logo

маориф

ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ. ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ ТАҲСИЛОТ ТАВСЕА МЕЁБАНД

Хазина барои сулҳ ва тараққиёти Хитойи  Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Хитой тибқи барномаи Камарбанди иқтисоди  Роҳи Абрешим, барои ҷиҳозондани утоқҳои лингафонӣ, синфхонаҳои компютерӣ  ва чопӣ  ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷҳизот  тақдим хоҳад кард. Ин нукта зимни вохӯрии  Раъно Маҳмудзода,  муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ю Сяосюан, муовини котиби генералии Хазина барои сулҳ ва тараққиёти Хитой, зикр шуд.
Раъно Маҳмудзода  гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ  бо кишвари дӯсту  ҳамсоя - Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самтҳои  сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва бехатарӣ ҳамкориҳои  судмандро роҳандозӣ намуд. Тӯли 25 соли муносибатҳои дипломатӣ ҷонибҳо ба муваффақиятҳои назаррас  ноил  гардиданд.
Ю Сяосюан чунин натиҷаҳоро  аз муносибатҳои  хубу дӯстонаи ҳар ду  кишвар арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки ин  сеюмин сафари мо ба Тоҷикистон аст. Зимни ин сафар мо ба натиҷаи лоиҳаи қаблан амалигашта дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ошно мешавем. Ин  ошноӣ ба фазои таҳсилот вобастагӣ дорад. Боварӣ дорем ҳамкориҳое, ки   дар самти таҳсилот равона шудааст, барои ҳар ду кишвар манфиати зиёд хоҳад овард.
Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим лоиҳаест, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой баҳри ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар самтҳои гуногун амалӣ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа қаблан хазина барои дастгирии  системаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду грант  ҷудо намуд, ки литсейи президентӣ ва Донишгоҳи омӯзгории  Тоҷикистон бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гашта буданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 1201

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед