logo

иҷтимоиёт

"ҶУМҲУРИЯТ" ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶОМЕА ТАЛОШ МЕВАРЗАД

Посух ба мақолаи «Кӯлоб. Ҳоли табоҳи роҳҳои мошингард», ки дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 39) 21 феврали соли 2017 чоп шудааст:

Боиси қаноатмандист, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» -   нашрияи  бонуфузу муътабари ҷумҳурӣ барои ҳали мушкилоти ҷомеа саъю талош меварзад ва дар бартараф кардани нуқсу доғҳои ҷамъият бо мардум, аз ҷумла бо мо, ҳамдастӣ мекунад.
Кормандони корхонаи таъмиру барқароркунии роҳҳои дохили шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза  барои хубтар иҷро кардани уҳдадориҳои  хизматии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дуруст аст, ки роҳҳои  нақлиётгарди маҳаллаҳои ба номи Н. Ҳувайдуллоев ва Ҳ. Неъматов - аз назди раёсати Бонки миллии минтақаи Кӯлоб то маркази алоқаи шаҳрӣ ва роҳи байналмилалии назди бозори И. Сомонӣ муддати тӯлонист, ки таъмири асосиро  надидаанд, вале таъмири асосии ин роҳҳо аз ҷониби ширкати чинии «Бейси» ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи ин нақша, соли ҷорӣ дар 7,2 км роҳҳои дохили шаҳр таъмири асосӣ, аз ҷумла дар чорроҳаи бонки «Эсхата» то назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр, маҳаллаҳои  Ҳ. Аҳмар ва пули назди  хоҷагии коммуналии шаҳр гузаронда мешавад.
Корхонаи таъмиру барқароркунии роҳҳои дохили шаҳри Кӯлоб ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ҳоло  аз сабаби  фаро нарасидани мавсими асфалтбарорӣ корхона роҳҳои дохили шаҳрро бо шағали қумдор таъмир карда истодааст. Бо саршавии мавсими асфалтбарорӣ дар роҳҳои дохили шаҳр таъмири ҷорӣ мегузаронем.
Ҳоло кӯчаҳои шаҳрро бо истифода аз шағали қумдор таъмир мекунем. Кӯчаҳои С. Даминзода, Ҳ. Назаров, назди муҷассамаи Ш. Шоҳин, хиёбони И. Сомонӣ (назди терминал), 50 – солагии Тоҷикистон ва роҳи  байналмилалии назди бозори И. Сомонӣ то гардиши беморхонаи вилоятӣ ба ҳамин усул таъмир гардиданд. Коргарони корхона бо либосҳои махсуси кории фарқкунанда таъминанд.
Корхона барои омодагӣ ба мавсими таъмир, ки моҳҳои апрел – май оғоз мегардад, битум ва  маводи дигари даркорӣ захира кардааст. Ҳамчунин, таъмири сехи асфалтбарорӣ қариб ба анҷом  расидааст.
 Соли гузашта аз буҷети  маҳаллӣ барои таъмири роҳҳо 438200 сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд ва ин маблағҳо мақсаднок истифода бурда шуданд.
О. ҲАЛИМОВ,
директори корхонаи таъмиру барқароркунии роҳҳои дохили шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 639

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед