бошад ва беморро дилгармӣ диҳад, ки тақвияти табиб беморро қуввати ҳарорати ғаризӣ бияфзояд».
Ин таъкиду ҳидоятҳо ҳақиқати худро дар замони мо низ аз даст надодаанд. Яъне, нахуст шарти амонат ва ростиро ба ҷой биоварем. Ҳамин, ки дар инсон, хоса табибу хоҳари шафқат ин ду гавҳар набошад, дигар ҳеҷ сарвате ӯро насиб намегардад. Балки хиёнат ба дониши андӯхта ва касби худ кардааст.
Аз васияти дигари Буқрот бармеояд, ки ба покии зоҳиру ботин ва тозагӣ бояд махсус аҳамият бидиҳем.
Таъкиди дигари ӯ ин аст, ки бо бемор тозарӯй ва хушсухан бошем. Дар ҳақиқат, чеҳраи кушода ва сухани хуши мо аз ҷумлаи давоҳо барои беморон аст.
Ҳидояти дигари ин табиби ҳозиқ он аст, ки беморро пизишку хоҳари шафқат бо сухани хуш, ки ба шифои комил ёфтанаш иртибот мегирад, дилгарм намояд. Ин ба бемор рӯҳу неруи наву тоза мебахшад ва бо дардҳо ҳамроҳи мову давоҳо худ мубориза мебарад. Имкони пирӯзӣ дар ин маврид, албатта бештар мегардад.
Пири ҳамаи табибони олам – Абуалӣ ибни Сино низ баъдҳо чунин раҳнамоӣ кардааст ва ба илму таҷриба асрори давои бисёр дардҳоро кушодааст. Мо бо пайравӣ аз ӯ бояд, воқеан, дониши мукаммал, таҷрибаи кофӣ ва меҳру муҳаббату садоқат ба ин касби пуршараф дошта бошем. Танҳо дар ин сурат дар бунёди ҷомеаи солим саҳми дурусту арзанда гирифта метавонем.
Гулнисо НЕЪМАТОВА,
корманди Пажӯҳишгоҳи илмӣ - клиникии стомотология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 838

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед