logo

иқтисод

ГЕОЛОГИЯ. ҶАЛБИ ҶАВОНОН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Аз замони соҳибистиқлолӣ ҳафт бор дар ҷумҳурӣ бо ибтикори  Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Слёти геологҳои ҷавон баргузор шудааст. Имсол Саридораи геология иқдом гирифтааст, ки Слёти 8 - уми геологҳои ҷавонро бахшида ба 20 - солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат баргузор намояд.

Мақсад тарғибу ташвиқи соҳаи геология ба насли наврасу ҷавон ва  ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба ин соҳаи афзалиятнок мебошад. Ба ҷамъомад хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 – и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, ки ба омӯзиши илми соҳаи геология шавқу рағбати бештар доранд, ҷалб карда мешаванд. Ташкили мусобиқа ва озмуни вобаста ба илми геология дар ҳузури олимон ва коршиносон имкон фароҳам меоварад, ки толибилмон маҳорату истеъдоди худро дар доираи шартҳои озмун, масалан, посух ба суолнома, интихоби бошишгоҳи саҳроӣ ва васл кардани хаймаи геологӣ, донистани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, ташхиси минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ, шустани таҳшинҳо, гидрогеология, палеонтология, нафту газ, хатсайри геологӣ, буриши геологӣ, инчунин озмунҳо оид ба ёдгориҳои табиии геологӣ, ҳимояи ҳисоботи геологӣ, расм ва аксҳои маводи аз санг сохташуда бо шиори «Геология ва мо» бисанҷанд. Ғолибони озмун аз ҷониби саридора бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ ва аз байни иштирокчиён беҳтаринҳо барои таъсиси тими ҳаштуми геологҳои ҷавони Тоҷикистон бо номи «Кристалл» интихоб карда мешаванд. Тимҳои қаблан таъсисёфта дар олимпиадаҳои соҳавии Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳрҳои Қазон ва Тюмени Федератсияи Русия ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи шахси масъули Слёти геологҳои ҷавон Дилфуза Юнусова, Слёти 7 - уми геологҳои ҷавони Тоҷикистон бахшида ба 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2016 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар истироҳатгоҳи «Саодат» таҳти сарпарастии Саридораи геология баргузор гардида буд. Муҳим он аст, ки бо ҷалби насли наврас ва ҷавонон ба соҳаи геология муносибати  онҳо ба табиат, ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва аз ҳама муҳим муҳаббат ба Ватани хеш комилан тағйир ёфта истодааст. Дар замони шӯравӣ низ чунин чорабиниҳо гузаронда мешуданд ва натиҷаҳои назаррас ҳам доданд. Дар соҳа кадрҳои ҷавони лаёқатманд гирд омада, аксари онҳо мутахассисони варзидаи соҳа гардиданд.  Аз ин лиҳоз, Саридораи геология тасмим гирифт, ки бо идомаи иқдоми мазкур дар тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи геология мусоидат намояд. Ҳоло ки рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба рушди соҳаи геология, хусусан саноати кӯҳӣ вобаста аст, омӯзиши қаъри замин ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби геологони ҷавон ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар робита ба ин масъала суханони Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба мавриданд, ки гуфтаанд: «Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯйи Замин, кишвари ганҷҳои нокушодаву табиати худодод аст. Мову шумо, бемуболиға, дар болои ганҷ қарор дорем ва ҷоиз нест, ки минбаъд муҳтоҷу дастнигари дигарон бошем».
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 688

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед