logo

сиёсат

САЗОВОРИ БОВАРӢ БОШЕМ

Дар тақвими кишвари мо 20 март – Рӯзи зиёиён сабт гардидааст. Чунин як рӯзро, ки пеш аз Наврӯзи оламафрӯз мебошад, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин қишри ҷомеа муносиб донистааст. Ба чунин иқдоми шоиста дар таърихи мамлакат ҳеҷ сарваре пеш аз ӯ рӯ наоварда буд.
Агар ба хотир биёрем, пеши назар меояд, ки пештар, хоса то замони соҳибистиқлолии кишвар танҳо бархе аз зиёиён ҷасорат пайдо мекарданду дар назди сарварони вақт масъалаҳои муҳими ҳалталабро ба мушкилоти зиёд ба миён мегузоштанд. Дар натиҷа ин масъалаҳо на танҳо ҳал намегардиданд, балки бо роҳҳои гуногун ин зиёиён мавриди фишорҳои махсус қарор мегирифтанд. Мақсад аз ин фишорҳо он буд, ки дигар  зиёиён муҳри хамӯшӣ бар лаб бизананду дар пешниҳодҳо, агар ҳам судбахшанд, ҷасорат пайдо накунанд. Ҳолиё Сарвари давлат ин гуна масъалаҳоро  худ дар назди зиёиён мегузорад ва ҳалли онҳоро дастаҷамъона тақозо мекунад. Бо ин роҳ, албатта, ин қишри ҷомеаро водор месозад, ки дар шинохти мушкилот, махсусан мушкилоти ҷаҳони муосир пешгом, масъул ва ҳамеша огоҳ бошанд. Сарвари давлат дар ин маврид ба таърихи гузаштаи кишвар рӯ меорад ва нақши зиёиёнро дар он рӯзгори басо мураккаб, ки асолати миллӣ ва фарҳангиро шинохтаву ҳифз намудаанд, ёдовар мешавад. Омӯзишу донистани таърихи миллат ба таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат ба он хотир аст, ки бидонем он абармардони саҳнаи пайкори сиёсату фарҳанги миллӣ чӣ гуна ҷасурона муборизаҳо бурдаанд.
Дуруст аст, ки «Миллати тоҷик, ки дар тӯли асрҳо аз омӯзиши таъриху фарҳанги бостонии хеш дар канор монда буд, баъди истиқлолият ба омӯзиши давраҳои давлатдории қадим ва наваш ниёзи бештар пайдо кард. Зеро баррасиву таҳқиқи сарнавишти ибратомӯзи ниёгон ва донистани таърихи Меҳан, бигзор талху пурфоҷиа ҳам бошад, инчунин сабақ гирифтан аз иштибоҳоти гузашта миллати моро бедору огоҳ, зираку ватандӯст ва пухтаву дурандеш месозад.»
Пешвои миллат худ  чун зиёии асил на танҳо масъалаҳои муҳимтаринро ба миён мегузорад, балки барои ҳалли онҳо пешниҳодҳои дурусту муфид низ менамояд. Мебинем, мушоҳида мекунем ва хулоса мебарорем, ки дар мавриди иҷрои онҳо аз беҳтарин усулҳо истифода мекунад. Чунин усулҳо, бояд иқрор шавем, ки дар хотири ҳеҷ зиёие ҷуз ӯ роҳ наёфта буд. Пешвои миллат таҷлили ҷашнҳои шаҳрҳои бостонии кишварро ба миён гузошт. Дар натиҷа мардум ба тадриҷ ба омӯзиши таърихи онҳо бе мушкилӣ  даст ёфтанд. Ба ин васила гӯшаҳои ватанамон бо навбат обод ва дорои биноҳои маъмурӣ, фарҳангию тиҷоратӣ гардиданд. Ба ҷуз ин, бо осори беназири фарҳангу таърихи миллат, ки гувоҳи раднопазири тамаддуни миллати куҳанбунёди мо маҳсуб мешаванд, беш аз ҳама ифтихор менамояд. Ба хотири он, ки миллат дар ҳамин рӯҳия тарбия биёбад, моҳияти онро бисёр дақиқу дуруст ва зебову фаҳмо баён медорад: «Осори куҳан ва ёдгориҳои таърихӣ забони гӯёи фарҳанги миллат мебошад. Қарзи мову шумост, ки ин гуна осори нодири фарҳангиро ҷустуҷӯву пайдо намоем, онҳоро ҳифз намоем, омӯзем, омӯзонем ва барои болоравии сатҳи умумии маърифату эҳсоси худшиносии миллӣ истифода барем.»
Ба ғайр аз ин ҳама, бо ташаббусу иқдоми бевоситаи ӯ ҳамасола ҷашнҳои шахсиятҳои барӯманди миллат, ки дар рушди илму фарҳанги он саҳми чашмрас гирифтаанд, доир мегарданд. Албатта, ба ин ҳама хидматҳои арзандаву мондагор иктифо намекунад ва рисолати худро чун зиёии асил дар таълифи асарҳои пурарзиши таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ медонад. Ин асарҳо на танҳо моро ба гузаштаи худ бештару беҳтар ошно сохт, балки чун беҳтарин дастурҳову раҳнамоҳо хидмат карданд ва дар худшиносии ҷомеа саҳми асосиро гирифтанд.
Боиси ифтихори мо – омӯзгорон аст, ки Сарвари давлат ҷиҳати рушди кишвар, пойдории сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ ба таъкид изҳор медорад, ки пеш аз ҳама, ба мо такя мекунад. Инчунин, дар ин маврид моро равшанфикрони пешқадам медонаду мехонад.
Пас, мо бояд рисолати хешро бисёр хуб дарёбем ва дар иҷрои вазифаҳоямон масъулияти бештару беҳтар эҳсос бинамоем. Воқеан, маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст аз иҷрои вазифаҳои муайянгардида баромада метавонанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки чунин омӯзгоронро тайёр бинамоем ва ҳам савияи донишу таҷрибаи худро бо талаботи ҷаҳони муосир баланд бибардорем, аз беҳтарин усулҳои таълим истифода бикунем.
Барои ин бояд бо садоқату дили пок ҳама неру, донишу таҷрибаамонро ҷиҳати рушду ободонии Тоҷикистони азиз ва таъриху фарҳанги миллӣ равона бисозем.  
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2017    №: 55    Мутолиа карданд: 795

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед