logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. ҲОЛИ ТАБОҲИ БИНОИ ҶАМОАТИ "ВАТАН"

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагиҳо дар шаҳру навоҳӣ авҷ гирифта, бо сохта шудани биноҳои зебои хуштарҳ  ва обод гардидани иншооти аз аҳди шӯравӣ меросмонда симои маҳалҳои аҳолинишин дигаргун гаштааст.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Фархор солҳои охир   иншооти зиёди ёрирасону хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳусни шаҳраку деҳот афзуда, ҷойҳои нави кор таъсис ёфтанд ва шаҳрвандон бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.  
Аммо бинои Ҷамоати деҳоти «Ватан» яке аз он биноҳоест, ки солҳои шастуми асри пешин бунёд ёфта, айни замон аз бепарвоии масъулони ноҳия солҳои зиёд аст, ки рӯи таъмири ҷориро надидааст ва дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Утоқҳои корӣ хеле хурд буда, мизу курсиҳо ва аксар ашёи кор, куҳнаю корношояманд. Деворҳои бино ҳарҷо - ҳарҷо кафида, бинандаро дар ҳайрат мегузорад.  Аҷиб, ки кормандони ҷамоат дар чунин як бинои садамавӣ фаъолият доранд. Ҷамоати деҳоти «Ватан» дар байни нуҳ ҷамоати дигари ноҳия калонтарин ва сераҳолитарин  маҳсуб меёбад. Он қариб 25 ҳазор аҳолӣ дорад ва то ҳол як бинои валангор ба мардум хизмат мерасонад. Дар маҷлисгоҳи бино ҳамагӣ 15 ҷои нишаст мавҷуд аст, ки ҳатто барои раисони маҳаллаҳо басандагӣ намекунад. Дар шафати бинои ҷамоат маркази савдо, сехи кафшергарӣ, литсейи № 2 - и ноҳия, беморхона ва китобхонаи марказии ҷамоат қомат афрохтаанд.
Ба гуфтаи Раҳматхӯҷа Камолзода, муовини раиси ноҳия, бинои Ҷамоати деҳоти «Ватан» дар асоси нақша то соли 2020 аз нав сохта мешавад.  Аммо барои сохтмону таъмири бино ҳанӯз чорае дида нашудааст.
Ҷамшед Ёров, сокини ҷамоат,  дар ин бора чунин изҳор дошт:
- Аксар меҳмонон аз дигар манотиқи кишвар, вақте ба ин ҷо ташриф меоранд, ба идораи ҷамоат будани ин бино бовар намекунанд. Ҳар сол ду - се нафар гӯё биноро таъмир менамоянд. Борҳо аз набудани боғчаи кӯдакон, клуби фарҳангӣ ва толори варзиш ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намудем, вале сад афсӯс, ки касе ба сухани мо гӯш надод. Кай соҳиби бинои наву замонавӣ шудани кормандони ҷамоат низ номаълум аст. Ин ҳол боз чӣ қадар вақт давом меёфта бошад?
Раҳматулло КАРИМЗОДА,  ноҳияи Фархор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 873

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед